Шоҳсуруд 5:1-16
5 «Ман ба боғи худ даромадам,+Эй хоҳари ман, эй арӯси ман.
Мурр ва алафҳои хушбӯямро чидам.+
Шаҳди худ ва асали занбӯрхонаи худро хӯрдам,Шаробу шири худро нӯшидам».+
«Эй дӯстони азиз,Бихӯред, бинӯшед ва аз навозишҳо маст шавед!»+
2 «Хобам, лекин дилам бедор аст.+
Тақ-тақи дилдорам ба гӯш мерасад.
“Дарро кушо, эй хоҳарам, эй ҷононаам,Эй кабӯтари ман, бенуқсони ман!
Зеро сарам аз қатраҳои обВа зулфонам аз шабнам пур аст”.+
3 Куртаамро кашидаам.
Онро боз бипӯшам?
Пойҳоямро шустаам.
Боз чиркин кунам?
4 Ёрам дасташро аз сӯрохии дар гирифтВа дилам суст шуд.
5 Ман бархестам, то дарро ба ёрам кушоям;Аз дастонам мурр мечакид,Аз ангуштонам ба дастаи қуфлМурри обакӣ мечакид.
6 Дарро ба рӯйи ёрам кушодам,Аммо ӯ аллакай рафта буд.
Вақте ӯ рафт, ошуфтаву ночор гаштам*.
Ӯро ҷустам, лекин наёфтам.+
Садояш кардам, лекин ӯ ҷавобе надод.
7 Дидбонҳое, ки шаҳрро давр мезананд, маро ёфтанд.
Онҳо маро заданду захмдор карданд.
Дидбонҳои деворҳо рӯймоламро кашида гирифтанд.
8 Эй духтарони Ерусалим, шуморо қасам медиҳам:
Агар ёри маро бубинед,Ба ӯ бигӯед, ки аз ишқаш беморам».
9 «Ёри ту аз ёри дигарон чӣ бартарӣ дорад,Эй нозанини нозанинҳо?
Ёри ту аз ёри дигарон чӣ бартарӣ дорад,Ки моро чунин қасам медиҳӣ?»
10 «Ёри ман зебо ва сурхрӯй аст.
Ӯ дар миёни даҳ ҳазор фарқ мекунад.
11 Сараш аз тилло, аз зари холис аст.
Мӯйҳояш мисли баргҳои хурмоянд, ки алвонҷ мехӯранд,Онҳо мисли пари зоғ сиёҳанд.
12 Чашмонаш мисли кабӯтарони лаби ҷӯянд,Ки дар шир ғӯта мезананд,Кабӯтарони назди ҳавзи пуроб*.
13 Рухсораҳояш мисли алафҳои хушбӯянд,+Мисли пуштаи гиёҳҳои атрафшон.
Лабонаш савсанҳоест, ки аз онҳо равғани мурр+ мечакад.
14 Дастонаш лӯлаҳои тиллост, ки бо забарҷад оро дода шудаанд.
Шикамаш оҷи* сайқалдода аст, ки ба болояш ёқути кабуд чида шудааст.
15 Пойҳояш сутунҳои мармаранд, ки бар пояҳое аз зари холис гузошта шудаанд.
Симояш мисли Лубнон ва мисли дарахтони сидра беҳамтост.+
16 Коми ӯ кони ширинист ва ӯ саропо дилкаш аст.+
Чунин аст ёри ман, дилдори ман, эй духтарони Ерусалим».
Поварақҳо
^ Ё, эҳтимол, «Вақте ӯ гап зад, ҷонам маро тарк кард».
^ Ё, эҳтимол, «назди канораи фаввора».
^ Оҷ — устухони фил.