Шоҳсуруд 6:1-13
6 «Ёрат куҷо рафтааст,Эй нозанини нозанинҳо?
Ёрат кадом сӯ рафт?
Биё ӯро ҳамроҳи ту биҷӯем».
2 «Ёри ман ба боғи худ рафт,Сӯйи боғи алафҳои хушбӯй,То дар бӯстонҳо чӯпонӣ кунадВа савсан бичинад.+
3 Ман аз они дилдорам ҳастамВа дилдорам аз они ман.+
Ӯ дар миёни савсанҳо рама мечаронад».+
4 «Эй ҷононаи ман,+ ту мисли Тирсо+ зебоӣ,Мисли Ерусалим нозанинӣ,+Мисли сипоҳе, ки зери парчам истодааст, шигифтангезӣ.+
5 Нигоҳатро+ аз ман дур соз,Зеро дарунамро ба тапиш меорад.
Мӯят мисли рамаи бузҳост,Ки аз теппаҳои Ҷилъод мехамад.+
6 Дандонҳоят мисли рамаи гӯсфандонанд,Ки аз шустушӯ баромадаанд.
Ҳамаашон дугоникандВа ҳеҷ яке бачаашро гум накардааст.
7 Рухсораҳоят зери рӯймолМонанди ду нимаи аноранд.
8 Агарчи шаст малика бошадуҲаштод суррия* ва ҷавондухтарони бешумор,+
9 Кабӯтари ман,+ покизаи ман, ягона аст.
Ӯ ягонаи модараш,Дӯстдоштаи онест, ки ӯро ба дунё овардааст.
Духтарон ӯро дида, хушбахташ меноманд,Маликаҳо ва суррияҳо ӯро ситоиш мекунанд.
10 “Ин кист, ки мисли субҳ дурахшон аст,Монанди моҳи пурра зебост,Мисли нури офтоб покизаВа монанди сипоҳи зери парчам шигифтангез аст?”»+
11 «Сӯйи чормағззор фаромадам,+То муғҷаҳоро дар водӣ бубинам,То бубинам, ки оё ток шукуфа баровардаастВа оё анор гул кардааст.
12 Пеш аз он ки хабар шавам,Ҳавасам маро сӯйи аробаҳои олиҳимматони халқам овард».
13 «Баргард, баргард, эй духтари шулемӣ!
Баргард, баргард,То ба ту назар кунем!»
«Ба духтари шулемӣ чӣ назар мекунед?»+
«Охир, ӯ мисли рақси ду даста* аст».