Шоҳсуруд 2:1-17

  • Ҷавондухтар (1)

    • «Ман як заъфарони одии соҳилам»

  • Чӯпонбача (2)

    • «Ҷононаи ман... мисли савсанест»

  • Ҷавондухтар (3–14)

    • «Муҳаббатро... дар дилам бедор накунед» (7)

    • Ҷавондухтар суханони ёрашро ба ёд меорад (10б–14)

      • «Нозанинам, бо ман биё» (10б, 13)

  • Бародарони духтар (15)

    • «Рӯбоҳҳоро қапед»

  • Ҷавондухтар (16, 17)

    • «Дилдорам аз ман асту ман аз они ӯ» (16)

2  Ман як заъфарони одии соҳилВа савсани водиҳоям».+   «Ҷононаи ман дар миёни духтаронМисли савсанест дар миёни хорҳо».   «Азизи ман дар байни ҷавонписаронМисли дарахти себест дар миёни дарахтони ҷангал. Дар ҳасрати онам, ки зери сояаш нишинам. Меваи ӯ ба коми ман ширин аст.   Ӯ маро ба тарабхона бурдВа парчами муҳаббаташро бар сари ман паҳн кард.   Маро бо кулчаҳои мавизӣ+ тароват бахшед,Бо себҳо қувватам диҳед,Зеро аз ишқи ӯ беморам.   Дасти чапаш дар таги сарам астВа дасти росташ маро оғӯш мекунад.+   Эй духтарони Ерусалим,Шуморо бо ғизолон+ ва оҳувони саҳро қасам медиҳам: Муҳаббатро, то худаш ҷӯш назанад, дар дилам бедор накунед ва наангезед.+   Овози азизи ман меояд! Бубинед, ӯ кӯҳҳоро баромада, аз теппаҳо парида,Сӯйи ман меояд.   Азизи ман мисли ғизол ва оҳубарра аст.+ Ана ӯ дар пушти девори мо истодааст,Аз тиреза назар меандозад Ва аз панҷара нигоҳ мекунад. 10  Азизам бо ман сухан ронда мегӯяд: “Ҷононаам, бархез,Нозанинам, бо ман биё. 11  Бубин, зимистон* сипарӣ шуд,Боронгарӣ бас шуд. 12  Ғунчаҳои замин гул карданд,+Вақти токбурӣ расид,+Суруди мусича дар диёрамон ба гӯш мерасад.+ 13  Ғӯраҳои аввали анҷир пухта истодаанд,+Токҳо гул карданд ва аз онҳо бӯйи хуш меояд. Бархезу биё, ҷононаам,Нозанинам, бо ман биё. 14  Эй кабӯтари ман, ки дар сӯрохҳои кӯҳпораӣ+Ва дар ниҳонгоҳҳои шахӣ. Рӯятро ба ман бинамо ва овозатро бишнавон,+Зеро овози ширин ва чеҳраи дилпазир дорӣ”».+ 15  «Рӯбоҳҳоро қапед,Рӯбоҳбачаҳоро, ки токзорҳоро хароб мекунанд,Зеро токзорҳои мо шукуфтаанд». 16  «Дилдорам аз ман асту ман аз они ӯ.+ Ӯ дар миёни савсанҳо+ рама мечаронад.+ 17  Пеш аз он ки бод бивазаду сояҳо бигрезанд,Зуд баргард, эй азизам,Мисли ғизол,+ мисли оҳубаррае+ бар кӯҳҳои ҷудоӣ*.

Поварақҳо

Ё «мавсими борон».
Ё, эҳтимол, «бар дара». Ё «кӯҳҳои Бетер».