Ошкорсозӣ 2:1-29
2 Ба фариштаи+ ҷамоати Эфсӯс+ бинавис: “Оне, ки дар дасти росташ ҳафт ситора дорад ва дар миёни ҳафт чароғпояи тиллоӣ+ роҳ меравад, чунин мегӯяд:
2 “Ман корҳои ту ва меҳнату истодагии туро медонам, ҳамчунин онро, ки ту тобу тоқати одамони бадро надорӣ ва касонеро, ки худро расул меноманду+ чунин нестанд, озмуда, дурӯғгӯй будани онҳоро фаҳмидӣ.
3 Ту истодагарӣ мекунӣ ва аз барои номи ман+ бисёр чизҳоро аз сар гузарондаиву хаста нашудаӣ.+
4 Аммо камбудии ту дар он аст, ки муҳаббати аввалаат сард гаштааст.
5 Бинобар ин ба ёд ор, ки чиро тарк кардаӣ ва тавба карда,+ корҳоеро ба ҷо овар, ки дар аввал мекардӣ. Агар тавба накунӣ,+ ман наздат омада, чароғпояи+ туро аз ҷояш дур мекунам.
6 Вале ин корат хуб аст, ки ту аз корҳои мазҳаби* Николос+ нафрат мекунӣ, чуноне ки ман низ нафрат дорам.
7 Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бигзор бишнавад, ки рӯҳ ба ҷамоатҳо чӣ мегӯяд:+ “Ба касе, ки ғолиб меояд,+ иҷозат медиҳам, то аз меваи дарахти ҳаёт,+ ки дар биҳишти Худост, бихӯрад”.
8 Ба фариштаи ҷамоати Исмирно бинавис: “Оне, ки “Аввалин ва Охирин”+ аст ва мурда буду зинда шуд,+ чунин мегӯяд:
9 “Ман азобҳои ту ва камбағалии туро медонам, ҳол он ки ту бой ҳастӣ.+ Ман ҳамчунин аз куфргӯйии онҳое, ки худро яҳудӣ меноманду дар асл чунин нестанд, балки ибодатхонаи Шайтонанд,+ хабардорам.
10 Аз азобҳое, ки ба сарат меоянд, натарс.+ Иблис баъзеи шуморо ба зиндон мепартояд, то пурра озмуда шавед, ва шумо даҳ рӯз азоб мекашед. Вале то дами марг содиқ бимон ва ман ба ту тоҷи ҳаёт медиҳам.+
11 Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бигзор бишнавад,+ ки рӯҳ ба ҷамоатҳо чӣ мегӯяд: “Касе, ки ғолиб меояд,+ ҳаргиз аз марги дуюм зарар намебинад”.+
12 Ба фариштаи ҷамоати Парғомус бинавис: “Оне, ки шамшери дудамаи тезу дароз+ дорад, чунин мегӯяд:
13 “Ман медонам, ки ту дар ҷое зиндагӣ мекунӣ, ки тахти Шайтон дар он ҷост, ва бо вуҷуди ин ту ба номи ман маҳкам часпидаӣ.+ Ҳамчунин медонам, ки ҳатто дар рӯзҳои шоҳиди вафодорам+ Антипас, ки дар шаҳри шумо, дар ҷойгоҳи Шайтон, кушта шуд,+ ба ман имон доштанатро инкор накардаӣ.+
14 Аммо дар ту чанд айбе мебинам: дар байнат касоне ҳастанд, ки таълими Билъомро+ пайравӣ мекунанд. Ӯ ба Болоқ+ ёд дода буд, ки дар сари роҳи писарони Исроил монеа гузорад, то онҳо аз қурбонии бутҳо бихӯранд ва ба зино* даст зананд.+
15 Ҳамчунин дар миёни ту касоне ҳастанд, ки таълимоти мазҳаби* Николосро+ пайравӣ мекунанд.
16 Пас, тавба кун, агар накунӣ, ба зудӣ назди ту омада, бо шамшери дарозе, ки аз даҳонам мебарояд, бо он касон меҷангам.+
17 Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бигзор бишнавад, ки рӯҳ ба ҷамоатҳо чӣ мегӯяд:+ “Ба касе, ки ғолиб меояд,+ аз манни ниҳонӣ+ ва сангчаи сафеде медиҳам. Дар он санг номи наве навишта шудааст, ки ҳеҷ кас онро намедонад, ғайр аз касе, ки вайро ба даст меорад”.
18 Ҳамчунин ба фариштаи ҷамоати Тиётира+ бинавис: “Писари Худо*, ки чашмонаш мисли алангаи оташ+ ва пойҳояш мисли миси тоза аст,+ чунин мегӯяд:
19 “Корҳо, муҳаббат, имон, хизмат ва истодагарии туро медонам, ҳамчунин медонам, ки корҳои охиринат аз корҳои аввалаат бузургтаранд.
20 Аммо камбудии ту дар он аст, ки ту ин зан — Изобалро,+ тоқат мекунӣ. Ӯ худро пайғамбар номида, ғуломони маро таълим медиҳад ва гумроҳ месозад, то онҳо зинокорӣ* кунанд+ ва аз қурбонии бутҳо бихӯранд.
21 Ман барои тавба ба ӯ вақт додам, вале ӯ аз зинокорияш* тавба кардан нахост.
22 Бинобар ин ӯро ба бистари беморӣ мепартоям ва касонеро, ки бо ӯ зино мекунанд, агар тавба накарда, мисли ӯ рафтор кунанд, ба азоби азиме гирифтор месозам
23 ва фарзандони ӯро бо касалиҳои марговар мекушам. Он гоҳ тамоми ҷамоатҳо мефаҳманд, ки ман дилҳову андешаҳои ниҳонро* месанҷам. Ман ба ҳар яки шумо мувофиқи амалатон подош медиҳам.+
24 Вале ба боқимондагони шумо, ки дар Тиётира мебошанд, ба ҳамаи онҳое, ки таълимоти Изобалро пайравӣ намекунанд ва аз чизҳое, ки “сирҳои ниҳони Шайтон”+ меноманд, хабар надоранд, чунин мегӯям: “Бар дӯши шумо бори дигаре намегузорам,
25 фақат ин ки, то вақти омаданам чизҳои доштаатонро маҳкам нигоҳ доред.+
26 Ба касе, ки ғолиб меояд ва то охир маро пайравӣ мекунад, қудрат медиҳам, то бар халқҳо ҳукмронӣ кунад,+
27 чи тавре ки Падар ба ман қудрат додааст. Чунин шахс халқҳоро бо асои оҳанин чӯпонӣ мекунад,+ то онҳо мисли зарфи сафолин шикаста, пора-пора гарданд.
28 Ман ҳамчунин ба ӯ ситораи субҳро медиҳам.+
29 Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бигзор бишнавад, ки рӯҳ ба ҷамоатҳо чӣ мегӯяд”.
Поварақҳо
^ Ё «фирқаи; бидъати (сектаи)».
^ Ё «фирқаи; бидъати (сектаи)».
^ Дар матни асл «гурдаҳоро».