Пандгӯ 7:1-29
7 Номи нек беҳ аз равғани хушсифат+ ва рӯзи марг беҳ аз рӯзи таваллуд.
2 Рафтан ба азохона беҳ аз рафтан ба тарабхона,+ зеро оқибати ҳар як инсон марг аст ва зиндаҳо бояд инро дар ёд дошта бошанд.
3 Андуҳ беҳ аз ханда аст,+ зеро чеҳраи ғамгин дилро зеботар мегардонад*.+
4 Дили хирадманд дар азохона аст, аммо дили аблаҳ дар тарабхона.+
5 Шунидани танбеҳи хирадманд беҳ+ аз шунидани суруди аблаҳон,
6 зеро хандаи аблаҳ мисли хори таги дегест, ки чарс-чарс карда месӯзад.+ Ин ҳам ҳеҷу пуч аст.
7 Ҷабру ситам ақли хирадмандро торик месозад ва порахӯрӣ дилро вайрон мекунад.+
8 Анҷоми кор беҳ аз оғози он. Пурсабрӣ беҳ аз ҳавобаландӣ.+
9 Зудранҷ набош,+ зеро ранҷиш дар синаи аблаҳон ҷойгир аст*.+
10 Нагӯй, ки «Чаро рӯзҳои пештара аз ҳозира беҳтар буданд?», зеро ин аз рӯйи хирад нест.+
11 Хираду мерос якҷоя бошанд, хуб аст ва ба зиндагон* фоида меоранд,
12 зеро хирад мисли пул+ пушту паноҳ аст,+ вале бартарии дониш, бартарии хирад, ин аст, ки ба соҳибонаш ҳаёт мебахшад.+
13 Ба корҳои Худо назар андоз, зеро кӣ метавонад чизеро, ки ӯ каҷ кардааст, рост кунад?+
14 Дар рӯзи хуб шодӣ кун,+ аммо дар рӯзи бад фаромӯш накун, ки ҳар дуро Худо додааст,+ ба тавре ки одамизод дилпур нест, ки оянда бо вай чӣ мешавад.+
15 Дар давоми умри ҳеҷу пучам+ ҳама чизро дидам: аз росткоре, ки бо вуҷуди росткорияш умри кӯтоҳ мебинад,+ то бадкоре, ки бо вуҷуди бадияш умри дароз мебинад.+
16 Аз ҳад зиёд росткор набош+ ва худро аз ҳад зиёд хирадманд нишон надеҳ.+ Чаро худро нобуд созӣ?+
17 Ғарқи бадкорӣ нашав, аҳмақ мабош.+ Чаро барвақт бимирӣ?+
18 Хуб аст, ки ба огоҳии якум гӯш диҳӣ ва дуюмро низ фаромӯш накунӣ,+ зеро шахси худотарс ба ҳар ду диққат медиҳад.
19 Хирад соҳибашро аз даҳ марди боқудрати шаҳр пурзӯртар мегардонад.+
20 Охир, дар рӯйи замин росткоре нест, ки ҳамеша некӣ кунаду ба гуноҳе даст назанад.+
21 Ҳар суханеро, ки одамон мегӯянд, ба дил нагир,+ то бадгӯйии ғуломатро нашунавӣ*,
22 зеро ту нағз медонӣ, ки худат низ борҳои зиёд дар ҳаққи дигарон бадгӯйӣ намудаӣ.+
23 Ҳамаи инро бо хирад озмудам ва гуфтам: «Хирадманд мегардам», аммо ин аз қувватам берун буд.
24 Он чизе, ки ҳаст, дастнорас ва бетаг аст. Кист, ки онро фаҳмида тавонад?+
25 Ман аз пайи он шудам, ки хирадро ҷустуҷӯ кунаму биёбам, сабаби ҳар як чизро бифаҳмам ва бадии аблаҳиву аҳмақии девонагиро дарк кунам.+
26 Ман инро дарёфтам: талхтар аз марг занест, ки мисли тӯри шикорчист, зане, ки дилаш мисли тӯри сайёд ва дастонаш мисли занҷири зиндон аст. Касе, ки писанди Худост, аз ӯ раҳо меёбад,+ вале гунаҳкор ба доми ӯ меафтад.+
27 Пандгӯ+ мегӯяд: «Бубинед, ки ҳама чизро якояк тафтиш карда, ба чӣ хулоса омадам,
28 ман он чизеро, ки ин қадар мекофтам, наёфтам. Як мардро* аз байни ҳазор мард ёфтам, аммо занеро аз байни ҳазор зан наёфтам.
29 Танҳо ҳамин чизро ёфтам: Худо одамонро росткор офарид,+ аммо онҳо аз пайи роҳҳои худ шуданд».+
Поварақҳо
^ Ё «дилро сайқал медиҳад».
^ Ё, эҳтимол, «зеро ранҷиш нишонаи аблаҳист».
^ Дар матни асл «касоне, ки нури офтобро мебинанд».
^ Ё «то нашунавӣ, ки ғуломат туро лаънат мекунад».
^ Ё «Як марди росткорро».