Рут 3:1-18

  • Ноомӣ Рутро роҳнамоӣ мекунад (1–4)

  • Рут ва Бӯаз дар хирмангоҳ (5–15)

  • Рут назди Ноомӣ бармегардад (16–18)

3  Ноомӣ ба келинаш гуфт: «Духтарам, акнун ман бояд барои ту сарпаноҳ ёбам,+ то ту орому осуда зиндагӣ кунӣ.  Магар Бӯаз, ки бо канизони ӯ хӯша мечидӣ, хеши мо нест?+ Имшаб ӯ дар хирмангоҳ ҷавро бод мекунад.  Шустушӯ кун ва бар баданат каме равғани атрафшон молида, либосатро пӯш ва ба хирмангоҳ рав. Лекин то хӯрдану нӯшиданро тамом накунад, худро ба ӯ нишон надеҳ.  Вақте ӯ хоб меравад, ҷойи хоби ӯро ба хотир гир. Баъд рафта, либосашро аз рӯйи пояш бигир ва дар поёни пояш хоб кун. Ӯ худаш ба ту мегӯяд, ки баъд чӣ кор кунӣ».  Он гоҳ Рут ҷавоб дод: «Хуб шудааст, ман ҳамаи гуфтаҳоятро иҷро мекунам».  Пас аз ин Рут ба хирмангоҳ рафт ва ҳама чизеро, ки хушдоманаш ба ӯ фармуда буд, ба ҷо овард.  Бӯаз бошад, хӯрду нӯшид ва дилхуш гашт. Сипас ӯ рафта, дар назди тӯдаи ғалла хоб кард. Чанде пас Рут оҳистаяк омад ва либосро аз болои пойи Бӯаз гирифта, дар поёни пояш хоб рафт.  Нисфи шаб Бӯаз ба ларза омада, бедор шуд ва занеро дид, ки дар поёни пояш хоб аст.  Ӯ гуфт: «Ту кистӣ?» Рут ҷавоб дод: «Ман канизи ту — Рут ҳастам. Либоси худро бар канизат паҳн кун, чунки ту товондеҳ+ ҳастӣ». 10  Он гоҳ Бӯаз гуфт: «Яҳува туро баракат диҳад, духтарам. Ин некият аз некии аввалаат бузургтар аст*,+ зеро ту дар байни ҷавонмардони бой ё камбағал барои худ шавҳар накофтӣ. 11  Пас, натарс, духтарам. Ман ҳар он чӣ гуфтӣ, иҷро мекунам,+ зеро дар шаҳр* ҳама медонанд, ки ту зани баору номус ҳастӣ. 12  Ҳарчанд ман, дар ҳақиқат, товондеҳ+ ҳастам, товондеҳи дигаре низ ҳаст, ки ӯ хеши наздиктари шумост.+ 13  Шабро дар ҳамин ҷо рӯз кун. Агар саҳар он мард ба товондиҳӣ розӣ шавад,+ нағз, агар розӣ нашавад, ба номи Яҳува, Худои зинда, қасам ки, ман худам товондеҳ мешавам. То субҳ дар ҳамин ҷо бихоб». 14  Рут то саҳар дар поёни пойи Бӯаз хоб кард ва барвақт бархест, то касе ӯро набинад. Бӯаз гуфт: «Боз касе нафаҳмад, ки зане ба хирмангоҳ омада буд». 15  Ӯ ба Рут гуфт: «Сарандози худро биёр ва онро паҳн кун». Рут сарандозашро овард ва Бӯаз ба он ба андозаи шаш сатили хурд* ҷав рехта, ба вай бор карду худаш ба шаҳр рафт. 16  Вақте Рут ба назди хушдоманаш омад, ӯ пурсид: «Корат чӣ шуд*, духтарам?» Рут аз аввал то охир ба хушдоманаш нақл кард, ки он мард барояш чӣ кор кард. 17  Ӯ боз гуфт: «Вай ба ман шаш сатил ҷав дода, гуфт: “Дасти холӣ ба пеши хушдоманат нарав”». 18  Ноомӣ ба вай гуфт: «Акнун, духтарам, биншин ва интизор шуда бубин, ки оқибати кор чӣ мешавад, чунки ин мард то ин масъаларо имрӯз ҳал накунад, ором намешавад».

Поварақҳо

Ё «Ин дафъа меҳру вафоят аз дафъаи аввал бештар маълум гашт».
Дар матни асл «ҳар дарвозаи халқи ман».
Эҳтимол, 6 сео ё тахминан 44 л. Ниг. ба Замимаи Б14.
Дар матни асл «Ту кистӣ?»