Шоҳсуруд 7:1-13
7 «Чӣ зебоянд пойҳоят дар кафшҳо,Эй духтари олиҳиммат!
Печу хами ронҳоят мисли ҷавоҳирест,Ки амали дасти устои ҳунарманд аст.
2 Нофат косаи гирд аст.
Бигзор шароби омехта дар он кам нашавад.
Шикамат хирмани гандум аст,Ки гирдогирдаш савсанҳо рӯйидаанд.
3 Ду синаат мисли ду оҳубарра аст,Мисли бачаҳои дугоники ғизол.+
4 Гарданат+ мисли бурҷест*+ аз оҷ*.
Чашмонат+ мисли ҳавзҳои Ҳешбӯн,+Ҳавзҳои назди дарвозаи Батрабим аст.
Биният мисли бурҷи Лубнон аст,Ки сӯйи Димишқ нигарон аст.
5 Сарат бар гарданат мисли кӯҳи Кармил+ меистад.
Мӯят+ мисли пашми бунафшранг+ аст.
Шоҳ асири мавҷи гесувонат гаштааст.
6 Чӣ нозанину чӣ дилкашӣ, эй ҷононаи ман,Ту аз ҳар чизи лаззатбахш дилхоҳтарӣ!
7 Қаду бастат мисли дарахти нахл астВа синаҳоят мисли хӯшаҳои хурмо.+
8 Гуфтам: “Ба дарахт мебароямВа меваҳояшро чанг мезанам”.
Бигзор синаҳоят мисли хӯшаҳои ангур бошанд,Нафасат мисли себи хушбӯй
9 Ва даҳонат мисли шароби ноб».
«Бигзор он ба коми азизам нарм бичакад,Мисли шаробе, ки бар лабон рехта, хоби касро меорад.
10 Ман аз они дилдорам ҳастам+Ва ӯ муштоқи ман аст.
11 Биё, дилдорам,Биё ба сайри саҳро биравем.
Биё дар миёни буттаҳои ҳино+ бимонем.
12 Биё барвақт бархезему сӯйи токзор биравемВа бубинем, ки оё дарахти ангур шукуфтаастуҒунчаҳо во шудаанд+Ва оё дарахти анор гул кардааст.+
Он ҷо туро дӯстдорӣ хоҳам кард.+
13 Бӯйи меҳргиёҳҳо+ ба димоғ мерасад,Назди дарамон ҳар навъ меваи беҳтарин аст.+
Ҳам меваҳои навчида ва ҳам пешинароБарои ту, эй дилдорам, нигоҳ доштаам.