Эзро 10:1-44

  • Аҳд дар бораи сар додани занон аз халқи бегона (1–14)

  • Яҳудиён занонеро, ки аз халқҳои бегона гирифтанд, сар медиҳанд (15–44)

10  Вақте Эзро дар назди хонаи Худо рӯ ба замин афтода, бо гиряву нола дуо мегуфт+ ва дар гуноҳҳои халқи худ иқрор мешуд, одамони зиёде — мардон, занон ва кӯдакони Исроил, дар гирди ӯ ҷамъ омаданд ва мардум зор-зор мегиристанд.  Он вақт Шаканё, писари Яҳиил,+ ки аз писарони Элом+ буд, ба Эзро чунин гуфт: «Мо занони бегонаро, ки аз халқҳои гирду атрофанд, ба занӣ гирифта* ба Худои худ хиёнат кардем.+ Лекин барои Исроил то ҳол умеде ҳаст.  Биёед мувофиқи дастуроти Яҳува ва онҳое, ки аз амрҳои Худои мо метарсанд, амал намоем ва бо Худо аҳд бандем,+ то ҳамаи ин занонро бо фарзандоне, ки аз онҳо таваллуд шудаанд, сар диҳем.+ Биёед аз рӯйи Шариат амал кунем.  Бархез, чунки ин масъулият бар гардани туст ва мо бо ту ҳастем. Далер бош ва амал кун!»  Он гоҳ Эзро бархост ва сардорони коҳинон, левизодагон ва тамоми халқи Исроилро қасам дод, ки ҳамин тавр кунанд,+ ва онҳо қасам хӯрданд.  Эзро аз пеши хонаи Худо хеста, ба ҳуҷраи* Еҳуҳонон, писари Элёшиб, равона шуд. Лекин дар он ҷо ӯ на нон хӯрду на об нӯшид, чунки барои хиёнати асирони баргашта мотам гирифта буд.+  Дар тамоми Яҳудову Ерусалим эълон шуд, ки ҳамаи асирони баргашта дар Ерусалим ҷамъ оянд.  Мувофиқи қарори мирон ва пирон ҳар кӣ дар давоми се рӯз намеомад, бояд тамоми чизу чораашро кашида мегирифтанд ва худашро аз ҷамоати асирони баргашта меронданд.+  Дар давоми се рӯз, яъне то рӯзи 20-уми моҳи нуҳум, ҳамаи мардони Яҳудо ва Бинёмин дар Ерусалим ҷамъ омаданд. Тамоми мардуме, ки дар саҳни хонаи Худо нишаста буданд, аз сабаби ҷиддияти масъала ва борони сахт дарақ-дарақ меларзиданд. 10  Сипас Эзрои коҳин бархоста, ба онҳо гуфт: «Шумо занони бегонаро+ гирифта ба Худо хиёнат кардед ва ба гуноҳҳои Исроил гуноҳ зам кардед. 11  Акнун бошад, дар пеши Яҳува, Худои бобоёнатон, гуноҳҳои худро ба гардан гиред ва хости ӯро ба ҷо оред. Худро аз халқҳои гирду атроф ва занҳои бегона ҷудо созед».+ 12  Он гоҳ тамоми ҷамоат бо овози баланд гуфтанд: «Чунон ки ту гуфтӣ, ҳамон тавр амал хоҳем кард. 13  Аммо одамон бисёранд ва ҳоло мавсими боронгарӣ аст. Дар кӯча истода намешавад ва барои ҳалли ин масъала як ё ду рӯз кофӣ нест, зеро мо дар пеши Худо гуноҳи азиме кардаем. 14  Пас, бигзор мирони мо намояндаи тамоми ҷамоат шаванд.+ Бигзор ҳар як марде аз шаҳрҳои мо, ки зани бегонае гирифтааст, бо пирон ва доварони он шаҳр дар вақти муқарраршуда биёяд, то даме ки ин масъала пурра ҳал шавад ва алангаи хашму ғазаби Худои мо паст гардад». 15  Лекин Юнотон, писари Асоил, ва Еҳзиё, писари Тиқво, ба ин зид баромаданд ва Машуллому Шабтайи+ левизодагон онҳоро дастгирӣ карданд. 16  Асирони баргашта бошанд, мувофиқи қарори қабулшуда амал карданд ва Эзрои коҳин ҳамроҳи сарварони хонаводаҳо, ки номҳои ҳамаашон ба рӯйхат дароварда шуд, дар рӯзи якуми моҳи даҳум алоҳида ҷамъ шуданд, то масъаларо дида бароянд. 17  То рӯзи якуми моҳи якум онҳо масъалаи ҳамаи онҳоеро, ки занони бегона гирифта буданд, ҳал карданд. 18  Маълум шуд, ки баъзе писарони коҳинон низ занони бегона гирифта буданд:+ аз писарони Ешуа,+ писари Юсодоқ, ва бародарони ӯ — Маасиёҳу, Элиезер, Ёриб ва Ҷадалёҳу. 19  Аммо онҳо ваъда доданд*, ки занони худро сар медиҳанд ва ҳар кадоме барои гуноҳаш аз рама қӯчқореро барои қурбонӣ меорад.+ 20  Инҳоянд касони дигаре, ки гуноҳ карданд: аз писарони Иммир+ — Ҳанонӣ ва Забадё, 21  аз писарони Ҳорим+ — Маасиёҳу, Илёс, Шамаъёҳу, Яҳиил ва Узиё 22  ва аз писарони Фашҳур+ — Элюинай, Маасиёҳу, Исмоил, Натанъил, Юзобод ва Элъосо. 23  Аз байни левизодагон: Юзобод, Шимъӣ, Калоё (яъне Қалито), Фатаҳё, Яҳудо ва Элиезер. 24  Аз байни сарояндагон — Элёшиб ва аз байни дарбонон — Шаллум, Толам ва Урӣ. 25  Аз байни исроилиёни дигар: аз писарони Фаръуш+ — Рамё, Изиё, Малкиё, Миёмин, Элъозор, Малкиё ва Баноё, 26  аз писарони Элом+ — Маттанё, Закарё, Яҳиил,+ Абдӣ, Иремӯт ва Илёс, 27  аз писарони Затту+ — Элюинай, Элёшиб, Маттанё, Иремӯт, Зобод ва Азизо, 28  аз писарони Бебой+ — Еҳуҳонон, Ҳананё, Заббай ва Атлой, 29  аз писарони Бонӣ — Машуллом, Маллук, Адоё, Ёшуб, Шаол ва Иремӯт, 30  аз писарони Поҳатмӯоб+ — Адно, Калол, Баноё, Маасиёҳу, Маттанё, Басалъил, Биннуй ва Менашше, 31  аз писарони Ҳорим+ — Элиезер, Ишиё, Малкиё,+ Шамаъёҳу, Шимъӯн, 32  Бинёмин, Маллук ва Шамарёҳу, 33  аз писарони Ҳошум+ — Матнай, Мататто, Зобод, Элифолат, Иремай, Менашше ва Шимъӣ, 34  аз писарони Бонӣ — Маадай, Имрон, Уил, 35  Баноё, Бедиё, Калуҳу, 36  Ваниё, Маримут, Элёшиб, 37  Маттанё, Матнай ва Яъсой, 38  аз писарони Биннуй — Шимъӣ, 39  Шаламёҳу, Нотон, Адоё, 40  Макнадбай, Шошай, Сорой, 41  Азаръил, Шаламёҳу, Шамарёҳу, 42  Шаллум, Амарё ва Юсуф, 43  аз мардони Набӯ — Яиил, Маттитё, Зобод, Забино, Яддай, Юил ва Баноё. 44  Ҳамаи инҳо занони бегона гирифта буданд+ ва онҳоро ҳамроҳи фарзандонашон сар доданд.+

Поварақҳо

Ё «ба хонаи худ оварда».
Ё «ошхонаи».
Дар матни асл «даст доданд».