Эстер 10:1-3

  • Бузургии Мордахай (1–3)

10  Подшоҳ Ахашверуш бар гардани мардуме, ки дар хушкӣ ва ҷазираҳо зиндагӣ мекарданд, меҳнати маҷбуриро бор кард.  Тамоми корҳо ва дастовардҳои бузурги ӯ ва ҳамчунин воқеаи батафсили он ки чӣ тавр шоҳ Мордахайро+ сарафроз карду ӯро соҳиби мақому мартабаи баланд гардонд,+ дар таърихномаи+ подшоҳони Модаю Форс+ навишта шудааст.  Мордахайи яҳудӣ баъд аз подшоҳ Ахашверуш шахси дуюм ва дар байни яҳудиён муҳтарам буд ва ҳамаи бародаронаш ӯро иззату ҳурмат мекарданд. Мордахай дар пайи беҳбудии халқаш буд ва ғами некуаҳволии тамоми насли онҳоро мехӯрд.

Поварақҳо