Филиппиён 2:1-30
2 Бикӯшед, ки чун пайравони Масеҳ якдигарро рӯҳбаланд кунед, бо муҳаббат тасаллӣ диҳед, ба якдигар ғамхорӣ кунед* ва дар байнатон меҳру дилсӯзӣ бошад.
2 Агар чунин кунед, шодии маро пурра месозед. Якдил бошед, якдигарро дӯст доред, ягонагиро нигоҳ доред ва ҳамфикр бошед.+
3 Ягон корро аз рӯйи ҷангҷӯйӣ+ ё худпарастӣ+ накунед, балки хоксорона дигаронро аз худ боло донед+
4 ва на танҳо дар бораи фоидаи худ,+ балки дар бораи фоидаи дигарон низ фикр кунед.+
5 Ҳамон фикррониеро дошта бошед, ки Исои Масеҳ дошт.+
6 Ҳарчанд ӯ дар сурати Худо буд,+ ҳатто фикри ба мавқеи Худо дастдарозӣ кардан, яъне ба ӯ баробар шуданро, намекард.+
7 Баръакс, ӯ худро аз ҳама чиз маҳрум сохта, ба сурати ғулом даромад+ ва мисли одамон гашт.+
8 Беш аз ин, вақте чун одам омад, худро хоксор гардонд ва итоаткор гашта, ҳатто гирифтори марг шуд,+ гирифтори марг дар сутуни азоб*.+
9 Барои ҳамин Худо ба ӯ мавқеи баланд дод+ ва ба ӯ номе ато кард, ки аз ҳар номи дигар болотар аст,+
10 то ҳар зону пеши номи Исо хам шавад — ҳам дар осмон, ҳам дар замин ва ҳам дар зери замин+ —
11 ва ҳар забон барои ҷалол ёфтани Падарамон Худо ошкоро тан гирад, ки Исои Масеҳ Сарвар аст.+
12 Эй азизонам, шумо ҳама вақт итоаткор будед, на танҳо дар вақти бо шумо буданам, балки боз ҳам бештар дар вақти набуданам. Аз ин рӯ аз шумо хоҳиш мекунам, ки пайваста бо тарсу ларз барои ба даст овардани наҷот саъю кӯшиш кунед.
13 Худо шуморо қавӣ мегардонад ва ба шумо ҳам хоҳишу ҳам қувват медиҳад, то амал карда, ба ӯ писанд оед.
14 Ҳар корро бе шикваю шикоят+ ва бе баҳсу мунозира+ ба ҷо оред,
15 то поку беайб гашта, дар миёни насли каҷраву гунаҳкор,+ ки дар байнашон чун нур дар ҷаҳон медурахшед,+ фарзандони бенуқсони Худо шавед+
16 ва ба каломи ҳаётбахш бичаспед.+ Он гоҳ ман дар рӯзи Масеҳ аз он шодӣ мекунам, ки беҳуда надавидаам ва беҳуда заҳмат накашидаам.
17 Лекин, ҳатто агар бар қурбонӣ+ ва хизмати муқаддас, ки аз рӯйи имон мекунед, чун ҳадияи рехтанӣ рехта шавам,+ ман хурсандам ва бо ҳамаи шумо шодӣ мекунам.
18 Ҳамин тавр шумо низ бояд хурсанд бошед ва бо ман шодӣ кунед.
19 Умедворам, ки, агар хости Ҳазратамон Исо бошад, Тимотиюсро+ ба қарибӣ назди шумо мефиристам, то аз аҳволи шумо хабардор гашта, рӯҳбаланд шавам.
20 Ман каси дигаре надорам, ки феълу табиати ӯро дошта бошад ва дар бораи шумо аз таҳти дил ғамхорӣ кунад.
21 Дигарон дар пайи фоидаи худ ҳастанд, на дар пайи он чизе, ки ба Исои Масеҳ маъқул аст.
22 Аммо шумо медонед, ки Тимотиюс бо ман чун фарзанд+ бо падараш дар паҳн кардани хушхабар хизмат намуд ва чӣ гуна инсон будани худро исбот кард.
23 Аз ин рӯ умедворам, ҳамин ки оқибати корам маълум шавад, ӯро назди шумо мефиристам.
24 Бовар дорам, ки, агар хости Ҳазрат бошад, худам ҳам ба қарибӣ наздатон меоям.+
25 Вале ҳоло лозим медонам, ки Эпафродитусро назди шумо фиристам. Ӯ бародару ҳамкор, сарбози ҳамсафи ман, хабаррасони шумову дастёру ҳоҷатбарори ман аст.+
26 Ӯ ташнаи дидори ҳамаи шумост ва зиқ шуд, ки шумо дар бораи касал шуданаш шунидед.
27 Ҳақиқатан ҳам, вай касал шуда, дар дами марг буд, лекин Худо раҳми ӯро хӯрд ва на танҳо раҳми ӯро, балки раҳми маро низ, то бароям ғам болои ғам нашавад.
28 Аз ин рӯ вайро ҳар чӣ зудтар назди шумо мефиристам, то, вақте ӯро бубинед, дубора хурсанд шавед ва дилам осудатар шавад.
29 Пас, ӯро, чи тавре ки одатан пайравони Ҳазратро қабул мекунед, бо тамоми хурсандӣ пешвоз гиред. Чунин касонро қадрдонӣ кунед,+
30 зеро вай барои кори Масеҳ қариб буд, ки бимирад, ва ҷонашро дар хатар монд, то ҷойи холии шуморо пур карда, ба ман хизмат кунад.+