Шоҳсуруд 1:1-17
1 Шоҳсуруди Сулаймон:+
2 «Маро бо бӯсаҳои лабонат бибӯс,Зеро навозишҳои ту аз шароб беҳтаранд.+
3 Равғанҳои атрафшонат дилпазиранд.+
Номи ту мисли равғани хушбӯйи рехта аст,+Аз ин рӯ духтарон туро дӯст медоранд.
4 Маро бо худ бибар,Биё бигрезем,Зеро подшоҳ маро ба ҳуҷраҳои худ даровард!
Биё ҳамроҳ шодиву хурсандӣ кунем,Навозишҳоятро аз шароб бештар васф кунем.
Онҳо* туро беҳуда дӯст намедоранд.
5 Сабзина ҳам бошам, зебоям, эй духтарони Ерусалим,Мисли хаймаҳои Қедор+ ва чодарҳои+ Сулаймонам.
6 Ба сиёҳтоб буданам нигоҳ накунед,Зеро маро офтоб сӯзондааст.
Писарони модарам аз ман дарғазаб шуданд,Онҳо маро посбони токзорҳо гузоштанд,Вале токзори худро натавонистам нигаҳбонӣ кунам.
7 Эй ҷони ман, ба ман бигӯ,Ки рамаи худро дар куҷо мечаронӣ,+Онҳоро вақти пешин дар куҷо мехобонӣ.
Чаро дар миёни рамаҳои рафиқонат мисли зане бошам,Ки рӯяшро бо чодар* пӯшондааст?»
8 «Эй нозанинтарини занон! Агар инро надонӣ, аз пайи рама биравВа бузғолаҳоятро назди хаймаҳои чӯпонон бичарон».
9 «Эй ҷононаи ман,Туро ба байтале монанд кардам, ки дар миёни аробаҳои фиръавн аст.+
10 Рухсораҳоят бо зебу зинат* дилкаш аст,Гарданат бо муҳра чӣ зебост!
11 Бароят ороише аз тилло месозем,Ки нуқрачинӣ шуда бошад».
12 «Подшоҳ бар сари мизи мудаввар нишастаастуАтри+ ман бӯйи хуш медиҳад.
13 Ёри ман бароям мисли халтачаи мурр аст,+Ки дар миёни синаҳоям шабро рӯз мекунад.
14 Ёри ман бароям мисли бандчаи ҳино+ астДар миёни токзорҳои Эйн-Ҷадӣ».+
15 «Чӣ нозанинӣ, эй ҷононаам!
Чӣ нозанинӣ! Чашмонат мисли чашмони кабӯтар аст».+
16 «Ту нозанинӣ, эй ишқи ман, ту дилпазирӣ.+
Ҷогаҳи мо дар миёни сабзаҳост.
17 Болорҳои хонаи мо аз дарахти сидра аст,Вассаҳоямон аз дарахтони арча.