Румиён 14:1-23

  • Якдигарро танқид накунед (1–12)

  • Дигаронро пешпо надиҳед (13–18)

  • Дар пайи осоиштагӣ ва ягонагӣ бошед (19–23)

14  Шахсеро, ки дар имон сустиҳо дорад,+ қабул кунед ва касонеро, ки ақидаашон аз шумо фарқ дорад,* танқид накунед*.  Имони яке иҷозат медиҳад, ки ҳама чизро хӯрад, вале шахсе, ки заиф аст, фақат сабзавот мехӯрад.  Бигзор касе, ки хӯрдани ҳама чизро барои худ раво медонад, ба касе, ки намехӯрад, ҳавобаландона нигоҳ накунад ва бигзор касе, ки намехӯрад, касеро, ки мехӯрад, танқид накунад*,+ зеро Худо ӯро қабул кардааст.  Ту кистӣ, ки хизматгори каси дигарро танқид кунӣ*?+ Хоҳ ӯ биистад, хоҳ биафтад, кори хӯҷаини ӯст.+ Ӯ ба по мехезад, чунки Яҳува метавонад ӯро ба по хезонад.  Як кас як рӯзро аз рӯзҳои дигар авло медонад,+ каси дигар бошад, ҳама рӯзҳоро баробар медонад;+ бигзор ҳар кас дилпур бошад, ки фикру ақидааш дуруст аст.  Касе, ки ягон рӯзро авло медонад, ба хотири Яҳува чунин мекунад. Касе, ки мехӯрад, барои Яҳува мехӯрад, зеро Худоро шукр гуфта,+ ин корро мекунад. Ҳамчунин касе, ки намехӯрад, барои Яҳува намехӯрад ва ӯ низ Худоро шукр мегӯяд.+  Ҳеҷ яки мо танҳо барои худ зиндагӣ намекунад+ ва ҳеҷ кас танҳо барои худаш намемирад.  Агар зиндагӣ кунем, барои Яҳува зиндагӣ мекунем+ ва, агар бимирем, барои Яҳува мемирем. Пас, хоҳ бизием ва хоҳ бимирем, аз они Яҳува ҳастем.+  Масеҳ барои он мурд ва зинда шуд, ки Сарвари ҳам мурдагону ҳам зиндагон бошад.+ 10  Аммо барои чӣ ту бародари худро танқид мекунӣ*?+ Ё ту низ барои чӣ ба бародарат ҳавобаландона нигоҳ мекунӣ? Охир, ҳамаи мо дар пеши курсии доварии Худо хоҳем истод,+ 11  зеро навишта шудааст: «Ба ҳаёти худ қасам ки,+— мегӯяд Яҳува,— ҳар зону пеши ман хам хоҳад шуд ва ҳар забон ошкоро тан мегирад, ки ман Худо ҳастам».+ 12  Пас, ҳар яки мо дар пеши Худо барои худ ҷавоб медиҳем.+ 13  Барои ҳамин биёед аз ин пас якдигарро танқид накунем*,+ балки ҳушёр бошем, ки бародарамонро пешпо надиҳем ва дар сари роҳаш монеае нагузорем.+ 14  Ман чун пайрави Ҳазратамон Исо медонам ва бовар дорам, ки ҳеҷ чиз худ аз худ нопок нест,+ лекин, агар шахс чизеро нопок ҳисобад, он барояш нопок аст. 15  Агар бародарат аз хӯроки хӯрдаи ту ғамгин шавад, рафтори ту дигар аз рӯйи муҳаббат нест.+ Бо хӯроки худ шахсеро, ки Масеҳ барояш мурдааст, нобуд насоз.+ 16  Пас, аз кардани корҳое, ки хубанд, вале сабаби бадгӯйии шумо шуда метавонанд, даст кашед. 17  Охир, даромадан ба Подшоҳии Худо на ба хӯрдану нӯшидан,+ балки ба росткорӣ, сулҳу осоиштагӣ ва хурсандие, ки аз рӯҳи муқаддас бармеояд, вобаста аст. 18  Ҳар кӣ ба Масеҳ ин тавр хизмат кунад, ба Худо писанд аст ва ҳурмату эҳтироми одамонро ба даст меорад. 19  Пас, биёед аз пайи корҳое бошем, ки сулҳу осоиштагӣ меоранд+ ва ҳар яки моро обод мекунанд.+ 20  Дигар аз пушти хӯрок кори Худоро вайрон накунед.+ Дар асл, ҳама чиз пок аст, лекин, агар хӯрдани ин ё он чиз касеро пешпо диҳад, ин кор зараровар* аст.+ 21  Беҳтараш гӯшт нахӯред, шароб нанӯшед ё ба коре даст назанед, ки бародаратонро пешпо медиҳад.+ 22  Бигзор имони доштаат байни туву Худо бошад. Хушбахт касест, ки худро барои қарораш ҳукм намекунад. 23  Лекин, агар шубҳа дошта бошаду хӯрад, вай аллакай ҳукм шудааст, зеро аз рӯйи имонаш амал намекунад. Бале, ҳар чӣ аз рӯйи имон нест, гуноҳ аст.

Поварақҳо

Ё «ҳукм накунед».
Ё, эҳтимол, «ва дар асоси шубҳаҳое, ки дар дил доред».
Ё «ҳукм накунад».
Ё «ҳукм кунӣ».
Ё «ҳукм мекунӣ».
Ё «ҳукм накунем».
Ё «нодуруст».