Эстер 1:1-22
1 Дар рӯзҳои Ахашверуш*, ҳамон Ахашверуше, ки бар 127 вилоят,+ аз Ҳинд то Ҳабашистон*, ҳукмронӣ мекард,
2 дар он рӯзҳое, ки подшоҳ Ахашверуш дар қалъаи* Шушан+ бар тахти подшоҳии худ нишаста буд,
3 дар соли сеюми ҳукмронии худ ӯ барои ҳамаи мирону ходимони худ базм орост. Сардорони лашкари Модаю+ Форс,+ калоншавандагон ва сарварони вилоятҳо дар пеши ӯ ҷамъ омада буданд.
4 Подшоҳ ба онҳо сарвати подшоҳии пурҷалолаш, бузургӣ, шукӯҳ ва ҳашамати худро дар давоми рӯзҳои зиёд, яъне 180 рӯз, нишон дод.
5 Вақте ин рӯзҳо ба охир расиданд, подшоҳ дар давоми ҳафт рӯз барои тамоми мардуме, ки дар қалъаи* Шушан буданд, аз бузург то хурд базм орост. Ин базм дар саҳни боғи қасри подшоҳ барпо шуд.
6 Тамоми саҳни боғро бо пардаҳое аз катон, пахтаи нафис ва матои кабуд оро дода буданд. Ин пардаҳоро бо бандҳое аз риштаи аълосифат ва пашми бунафш баста, бо ҳалқаҳои нуқрагин бар сутунҳои мармарӣ часпонда буданд. Бар фарши он ҷо як навъ санги сурх, мармар, марворид ва мармари сиёҳ чида шуда, бар он катҳои тилло ва нуқра меистоданд.
7 Шаробро дар пиёлаҳои тиллоӣ, ки яке аз дигаре фарқ мекард, медоданд. Шароби шоҳона фаровон ва муносиби дороии подшоҳ буд.
8 Дар ин базм чунин қоида буд, ки ҳеҷ касро ба нӯшидан маҷбур намекарданд*, чунки подшоҳ бо дарбориёнаш чунин қарор карда буданд, ки ҳар кас ба табъи дили худ амал кунад.
9 Малика Ваштӣ+ ҳам барои занон дар қасри подшоҳ Ахашверуш базм ороста буд.
10 Дар рӯзи ҳафтум, вақте подшоҳ аз шароб дилхуш шуд, ба Меҳумон, Бизто, Ҳарбӯно,+ Бинто, Абанто, Зетар ва Каркас — ҳафт ходими дарбор, ки хизматгорони наздики ӯ буданд, фармуд, ки
11 малика Ваштиро бо кулоҳи шоҳона дар сар ба пеши шоҳ биёранд. Подшоҳ мехост маликаро ба мардум ва мирон нишон диҳад, чунки ӯ хеле зебо буд.
12 Аммо, вақте дарбориён сухани подшоҳро ба малика Ваштӣ расонданд, ӯ аз фармони подшоҳ гардан тофт ва омадан нахост. Аз ин подшоҳ дарғазаб шуд ва қаҳри ӯ ҷӯш зад.
13 Он гоҳ подшоҳ бо мардони хирадманде, ки дар ин масъалаҳо донишу таҷриба доштанд, гап зад (зеро подшоҳ дар чунин мавридҳо бо касоне, ки қонун ва масъалаҳои ҳуқуқиро хуб медонистанд, маслиҳат мекард.
14 Маслиҳатгарони наздики подшоҳ инҳо буданд: Каршено, Шетор, Адмото, Таршиш, Мерес, Марсено ва Мемухон. Ин ҳафт нафар+ мирони Форсу Модай дар мамлакат соҳиби мартабаҳои баландтарин буда, мунтазам назди подшоҳ медаромаданд).
15 Подшоҳ аз онҳо пурсид: «Малика Ваштӣ ба фармони подшоҳ Ахашверуш, ки ба воситаи ходимони дарбор дода буд, гӯш накард. Пас, аз рӯйи қонун бо ӯ чӣ бояд кард?»
16 Мемухон дар назди подшоҳ ва мирон чунин ҷавоб дод: «Малика Ваштӣ на фақат дар ҳаққи подшоҳ бадӣ кардааст,+ балки дар ҳаққи тамоми мирон ва мардуми тамоми вилоятҳои қаламрави подшоҳ Ахашверуш,
17 зеро аз ин рафтори малика ҳама занон хабардор мешаванд ва онҳо дигар шавҳарони худро писанд намекунанд ва мегӯянд: “Подшоҳ Ахашверуш фармон дод, ки Ваштии маликаро биёранд, вале ӯ омадан нахост”.
18 Худи ҳамин рӯз бонувони Форсу Модай, ки аз ин воқеа хабардор ҳастанд, бо шавҳарони худ ҳам ҳамин тавр гап мезананд ва дар натиҷа беҳурмативу ҷанҷол паҳн мешавад.
19 Агар ин ба подшоҳ писанд ояд, бигзор аз номи шоҳ фармон бароварда шавад, ки малика Ваштӣ дигар назди подшоҳ Ахашверуш надарояд. Бигзор подшоҳ ӯро аз унвонаш маҳрум кунаду каси дигареро, ки аз вай беҳтар бошад, малика интихоб намояд. Бигзор ин амрро ба қатори дигар қонунҳои Форсу Модай, ки ҳаргиз бекор намешаванд,+ дароранд.
20 Ҳангоме ки ин фармонро дар тамоми қаламрави подшоҳ эълон намоянд, тамоми занон шавҳарони худро, хоҳ бузург бошанд, хоҳ хурд, иззат хоҳанд кард».
21 Ин пешниҳод ба подшоҳу мирон маъқул шуд ва подшоҳ, ҳамон тавре ки Мемухон гуфт, амал кард.
22 Подшоҳ ба ҳар як вилоят мактуб фиристод,+ ба ҳар вилоят ба хати худ ва ба ҳар қавм ба забони худ, ва амр дод, ки ҳар мард дар хонадони худ хӯҷаин* бошад ва ба забони халқи худ гап занад.
Поварақҳо
^ Аз афташ, Ахашверуш ҳамон Хашиёршо (Ҳушёршо)-и якум аст, ки писари Дориюши Бузург мебошад (Дориюши писари Виштосп).
^ Ё «Куш».
^ Ё «қасри».
^ Ё «қасри».
^ Ё «аз нӯшидан бознамедоштанд».
^ Ё «амир».