Панднома 24:1-34

  • Ба бадон ҳасад набар (1)

  • Хона бо хирад бино мешавад (3)

  • Росткор афтад ҳам, мехезад (16)

  • Қасд нагир (29)

  • Хоб камбағалӣ меорад (33, 34)

24  Ба бадон ҳасад набарВа бо онҳо буданро ҳавас накун,+   Зеро дили онҳо дар фикри ситам астВа лабҳояшон аз вайронкорӣ гап мезанад.   Хона* бо хирад бино мешавад+Ва бо рамузфаҳмӣ устувор мегардад.   Бо дониш ҳуҷраҳои онАз ҳар чизи гаронбаҳову дилпазир пур мешавад.+   Хирадманд тавоност+Ва дониш қуввати касро меафзояд.   Ҳангоми ҷанг роҳбарии коршиносонро биҷӯй,+Бо маслиҳатгарони бисёр ғалаба* ба даст меояд.+   Ҳикмат барои аҳмақ дастнорас аст,+Ӯ назди дарвозаи шаҳр гапи гуфтанӣ надорад.   Ҳар кӣ ҳилаҳои бад андешад,Ӯро дар ҳилагарӣ усто меноманд.+   Ниятҳои беақлона парваридан гуноҳ астВа нописанд* дар назари мардум шум аст.+ 10  Агар дар рӯзи сахтӣ дилшикаста шавӣ,Оҷизу нотавон мегардӣ. 11  Касонеро, ки сӯйи аҷалашон мебаранд, халос кунВа онҳоеро, ки сӯйи марг мераванд, боздор.+ 12  Агар бигӯӣ: «Мо аз ин бехабар будем»,Наход Санҷандаи дилҳо инро набинад?+ Охир, Бинандаи ту инро хоҳад донистВа ба ҳар кас аз рӯйи рафтораш мукофот хоҳад дод.+ 13  Писарам, асал бихӯр, чунки он хуб аст,Асали занбӯрхона мазаи ширин дорад. 14  Ба мисли ин, бидон, ки хирад бароят хуб аст.+ Агар онро биёбӣ, оянда пайдо мекунӣВа умедат барбод намеравад.+ 15  Назди хонаи росткор бо нияти бад камин нагирВа оромгоҳи ӯро вайрон накун, 16  Зеро росткор ҳафт бор афтад ҳам, мехезад,+Вале бадкорон ба фалокат бархӯрда чаппа мешаванд.+ 17  Вақте душманат афтад, хурсандӣ накунВа, ҳангоме ки пешпо хӯрад, дилат шод нашавад.+ 18  Вагарна Яҳува инро дида норозӣ мешавадВа Ӯ ғазабашро аз душманат бармегардонад.+ 19  Ба бадкирдорон нигариста, асабӣ нашавВа ба бадкорон ҳасад набар, 20  Зеро бадкирдорон оянда надоранд+Ва чароғи бадкорон хомӯш мешавад.+ 21  Писарам, аз Яҳува ва аз подшоҳ тарсон бош+Ва ба шӯришгарон ҳамроҳ нашав,+ 22  Чунки фалокат ногаҳон ба сарашон меояд.+ Кӣ медонад, он ҳар ду* бар инҳо чӣ балое меоранд?+ 23  Инро низ хирадмандон гуфтаанд: Дар доварӣ касеро ноҳақ тарафдорӣ кардан хуб нест.+ 24  Ҳар кӣ ба бадкор бигӯяд: «Ту росткорӣ»,+Лаънатзадаи мардумон ва бадномзадаи халқҳо мешавад, 25  Вале ҳар кӣ ӯро сарзаниш кунад, некӣ меёбад+Ва хубиву баракатҳо бар сараш меоянд.+ 26  Мардум лабони ростгӯро хоҳанд бӯсид*.+ 27  Кори берунро тамом куну ҳама чиро дар киштзор омода созВа баъд хонаи* худро бино кун. 28  Бар зидди ёрат беасос шоҳидӣ надеҳ,+Лабонатро барои фиреби дигарон кор нафармо.+ 29  Нагӯй: «Чи хеле вай бо ман кард, ман ҳам бо вай ҳамон хел мекунам,Ҳисобамро бо ӯ баробар месозам».+ 30  Аз пеши киштзори танбал гузаштам,+Аз назди токзори шахси бефаҳм: 31  Дидам, ки онро алафи бегона зер кардааст,Заминаш пур аз газна* шудаастВа девори сангинаш вайрон гаштааст.+ 32  Ба ин диққат кардаму адаб омӯхтам,Инро дидаму дарси ибрат гирифтам: 33  Андак хоб, андак ғанаб,Андак даст дар бағал хобидан 34  Ва камбағалии ту мисли роҳзануМуҳтоҷият мисли силоҳдоре меояд.+

Поварақҳо

Ё «Хонадон».
Ё «наҷот».
Ё «масхарагар».
Яъне Яҳува ва подшоҳ.
Ё, эҳтимол, «Ҷавоби рост мисли бӯса аст».
Ё «хонаводаи».
Газна — алафи газанда, анҷура, сӯзонкаҳ.