Панднома 17:1-28
17 Як пора нони қоқу осоиштагӣ+Беҳ аз хонаи пури гӯшту* ҷанҷол.+
2 Хизматгори боандеша бар писари нанговар ҳукмфармо мешавад,Ӯ дар қатори писарони хӯҷаинаш мерос мегирад.
3 Бӯта* барои нуқра асту кӯра барои тилло,+Яҳува бошад, санҷандаи дилҳост.+
4 Бадкор ба суханони зараровар диққат медиҳадВа фиребгар ба забони фалокатбор гӯш меандозад.+
5 Ҳар кӣ камбағалро масхара кунад, ба Офарандаи ӯ беҳурматӣ мекунад+Ва ҳар кӣ аз бадбахтии дигаре шод шавад, бе ҷазо намемонад.+
6 Тоҷи пиронсолон набераҳоянд,Ҷалоли фарзандон — волидон*.
7 Сухани нек ба аблаҳ намезебад,+Ба ҳоким бошад, забони фиребгар тамоман шоиста нест.+
8 Туҳфа барои соҳибаш мисли санги гаронбаҳост,+Ҳар ҷое равад, он ба вай комёбӣ меорад.+
9 Ҳар кӣ аз гуноҳ чашм пӯшад, ҷӯёи муҳаббат аст,+Аммо касе, ки онро хотиррасон кардан мегирад, дӯстони ҷониро ҷудо месозад.+
10 Як сарзаниш ба оқил бештар кора мекунад,+Назар ба сад қамчин ба аблаҳ.+
11 Бадкор фақат аз пайи исён аст,Вале барои ҷазои ӯ хабаррасони бераҳмро мефиристанд.+
12 Хирси бачагумкардаро бубинӣ беҳтар аст,Аз он ки аблаҳро дар сари аҳмақияш вохӯрӣ.+
13 Ҳар кӣ дар ивази некӣ бадӣ кунад,Бадӣ аз хонааш дур намешавад.+
14 Саршавии ҷанҷол мисли рахна шудани об аст,Пеш аз он ки ҷангу ҷидол сар занад, аз он ҷо бирав.+
15 Он кӣ бадкорро сафед мекунадВа он кӣ росткорро айбдор менамояд+ —Ҳар ду дар назари Яҳува нафратоваранд.
16 Чӣ суд аз он ки аблаҳ хирад ба даст оварда тавонадуХуш надошта бошад?+
17 Дӯст ҳама вақт дӯст медорад,+Ӯ бародарест, ки барои рӯзи сахт зода шудааст.+
18 Беақл дасти паймон медиҳад,Назди ёри худ кафил* мешавад.+
19 Ҳар кӣ ҷанҷолро нағз бинад, гуноҳро дӯст медорад.+
Касе, ки дарвозаҳояшро баланд созад, талабгори шикаст аст.+
20 Каҷдил комёб намегардад+Ва фиребгар ба бало гирифтор мешавад.
21 Ҳар кӣ фарзанди аблаҳ ба дунё орад, дар банди ғам астВа падари фарзанди беақл шодиро намедонад.+
22 Дили шод давои дард аст,+Вале рӯҳи ғамгин қувватро ҷаббида мегирад*.+
23 Бадкор пинҳонӣ* пора мегирад,То адлу инсофро поймол кунад.+
24 Хирад дар рӯ ба рӯйи шахси боҳуш* аст,Вале ҳуши аблаҳ ҳар сӯ парешон мешавад.+
25 Фарзанди бад андуҳи падар астВа ғуссаи онест, ки ӯро зодааст.+
26 Ҷазо додани* росткор хуб нестВа қамчин задани обрӯмандон дуруст нест.
27 Доно суханашро бозмедорад+Ва одами рамузфаҳм* вазнин аст.+
28 Аҳмақ ҳам хап шинад, хирадманд метобадВа касеро, ки лабонашро бандад, боандеша* мешуморанд.
Поварақҳо
^ Ё «гӯшти қурбониҳову».
^ Бӯта — зарфе барои гудохтани баъзе филизҳо (металлҳо).
^ Дар матни асл «падарон».
^ Кафил — он кӣ иҷрои кор ё пардохти чизеро ба ҷойи каси дигар ба зимма мегирад; зомин.
^ Ё «устухонҳоро хушк мекунад».
^ Дар матни асл «аз бағалкиса».
^ Ё «рамузфаҳм; дақиқназар».
^ Ё «Ҷарима кардани».
^ Ё «боҳуш».
^ Ё «рамузфаҳм; боҳуш».