Румиён 11:1-36
11 Пас, магар Худо халқашро рад кардааст?+ Не, албатта! Охир, ман ҳам исроилӣ, аз насли Иброҳим, аз қабилаи Бинёмин ҳастам.
2 Худо халқи худро, ки ба он аз аввал назар карда буд, рад накардааст.+ Наход надонед, ки Навиштаҳо дар бораи пайғамбар Илёс чӣ мегӯянд? Ӯ ба Худо аз Исроил шикоят карда гуфт:
3 «Яҳува, онҳо пайғамбаронатро куштанд, қурбонгоҳҳоятро вайрон карданд, танҳо ман мондаам ва акнун онҳо қасди ҷони маро доранд».+
4 Вале Худо ба ӯ чӣ ҷавоб дод? «Ман 7000 нафареро, ки дар пеши Баал зону назадаанд,+ барои худ нигоҳ доштам».
5 Ба монанди ин, дар замони ҳозира низ аз халқи Исроил бақияе мондааст,+ ки Худо лутфи беандоза карда, онҳоро интихоб намудааст.
6 Агар интихоб аз рӯйи лутфу марҳамат бошад,+ пас, он дигар дар асоси амали шахс нест,+ дар акси ҳол он лутфу марҳамат намебуд.
7 Пас, чӣ гӯем? Исроил чизеро, ки бо ҷидду ҷаҳд меҷӯяд, ба даст наовард, лекин интихобшудагон ба даст оварданд.+ Боқимондаҳо бошанд, дилсахт шуданд,+
8 чи тавре ки навишта шудааст: «Худо бар онҳо рӯҳи хоби гаронро фиристод,+ то чашмонашон набинад ва гӯшҳояшон нашунавад — то ба имрӯз аҳволи онҳо чунин аст».+
9 Довуд низ мегӯяд: «Бигзор дастархонашон барояшон қапқон, дом, санги пешпо ва ҷазое гардад.
10 Илоҳӣ чашмонашон торик гардаду дида натавонанд ва тахтапушташон хам гардаду рост нашавад».+
11 Магар онҳо тавре пешпо хӯрда афтиданд, ки дигар хеста наметавонанд? Албатта, не! Вале қадами нодурусти онҳо ба халқҳои дигар имкон дод, ки наҷот ёбанд, ва ин рашки яҳудиёнро меорад.+
12 Агар қадами нодурусту камшумор гаштанашон барои халқҳои дигар баракат бошад,+ пас, пурра шудани шумораи онҳо то чӣ андоза баракати бештар меорад!
13 Акнун, эй ғайрияҳудиён, ба шумо мегӯям: ман, ки расули халқҳои дигарам,+ хизматамро таърифу тавсиф мекунам,+
14 ба умеди он ки ақаллан бо ҳамин роҳ рашки ҳаммиллатонамро оварда, баъзеяшонро наҷот диҳам.
15 Агар рад шудани онҳо Худоро бо ҷаҳон оштӣ диҳад,+ магар қабул шудани онҳо мисли аз марг ба ҳаёт баргаштан намешавад?
16 Ғайр аз ин, агар зуволаи якуми хамир муқаддас бошад, тамоми хамир муқаддас аст ва, агар реша муқаддас бошад, шохаҳо низ муқаддасанд.
17 Лекин, агар баъзе шохаҳоро шикаста, туро, ки зайтуни ёбоӣ ҳастӣ, дар миёни шохаҳои дарахт пайванд карда бошанд ва ту аз решаи он фоида гирӣ,
18 худро аз шохаҳои шикаста боло нагир. Лекин, агар худро аз онҳо боло гирӣ,+ дар хотир дор, ки на ту решаро ғизо медиҳӣ, балки реша туро.
19 Шояд, ту чунин гӯӣ: «Шохаҳоро шикастанд, то маро пайванд кунанд».+
20 Дуруст мегӯӣ! Онҳо аз пушти беимонии худ шикаста шуданд,+ ту бошӣ, ба хотири имонат устуворӣ.+ Пас, ҳавобаландӣ накун, балки битарс.
21 Агар Худо ба шохаҳои табиӣ раҳм накарда бошад, ба ту низ раҳм намекунад.
22 Бинобар ин дар бораи меҳрубонӣ+ ва сахтгирии Худо андеша кун. Ӯ бо онҳое, ки меафтанд, сахтгир аст,+ лекин ба ту меҳрубон аст, ба шарте ки ту минбаъд низ бикӯшӣ меҳрубонии ӯро сазовор бошӣ; вагарна ту низ бурида мешавӣ.
23 Онҳо низ, агар имон оранд, пайванд мешаванд,+ зеро Худо қодир аст, ки онҳоро боз пайванд кунад.
24 Охир, агар ту аз дарахти зайтуни ёбоӣ бурида шуда, бар хилофи табиат ба зайтуни боғӣ пайванд шуда бошӣ, пас, ба дарахти зайтуни боғӣ пайванд кардани шохаҳои худи он боз ҳам осонтар аст!
25 Эй бародарон, ман намехоҳам, ки шумо аз ин сирри муқаддас+ бехабар монда, дар назари худ хирадманд гардед: қисме аз Исроил дилсахт шуданд ва ин то даме давом мекунад, ки шумораи пурраи одамон аз халқҳои дигар ҷамъ карда шавад.
26 Бо ин роҳ тамоми Исроил+ наҷот меёбад, чи тавре ки навишта шудааст: «Аз Сион халосгар меояд+ ва бадкориро аз хонадони Яъқуб дур мекунад.
27 Вақте гуноҳҳояшонро аз миён бардорам,+ бо онҳо аҳд мебандам».+
28 Бале, онҳо хушхабарро рад карда, душмани Худо гаштанд ва ин ба фоидаи шумо шуд. Аммо ба хотири ваъдае, ки Худо ба бобоёнашон дода буд, баъзеи онҳо аз рӯйи интихоби Худо дӯстони ӯ гаштанд.+
29 Охир, Худо аз атоҳову даъваташ ҳеҷ гоҳ пушаймон намешавад.
30 Шумо як вақтҳо ба Худо беитоат будед,+ вале ҳоло аз сабаби беитоатии яҳудиён+ Худо ба шумо раҳм кард.+
31 Акнун бошад, худи онҳо низ, ки ҳоло беитоатанду аз ин рӯ ба шумо раҳм карда шуд, аз раҳми Худо баҳравар шуда метавонанд.
32 Худо роҳ дод, ки ҳамаи одамон побанди беитоатӣ шаванд,+ то тавонад ба ҳамаи онҳо раҳм кунад.+
33 Чӣ фаровонанд баракатҳои Худо ва чӣ бепоён аст хираду дониши ӯ! Чӣ ақлнорасанд ҳукмҳои ӯ ва даркнопазиранд роҳҳои ӯ!
34 Охир, «кист, ки фикрҳои Яҳуваро дарк карда бошад, ё кист, ки маслиҳатгари ӯ шуда бошад?»+
35 Ё «кист, ки ба Худо чизе дода бошаду акнун ӯ ба вай баргардонад?»+
36 Ҳама чиз аз ӯст, ба воситаи ӯст ва барои ӯст. Ӯро то абад ҷалол бод! Омин.