Ошкорсозӣ 6:1-17

  • Барра шаш муҳри аввалро мекушояд (1–17)

    • Савори аспи сафед (1, 2)

    • Савори аспи сурх сулҳро аз замин мегирад (3, 4)

    • Савори аспи сиёҳ гушнагӣ меорад (5, 6)

    • Савори аспи рангпарида Марг ном дорад (7, 8)

    • Куштагон дар таги қурбонгоҳ (9–11)

    • Заминҷунбии сахт (12–17)

6  Ман дидам, ки Барра+ аз ҳафт муҳр якеро кушод,+ ва шунидам, ки яке аз он чор ҷонзод+ бо овози раъдмонанде чунин гуфт: «Биё!»  Он гоҳ ман аспи сафед+ ва савори онро дидам, ки дар даст камон дошт. Ба он аспсавор тоҷ дода шуд+ ва ӯ ғалабакунон баромад, то ки ғолиб ояд.+  Вақте Барра муҳри дуюмро кушод, шунидам, ки ҷонзоди дуюм+ чунин гуфт: «Биё!»  Он гоҳ аспи дигаре берун омад, ки сурх буд. Ба савори он иҷозат дода шуд, ки сулҳу осоиштагиро аз замин бигирад, то одамон якдигарро бикушанд. Ба он савора шамшери калоне дода шуд.+  Вақте ӯ муҳри сеюмро кушод,+ шунидам, ки ҷонзоди сеюм+ чунин гуфт: «Биё!» Он гоҳ ман аспи сиёҳ ва савори онро дидам, ки дар даст тарозуе дошт.  Сипас аз миёни он чор ҷонзод чизеро ба монанди овозе шунидам, ки мегуфт: «Як андоза* гандум ба як динор*+ ва се андоза ҷав ба як динор; захираҳои равғани зайтун ва шаробро эҳтиёт кун».+  Вақте ӯ муҳри чорумро кушод, шунидам, ки ҷонзоди чорум+ чунин гуфт: «Биё!»  Он гоҳ ман аспи рангпарида ва савори онро дидам, ки Марг ном дошт, ва Гӯр* аз пайи ӯ равона буд. Ба онҳо бар чоряки замин қудрат дода шуд, то одамонро бо шамшери дароз, гушнагӣ,+ касалиҳои марговар ва ҳайвонҳои ваҳшӣ бикушанд.+  Вақте ӯ муҳри панҷумро кушод, ман дар таги қурбонгоҳ+ ҷонҳои*+ касонеро дидам, ки барои каломи Худо ва шаҳодат доданашон кушта шуда буданд.+ 10  Онҳо бо овози баланд фарёд зада гуфтанд: «Парвардигоро, эй Худои Пок ва Ҳақ,+ то ба кай сокинони заминро доварӣ намекунӣ ва аз онҳо барои хуни мо қасос намегирӣ?»+ 11  Ба ҳар яки онҳо либоси дарози сафед дода шуд+ ва гуфта шуд, ки боз каме интизор шаванд, то даме ки шумораи ҳамхизматону бародарони онҳо, ки мисли онҳо кушта мешаванд, пур гардад.+ 12  Ҳангоме ки Барра муҳри шашумро кушод, дидам, ки заминҷунбии сахте шуд. Офтоб мисли палоси сиёҳ* торик гашту моҳтоб пурра мисли хун шуд+ 13  ва ситораҳои осмон ба замин афтоданд, чуноне ки меваҳои хоми анҷир аз вазидани шамоли сахт мерезанд. 14  Осмон чун дастхат печонида шуду+ нопадид гашт+ ва ҳар кӯҳу ҳар ҷазира аз ҷояш ҷунбонда шуд. 15  Он гоҳ подшоҳони замин, мансабдорон, мириҳазорон, сарватдорон, пурзӯрон ва ҳамаи ғуломону одамони озод дар ғорҳо ва дар байни харсангҳои кӯҳҳо пинҳон шуданд.+ 16  Онҳо ба кӯҳҳо ва харсангҳо гуфтан гирифтанд: «Бар мо биафтед+ ва моро аз пеши назари Нишинандаи тахт+ ва аз ғазаби Барра+ пинҳон кунед, 17  зеро ки рӯзи бузурги ғазаби онҳо омадааст+ ва кӣ метавонад истодагарӣ кунад?»+

Поварақҳо

Юн. «хоиникс». Ин воҳид тахминан ба 0,7 кг баробар буд. Ниг. ба Замимаи Б14.
Юн. «ҳадес». Ниг. ба луғат, ба калимаи «гӯр».
Аз афташ, ин ҷо калимаи «ҷон» ба хуне ишора мекунад, ки дар таги қурбонгоҳ рехта шудааст. Ниг. ба луғат, ба калимаи «ҷон».
Дар матни асл «пашмин». Эҳтимол, палоси аз пашми буз бофташуда.