Эстер 5:1-14
5 Дар рӯзи сеюм+ Эстер либоси шоҳона дар бар карда, дар саҳни дарунии хонаи подшоҳ, дар рӯ ба рӯйи хонаи подшоҳ истод, подшоҳ бошад, дар хонаи худ, бар тахти шоҳона, дар рӯ ба рӯйи даромадгоҳ менишаст.
2 Ҳамин ки подшоҳ Эстери маликаро дар саҳни хона дид, хурсанд шуд ва чӯбдасти тиллоро, ки дар дасташ буд, сӯйи Эстер дароз кард.+ Он гоҳ Эстер ба подшоҳ наздик шуд ва ба нӯги чӯбдаст даст расонд.
3 Подшоҳ аз ӯ пурсид: «Эй Эстери малика, чӣ гап шуд? Ту чӣ илтимос дорӣ? Ҳатто агар нисфи мамлакатро хоҳиш кунӣ, ба ту дода мешавад!»
4 Эстер гуфт: «Агар дар назари подшоҳ писанд афтад, бигзор имрӯз ҳамроҳи Ҳомон+ ба базме, ки ман барояш тайёр кардаам, биёяд».
5 Подшоҳ ба хизматгорони худ гуфт: «Рафта, ба Ҳомон гӯед, ки зудтар биёяд, чи тавре ки Эстер хоҳиш мекунад». Баъд подшоҳ ва Ҳомон ба базме, ки Эстер ороста буд, рафтанд.
6 Ҳангоми базми шароб шоҳ ба Эстер гуфт: «Илтимоси ту чист? Он ба ҷо оварда мешавад! Дархости ту чист? Ҳатто агар нисфи мамлакатро бихоҳӣ, аз ту дареғ намедорам!»+
7 Эстер ҷавоб дод: «Илтимос ва дархости ман ин аст, ки,
8 агар дар назари шоҳ писанд афтода бошам, ва, агар ин ба шоҳ хуш ояд, бигзор ӯ ҳамроҳи Ҳомон ба базме, ки пагоҳ барои онҳо барпо мекунам, биёяд ва он гоҳ ман хоҳишамро ба подшоҳ мегӯям».
9 Он рӯз Ҳомон шоду хуррам ба хонаи худ равона шуд, лекин, вақте дар назди дарвозаи қаср чашмаш ба Мордахай афтод ва дид, ки ӯ аз ҷояш нахесту бо тарсу ларз ҳурматашро ба ҷо наовард, аз хашму ғазаб даргирифт.+
10 Аммо ӯ худро ба даст гирифт ва ба хонааш рафт. Баъд ӯ одам фиристода дӯстони худ ва занаш Зорашро+ назди худ хонд.
11 Ҳомон дар назди онҳо лофи бисёр зад ва дар бораи боигарии фаровонаш, писарони зиёдаш+ ва дар бораи он ки чӣ тавр подшоҳ ӯро болобардор кард ва ӯро аз дигар мирон ва тобеонаш болотар гузошт,+ гап зад.
12 Ҳомон боз илова кард: «Ғайр аз ин, малика Эстер ҳеҷ касро неву маро ба базми худ ҳамроҳи шоҳ даъват кард.+ Пагоҳ низ ӯ маро ба базм даъват кардааст, то ҳамроҳи ӯву шоҳ бошам.+
13 Лекин то даме ман мебинам, ки он Мордахайи яҳудӣ назди дарвозаи қасри шоҳ нишастааст, айшам талх мегардад».
14 Он гоҳ занаш Зораш ва тамоми дӯстонаш ба ӯ гуфтанд: «Доре* тайёр кун, ки 50 газ* баландӣ дошта бошад, ва саҳарӣ ба подшоҳ бигӯй, ки Мордахайро бар он овезанд.+ Пас аз ин бо хотири ҷамъ ҳамроҳи шоҳ ба базм бираву дилхушӣ кун». Ин гап ба Ҳомон маъқул шуд ва ӯ доре тайёр кард.