Пандгӯ 1:1-18
1 Суханони пандгӯ*,+ писари Довуд, подшоҳи Ерусалим.+
2 «Ҳеҷу пуч аст! — мегӯяд пандгӯ,—Ҳеҷу пуч аст! Ҳама чиз ҳеҷу пуч аст!»+
3 Аз заҳмате, ки одам мекашад, ба ӯ чӣ фоидаВа аз тамоми меҳнате, ки зери осмон мекунад, чӣ суд?+
4 Насле меравад ва насле меояд,Аммо замин то абад пойдор аст.+
5 Офтоб мебарояду мешинадВа ба маконе мешитобад, ки боз аз он мебарояд.+
6 Бод сӯйи ҷануб мевазад ва сӯйи шимол тоб мехӯрад,Он гаштаву баргашта тоб мехӯрад;Бод пайваста чарх мезанад.
7 Ҳамаи ҷӯйҳо сӯйи баҳр ҷорӣ мешаванд, вале баҳр пур намешавад.+
Онҳо ба маконе, ки аз он ҷорӣ гаштанд, бармегарданд, то аз нав ҷорӣ шаванд.+
8 Ҳама чиз дилгиркунанда аст,Ҳамаашро гуфта намешавад.
Чашм аз диданВа гӯш аз шунидан сер намегардад.
9 Чизе буд, боз ҳамон мешавад,Корҳое, ки карда шуд, боз такрор мешаванд.
Дар зери осмон чизи наве нест.+
10 Оё чизе ҳаст, ки дар борааш гӯянд:«Бубинед, ин чизи нав аст»?
Ҳама чиз аз қадим вуҷуд доштВа пеш аз мо пайдо шуд.
11 Гузаштагонро касе ба ёд намеорадВа касонеро, ки дар оянда ба дунё меоянд, ба хотир нахоҳанд овард.
Ҳамчунин насле, ки баъдашон меояд, онҳоро ба ёд нахоҳад овард.+
12 Ман, пандгӯ, дар Ерусалим бар Исроил подшоҳ будам.+
13 Ман хирадамро+ ба кор бурда, аз пайи тафтишу омӯзиши ҳар кори зери осмон шудам+ — корҳои ғамангезе, ки Худо ба фарзандони одам додааст.
14 Ҳар кореро, ки дар зери осмон карда мешавад, дидам,Инак, ҳамааш ҳеҷу пуч ва аз паси шамол давидан* аст.+
15 Он чиро каҷ аст, рост кардан номумкин астВа он чиро, ки нест, ҳисоб карда намешавад.
16 Он гоҳ дар дил гуфтам: «Ман бештар аз ҳар касе, ки пеш аз ман дар Ерусалим буд, хирад ба даст овардам+ ва дилам аз хираду дониши зиёд огоҳ шуд».+
17 Ман аз пайи донистани хирад ва девонагию беақлӣ шудам+ ва фаҳмидам, ки ин ҳам аз паси шамол давидан* будааст,
18 Зеро хиради бисёр андуҳи бисёр меорадВа ҳар кӣ донишро зиёд гардонад, ғаму дардашро зиёд мегардонад.+