Эстер 4:1-17

  • Мордахай мотам мегирад (1–5)

  • Мордахай аз Эстер хоҳиш мекунад, ки аз подшоҳ илтиҷо кунад, то бар халқи ӯ раҳм кунад (6–17)

4  Вақте Мордахай+ аз ин хабардор шуд,+ либоси худро чок зад ва палос* пӯшиду ба сараш хокистар пошид. Баъд ӯ овози худро баланд карда зор-зор гирист ва ба даруни шаҳр равон гашт.  Ӯ танҳо то дарвозаи қасри подшоҳ рафта расид, зеро ҳеҷ каси палоспӯш ба қасри подшоҳ даромада наметавонист.  Дар ҳар вилояте,+ ки сухани подшоҳ ва фармони ӯ эълон мешуд, яҳудиён мотам мегирифтанд, рӯза медоштанд+ ва гиряву нола мекарданд. Бисёриҳо палос пӯшида, бар хокистар менишастанд.+  Вақте канизон ва хоҷасароёни* Эстер наздаш омада, ин хабарро ба ӯ расонданд, малика беҳад ғамгин шуд. Ӯ ба Мордахай либос фиристод, то ба ҷойи палос онро бипӯшад, аммо Мордахай нахост.  Он гоҳ Эстер Ҳатохи хоҷасаройро, ки подшоҳ ба хизмати ӯ таъйин намуда буд, ба назди худ хонд ва ба вай фармуд, ки пеши Мордахай раваду фаҳмад, ки чӣ рӯй додааст ва чаро вай ин тавр рафтор мекунад.  Ҳатох ба назди Мордахай, ба майдоне, ки дар рӯ ба рӯйи дарвозаҳои қасри подшоҳ буд, рафт.  Дар он ҷо Мордахай ба ӯ гуфт, ки чӣ рӯй додааст ва Ҳомон барои нест кардани яҳудиён+ чӣ қадар пул+ ба хазинаи подшоҳ ваъда додааст.  Ӯ ҳамчунин ба Ҳатох нусхаи фармонеро, ки дар Шушан барои нест кардани яҳудиён бароварда шуд,+ дод ва ба вай гуфт, ки онро бурда, ба Эстер диҳад ва вазъиятро фаҳмонад. Ҳатох бояд ба Эстер мерасонд, ки ӯ рост назди подшоҳ рафта, аз ӯ дар ҳаққи халқаш илтиҷо намояд, то шоҳ бар онҳо раҳм кунад.+  Ҳатох ба назди Эстер баргашту суханони Мордахайро ба вай расонд. 10  Эстер бошад, ба воситаи Ҳатох ба Мордахай чунин ҷавоб дод:+ 11  «Тамоми хизматгорони подшоҳ ва тобеони вилоятҳо медонанд, ки, агар зане ё марде бе даъвати шоҳ ба саҳни дарунии хонаи ӯ дарояд,+ аз рӯйи қонун бояд ҳатман кушта шавад. Он шахс фақат ба шарте зинда мемонад, ки шоҳ чӯбдасти тиллоро сӯйи ӯ дароз кунад.+ Ман бошам, 30 рӯз мешавад, ки пеши подшоҳ даъват нашудаам». 12  Вақте Мордахай ин суханонро шунид, 13  ба Эстер чунин ҷавоб гуфт: «Гумон накун, ки азбаски ту аҳли хонаводаи подшоҳ ҳастӣ, ҳама яҳудиён бимиранд ҳам, ту зинда мемонӣ. 14  Агар ту ҳозир хомӯш монӣ, наҷоту осоиштагии яҳудиён аз дигар ҷо меояду+ ту ва хонадони падарат нест мешавед. Кӣ медонад, шояд, маҳз барои чунин рӯз ту ба ин мақому мартаба расидаӣ?»+ 15  Он гоҳ Эстер ба Мордахай чунин ҷавоб фиристод: 16  «Бирав ва ҳамаи яҳудиёнеро, ки дар Шушан ҳастанд, ҷамъ овар ва барои ман рӯза бидоред.+ Се шабу се рӯз+ ҳеҷ чиз нахӯреду нанӯшед. Ман низ бо канизони худ рӯза медорам. Баъд қонунро вайрон намуда, назди подшоҳ медароям ва, агар маро кушанд, бигзор кушанд. Ҳар чӣ бодо бод!» 17  Он гоҳ Мордахай рафт ва ҳар он чӣ Эстер ба вай фармуда буд, иҷро кард.

Поварақҳо

Палос — ниг. ба луғат.
Хоҷасаро — ниг. ба луғат.