Шоҳсуруд 4:1-16
4 «Чӣ нозанинӣ, эй ҷононаам!
Чӣ нозанинӣ!
Чашмонат аз пушти рӯймолат мисли чашмони кабӯтаранд.
Мӯят мисли рамаи бузҳоест,Ки аз кӯҳҳои Ҷилъод+ фуруд меояд.
2 Дандонҳоят мисли барраҳои навтарошидаанд,Ки аз шустушӯ баромадаанд,Ҳамаашон дугониканд
Ва ҳеҷ яке бачаашро гум накардааст.
3 Лабонат мисли риштаи қирмизӣВа гуфторат дилнишин аст.
Рухсораҳоят зери рӯймолМонанди ду нимаи аноранд.
4 Гарданат+ мисли бурҷи* Довуд аст,+Ки сангҳояш қатор-қатор чида шудааст,Бар он ҳазор сипар овезон аст,Сипарҳои гирдаи паҳлавонон.+
5 Ду синаат мисли ду оҳубарра аст,Мисли бачаҳои дугоники ғизол,+Ки дар миёни савсанҳо мечаранд».
6 «Пеш аз он ки бод бивазаду сояҳо бигрезанд,Сӯйи кӯҳи муррВа пуштаи лодан меравам».+
7 «Ту саропо зебоӣ, эй ҷононаи ман,+Айбу нуқсоне дар ту нест.
8 Бо ман биё, то аз Лубнон биравем, эй арӯси ман,Биё, то аз Лубнон биравем.+
Аз қуллаи Амона* фуруд ой,Аз қуллаи Сенир, аз қуллаи Ҳермӯн,+Аз бошишгоҳи шерон, аз кӯҳҳои палангон.
9 Дили маро рабудӣ,+ эй хоҳари ман, эй арӯси ман,Бо як нигоҳи чашмонат диламро рабудӣ,Бо як зевари гарданбандат.
10 Чӣ хуш аст навозишҳоят,+ эй хоҳар ва эй арӯси ман!
Навозишҳоят аз шароб+Ва бӯйи атрат аз ҳар чизи хушбӯй+ садчандон беҳтар аст!
11 Аз лабонат, эй арӯсам, асали занбӯрхона мечакад.+
Дар таҳти забонат шаҳду шир аст+Ва бӯйи хуши либосат мисли бӯйи Лубнон аст.
12 Ёри ман, арӯси ман, мисли боғи дарбаста аст,Мисли боғи дарбаставу чашмаи сарбамуҳр.
13 Ниҳолҳоят боғи биҳиштосои анор аст,Ки пур аз меваҳои хушмаза, ҳино ва сунбул аст.
14 Он пур аз сунбул,+ заъфарон, найи хушбӯй+ ва дорчин,+Пур аз ҳар навъ дарахтони лодан, мурру уд+Ва ҳар гуна атриёти хушсифат аст.+
15 Ту чашмаи назди боғ, чоҳи оби соф,Ҷӯйҳои равони Лубнон ҳастӣ.+
16 Эй боди шимолӣ, бархез!
Эй боди ҷанубӣ, биё!
Насими худро ба боғи ман бивазон,Атри онро биафшон».
«Бигзор азизам ба боғи худ биёядВа аз меваҳои хушмазаи он бихӯрад».