Титус 1:1-16

  • Сарсухан (1–4)

  • Титус бояд дар Крит пиронро таъйин намояд (5–9)

  • Саркашонро сарзаниш кун (10–16)

1  Ман, Павлус — бандаи Худо ва расули Исои Масеҳ*, ки ин номаро менависам, хизматамро мувофиқи имони интихобшудагони Худо ва дониши дақиқи ростӣ ба ҷо меорам. Ин дониш бо худотарсӣ ҳамоҳанг асту  бар умеди ҳаёти ҷовидонӣ асос меёбад+ ва чунин ҳаётро Худо, ки наметавонад дурӯғ гӯяд,+ аз замони қадим ваъда додааст.  Баъдтар ӯ дар вақти худ ба воситаи хушхабар, ки бо амри Наҷотбахшамон Худо ба ман супурда шудааст,+ каломашро маълум сохт.  Ман ин номаро ба Титус, ки фарзанди ҳақиқӣ ва ҳамимони ман аст, менависам: Лутфу осоиштагии Падарамон Худо ва Наҷотбахшамон Исои Масеҳ бо ту бод!  Туро, эй Титус, барои он дар ҷазираи Крит мондам, ки камбудиҳоро ислоҳ кунӣ ва мувофиқи дастуроте, ки аз ман гирифтӣ, дар ҳар шаҳр пиронро таъйин намоӣ.  Мардонеро пир таъйин кун, ки дар онҳо айбе ёфт нашавад, соҳиби як зан бошанд ва фарзандони имондоре дошта бошанд, ки онҳоро чун ишратпарасту саркаш нашиносанд.+  Нозир чун коргузоре, ки Худо таъйин кардааст, бояд беайб бошад, ӯ набояд худсар,+ бадхашм,+ бадмаст, зӯровар* ва аз пайи пулу моли ҳаром бошад,  балки меҳмоннавоз,+ дӯстдори некӣ, солимфикр+ ва росткору вафодор+ бошад, худдорӣ+ карда тавонад,  дар тарзи таълими худ ба паёми ростӣ бичаспад,+ то дигаронро дар асоси таълимоти дуруст* насиҳат* кунад+ ва касони ба он зидро сарзаниш кунад.+ 10  Охир, саркашон, сафсатагӯён ва фиребгарон зиёданд, хусусан онҳое, ки тарафдори хатна ҳастанд.+ 11  Даҳони ин хел одамонро бастан лозим аст, чунки маҳз ҳамин касон аз пайи ризқи ҳаром шуда чизҳои нодаркорро таълим медиҳанду хонаводаҳоро аз роҳ мезананд. 12  Дар бораи онҳо яке аз пайғамбаронашон низ гуфтааст: «Мардуми Крит дурӯғгӯёни ашаддӣ, даррандагони бераҳм ва шикампарастони бекорхӯҷаанд». 13  Ин шаҳодат ҳақ асту рост. Ба ин сабаб минбаъд низ онҳоро бо сахтгирӣ сарзаниш кун, то имонашон солим бошад 14  ва ба қиссаҳои яҳудиёну амрҳои одамоне, ки аз ростӣ дур шудаанд, аҳамият надиҳанд. 15  Барои касони пок ҳама чиз пок аст,+ вале барои касони нопоку беимон ягон чиз пок нест, зеро ҳам ақлу ҳам виҷдонашон нопок гаштааст.+ 16  Онҳо дар пеши ҳама «Худоро мешиносем» мегӯянд, лекин бо корҳои худ ӯро рад мекунанд,+ чунки касони нафратовару беитоатанд ва ба ягон амали хуб кор намеоянд.

Поварақҳо

Масеҳ — ниг. ба луғат.
Ё «муштзӯр».
Ё «солим; фоиданок».
Ё «рӯҳбаланд; ҳавасманд».