Эзро 9:1-15
9 Вақте ҳамаи ин ба охир расид, мирон ба назди ман омада, гуфтанд: «Мардуми Исроил, коҳинон ва левизодагон худро аз канъониён, ҳиттиён, фариззиён, ябусиён, аммӯниён, мӯобиён, мисриён+ ва амӯриён+ — халқҳои гирду атроф ва корҳои нафратовари онҳо ҷудо накардаанд.+
2 Исроилиён аз духтарони онҳо барои худ ва барои писарони худ зан гирифтанд.+ Ҳоло ин насли муқаддас+ бо халқҳои гирду атроф омехта шудааст+ ва мирону сардорон якум шуда ба чунин хиёнат даст задаанд».
3 Вақте ман ин суханонро шунидам, либосамро чок задаму мӯйсар ва риши худро канда, гарангу пакар бар хокистар нишастам.
4 Сипас онҳое, ки аз каломи Худои Исроил метарсиданд, аз сабаби хиёнати асирони баргашта дар гирди ман ҷамъ омаданд ва ман то вақти ҳадияи ғаллаи шом+ ҳайрону пакар нишастам.
5 Дар вақти ҳадияи ғаллаи шом+ ман бо либоси чок аз ғаму андуҳи худ бархостам ва зону зада, сӯйи Худоям Яҳува даст ба дуо бардоштам
6 ва гуфтам: «Худоё, ман аз шарму изо наметавонам рӯямро сӯйи ту бардорам, эй Худои ман, зеро гуноҳҳои мо бисёр шуда аз сар гузаштааст ва хатоҳоямон то ба осмон расидааст.+
7 Аз замони бобоёни мо то ба имрӯз гуноҳи азиме бар гарданамон бор аст+ ва аз сабаби хатоҳоямон ту худи мо, подшоҳон, ва коҳинонамонро ба дасти подшоҳони мамлакатҳо, ба дами шамшер,+ ба асирӣ,+ ба ғорат+ ва шармандагӣ супурдӣ ва имрӯз низ ҳоламон чунин аст.+
8 Аммо ҳоло як лаҳзаи кӯтоҳе Худои мо, Яҳува, бар мо раҳм карду ба бақияи халқаш халосӣ ва макони доимие* дар ҷойи муқаддасаш ато кард.+ Ту, эй Худои мо, чашмони моро дурахшон кардӣ ва мо дар ғуломӣ андаке ҷон гирифтем.
9 Ҳарчанд мо ғуломем,+ Худоямон моро дар ғуломӣ танҳо намонд, балки ба мо меҳру вафо зоҳир намуд ва тавре кард, ки мо дар назари подшоҳони Форс+ писанд афтем. Худо ба мо қувват бахшид, то хонаи ӯро бино кунем+ ва вайронаҳои онро обод созем. Ӯ дар Яҳудо ва Ерусалим барои мо қалъаи сангине дод.
10 Пас, акнун, Худоё, мо чӣ гӯем? Мо амрҳои туро тарк кардем,
11 амрҳоеро, ки ту ба воситаи пайғамбаронат дода гуфтаӣ: “Замине, ки шумо соҳиби он мешавед, аз сабаби нопокии мардуми гирду атроф расво аст. Онҳо ин заминро сар то сар аз корҳои нафратангез ва нопокии худ пур кардаанд.+
12 Барои ҳамин духтарони худро ба писарони онҳо надиҳед ва духтарони онҳоро барои писарони худ нагиред.+ Ҳеҷ гоҳ барои осоиштагӣ ва беҳбудии онҳо накӯшед,+ то шумо қавӣ гардед ва ҳосили хуби ин заминро хӯреду онро ба писарони худ то абад мерос гузоред”.
13 Ту, эй Худои мо, моро мувофиқи хатоямон ҷазо надодӣ+ ва бароямон роҳи наҷотро боз кардӣ. Пас, баъди ҳама бадбахтиҳое, ки барои корҳои бад ва гуноҳи азимамон ба сари мо омадааст,+
14 наход мо боз амрҳои туро вайрон кунем ва бо халқҳое, ки ин корҳои нафратоварро мекунанд, қудо шавем?+ Магар ту аз рафтори мо ба ғазаб омада, касеро зинда мемонӣ? Магар ту ҳамаро несту нобуд намекунӣ?
15 Эй Яҳува, Худои Исроил, ту одил ҳастӣ,+ зеро бақияе аз мо то ба имрӯз зинда мондааст. Акнун мо дар пеши ту гунаҳкорем ва бо кадом рӯ дар наздат биистем?»+
Поварақҳо
^ Дар матни асл «мехе».