Панднома 20:1-30

  • Аз шароб кас хандахариш мешавад (1)

  • Танбал зимистон шудгор намекунад (4)

  • Андешаҳои одам оби чоҳ аст (5)

  • Сабукфикрона назр кардан хатост (25)

  • Зебоии ҷавонон қуввати онҳост (29)

20  Аз шароб кас хандахариши мардум мешавад+ ва май одамро худсар месозад,+Ҳар кӣ саргарми онҳо шавад, хирадманд нест.+   Ҳайбати шоҳ мисли ғурриши шер аст,+Ҳар кӣ ғазаби ӯро биёрад, бо ҷони худ бозӣ мекунад.+   Аз ҷанҷол дур шудан барои инсон шараф аст,+Вале аҳмақон ба он ҳамроҳ мешаванд.+   Танбал зимистон шудгор намекунад,Аз ин рӯ дар мавсими дарав, вақти нодорӣ, аз дигарон металбад*.+   Андешаҳои* дили одам оби даруни чоҳ аст,Инсони рамузфаҳм* онҳоро кашида мебарорад.   Бисёриҳо лофи меҳру вафо мезананд,Вале кист, ки шахси бовафоро биёбад?   Росткор дар беайбӣ роҳ меравад,+Хушбахтанд фарзандонаш, ки баъд аз ӯ меоянд.+   Вақте подшоҳ бар курсии доварӣ мешинад,+Ӯ ҳар бадиро бо нигоҳи чашмонаш пароканда месозад.+   Магар касе гуфта метавонад:«Ман дили худро пок кардаам,+Аз гуноҳам тоза шудаам»?+ 10  Сангҳои тарозу, ки вазнашон нодуруст бошад, ва андозаҳои дурӯғин —Ҳар ду дар назари Яҳува нафратовар аст.+ 11  Ҳатто кӯдакро аз корҳояш шинохтан мумкин аст,Ки рафтораш поку дуруст аст ё не.+ 12  Гӯши шунаво ва чашми бино —Ҳар ду офаридаи Яҳува аст.+ 13  Ба хоб дил набанд, вагарна қашшоқ мешавӣ,+Чашмонатро кушо ва аз нон сер мешавӣ.+ 14  Харидор мегӯяд: «Нағз нест, нағз нест!»Вале баъд рафта, аз харидаш лоф мезанад.+ 15  Тилло ва марҷони* бисёре ҳаст,Аммо лабҳои доно аз онҳо қиматтар аст.+ 16  Агар шахс кафили* ғарибе шавад,+ либоси ӯро бигир,Агар зомини зани бегона шавад, гаравашро бигир.+ 17  Нони ҳаром* ширин аст,Вале ҳар кӣ онро бихӯрад, даҳонаш аз сангреза пур мешавад.+ 18  Нақшаҳо бо маслиҳат амалӣ мешаванд+Ва ҳангоми ҷанг роҳбарии коршиносонро бояд ҷуст.+ 19  Туҳматгар* сирро фош мекунад,+Пас, бо ғайбатдӯст ҳамнишин нашав. 20  Ҳар кӣ падару модарашро дашном диҳад*,Вақти торикӣ чароғаш хомӯш мешавад.+ 21  Меросе, ки дар аввал бо чашмгуруснагӣ ба даст омадааст,Оқибаташ бобарака нест.+ 22  Нагӯ: «Барои бадӣ қасос мегирам!»+ Ба Яҳува таваккал кун+ ва ӯ туро наҷот медиҳад.+ 23  Сангҳои нодурусти тарозу дар назари Яҳува шумандВа тарозуи дурӯғин хуб нест. 24  Қадамҳои инсонро Яҳува роҳбарӣ мекунад.+ Магар инсон метавонад ба роҳи худ сарфаҳм равад? 25  Сабукфикрона муқаддас хондани чизе+Ва баъди назр кардан* андеша намудан дом аст барои инсон.+ 26  Подшоҳи хирадманд бадкоронро бод карда, ҷудо мекунад+Ва чархи хирманкӯбиро аз болояшон мегузаронад.+ 27  Нафаси инсон чароғи Яҳува аст,Ки ба дилу даруни кас равшанӣ меандозад. 28  Меҳру вафову ростӣ подшоҳро нигаҳбонӣ мекунад,+Меҳру вафо тахти ӯро устувор медорад.+ 29  Зебу зинати ҷавонон қуввати онҳост,+Шукӯҳи пирон мӯйи сафедашон.+ 30  Захми шаллоқ бадиро меронад+Ва латукӯб дилу дарунро тоза мекунад.

Поварақҳо

Ё, эҳтимол, «дар мавсими дарав ҳосил меҷӯяд, вале намеёбад».
Ё «Ниятҳои».
Ё «дақиқназар; дарунбин».
Марҷон — ниг. ба луғат.
Кафил — он кӣ иҷрои кор ё пардохти чизеро ба ҷойи каси дигар ба зимма мегирад; зомин.
Ё «Ноне, ки бо фиреб ба даст омадааст».
Ё «Хабаркаш».
Ё «лаънат хонад».
Назр — ниг. ба луғат.