Шоҳсуруд 3:1-11
3 Шабонгаҳ дар бистари худҶону ҷигарамро ҷустам.+
Ӯро ҷустам, лекин наёфтам.+
2 Бархоста, шаҳрро чарх мезанам,Дар кӯчаву майдонҳо мегардам,Ҷону ҷигарамро меҷӯям.
Ӯро ҷустам, лекин наёфтам.
3 Дидбонҳое, ки шаҳрро давр мезананд, маро ёфтанд.+
“Ҷону ҷигари маро надидед?”
4 Ҳамин ки аз пеши онҳо гузаштам,Ҷону ҷигарамро дидам.
Ӯро доштам ва сар надодам,То даме ба хонаи модарам овардам,+Ба ҳуҷраи дарунии он кӣ маро зодааст.
5 Эй духтарони Ерусалим,Шуморо бо ғизолон ва оҳувони саҳро қасам медиҳам:
Муҳаббатро, то худаш ҷӯш назанад, дар дилам бедор накунед ва наангезед».+
6 «Ин чист, ки аз биёбон мисли сутунҳои дуд мебарояд?
Он бӯйи мурру лоданВа ҳар навъ хокаҳои атрафшони тоҷирро дорад».+
7 «Ин кати Сулаймон аст.
Шаст тан паҳлавон аз паҳлавонони Исроил+Дар гирди он аст,
8 Ҳамаи онҳо шамшер дорандҲамаашон ҷангозмудаанд,Барои ҳимоя аз даҳшатҳои шабҲар яке шамшер дар миён дорад».
9 «Ин тахти равони шоҳ Сулаймон аст,Ки барои худ аз дарахтони Лубнон+ сохтааст.
10 Сутунҳои он аз нуқра аст,Такягоҳаш аз тилло,Нишастгоҳи он аз пашми бунафшранг.
Дарунашро духтарони ЕрусалимБо муҳаббат зебу оро додаанд».
11 «Берун оед, эй духтарони Сион,Шоҳ Сулаймонро тамошо кунед,Ки тоҷи домодияш бар сараш аст,Тоҷе, ки модараш+ дар рӯзи тӯяш,Рӯзи дилхушияш, барояш тайёр кардааст».