Шоҳсуруд 8:1-14
-
Ҷавондухтар (1–4)
-
«Кошки мисли бародари ман мебудӣ» (1)
-
-
Бародарони духтар (5а)
-
«Ин кист, ки аз биёбон ба ёраш такя карда меояд?»
-
-
Ҷавондухтар (5б–7)
-
«Ишқ мисли марг пурзӯр аст» (6)
-
-
Бародарони духтар (8, 9)
-
«Агар ӯ девор шавад... агар ӯ дар шавад» (9)
-
-
Ҷавондухтар (10–12)
-
«Ман деворам» (10)
-
-
Чӯпонбача (13)
-
Бигзор овозатро бишнавам
-
-
Ҷавондухтар (14)
-
Эй дилдорам, мисли ғизол бишитоб
-
8 Кошки мисли бародари ман мебудӣ,Ки модарам ӯро шир додааст!
Он гоҳ туро дар берун дида, мебӯсидам+Ва касе маро айб намекард.
2 Он гоҳ туро гирифта,Ба хонаи модарам мебурдам,+Ба хонаи касе, ки ҳама чизро ба ман ёд додааст.
Ба ту шароби хуштаъм медодам,Туро оби анор менӯшондам.
3 Дасти чапаш дар таги сарам мебудВа дасти росташ маро оғӯш мекард.+
4 Эй духтарони Ерусалим, шуморо қасам медиҳам:
Муҳаббатро, то худаш ҷӯш назанад, дар дилам бедор накунед ва наангезед».+
5 «Ин кист, ки аз биёбон ба ёраш такя карда меояд?»
«Дар таги дарахти себ туро бедор кардам.
Он ҷо модарат туро бо дард зода буд,Он ҷо ӯ дарди зоиш мекашид.
6 Маро мисли муҳр бар дилат бигузор,Мисли муҳре бар дастат,Зеро ишқ мисли марг пурзӯр асту+Сидқу вафо мисли аҷал* шикастнопазир.
Алангаҳои он оташи сӯзон, алангаи Ёҳ*, аст.+
7 Обҳои хурӯшон наметавонанд муҳаббатро хомӯш созанд,+Дарёҳо наметавонанд онро шуста баранд.+
Агар кас тамоми дороии хонаашро ба ивази муҳаббат додан хоҳад,Онро* бо нафрат рад хоҳанд кард».
8 «Мо як хоҳарча дорем,+Ӯ ҳанӯз сина надорад.
Вақте ӯро хостгорӣ биёянд, чӣ кор кунем?»
9 «Агар ӯ девор шавад,Бар ӯ кунгурае аз нуқра бино мекунем.
Агар ӯ дар шавад,Ӯро бо тахтае аз дарахти сидра маҳкам мекунем».
10 «Ман деворамуСинаҳоям мисли бурҷҳост*.
Ӯ ба ман назар карда мебинад,Ки дилам ором аст.
11 Сулаймон дар Баал-Ҳамӯн токзоре дошт.+
Ӯ онро ба дасти токдорон супурд.
Ҳар яки онҳо барои мевааш ҳазор сиқл нуқра меорад.
12 Аммо ман токзори худро дар ихтиёр дорам.
Ҳазор сиқл нуқра аз они туст, эй Сулаймон,Ва дусад аз они касест, ки токзоратро нигоҳубин мекунад».
13 «Эй он кӣ дар боғҳо зиндагӣ мекунӣ,+Рафиқон муштоқи овози туянд,Бигзор онро бишнавам».+
14 «Бишитоб, эй дилдорам,Мисли ғизол+ ва оҳубарра,Бар кӯҳҳои атриёт».
Поварақҳо
^ Ёҳ — шакли кӯтоҳи номи Яҳува.
^ Ё, эҳтимол, «Ӯро».
^ Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.