Эстер 7:1-10
7 Подшоҳ ва Ҳомон+ ба базми Эстери малика омаданд.
2 Дар рӯзи дуюм ҳангоми базми шароб подшоҳ бори дигар ба Эстер гуфт: «Илтимоси ту чист, эй Эстери малика? Он ба ҷо оварда мешавад! Дархости ту чист? Ҳатто нисфи мамлакатро аз ту дареғ намедорам!»+
3 Малика Эстер дар ҷавоб гуфт: «Агар дар назари шоҳ писанд афтода бошаму агар ин ба шоҳ хуш ояд, илтиҷо мекунам, ки шоҳам ҷони ман ва ҷони халқамро+ наҷот диҳад,
4 зеро ману халқи ман фурӯхта шудаем,+ то ки несту нобуд гардем.+ Агар моро фурӯхта ғулому каниз мегардонданд, ман хомӯш мемондам, аммо ин бадбахтие, ки бар сари мо меояд, бар фоидаи шоҳам нест, балки бар зарари ӯст».
5 Подшоҳ Ахашверуш ба Эстери малика гуфт: «Кист он шахс? Куҷост он касе, ки ба чунин кор ҷуръат кардааст?»
6 Эстер гуфт: «Он душману бадхоҳ ҳамин Ҳомони нобакор аст!»
Инро шунида Ҳомон дар назди подшоҳу малика ба даҳшат афтод.
7 Подшоҳ аз хашму ғазаб пур шуда, базмро тарк намуд ва ба сӯйи боғи қасри худ рафт, аммо Ҳомон, вақте пай бурд, ки шоҳ ӯро ҷазо доданист, назди малика истод, то барои халосии ҷонаш ӯро илтиҷо намояд.
8 Вақте подшоҳ аз боғи қаср баргашт, дид, ки Ҳомон худро ба рӯйи нимкате, ки Эстер болояш буд, партофтааст. Подшоҳ хитоб кард: «Наход вай боз дар хонаи ман маликаро таҷовуз кунад?» Ҳамин ки подшоҳ ин суханро ба забон овард, рӯйи Ҳомонро пӯшониданд.
9 Дар ин дам Ҳарбӯно,+ яке аз ходимони дарбори шоҳ, гуфт: «Ҳомон дар хонаи худ доре* тайёр кардааст, ки баландиаш 50 газ* аст. Ӯ мехост дар ин дор Мордахайро, ки бо хабари худ ҳаёти подшоҳро наҷот додааст,+ овезад».+ Он гоҳ подшоҳ гуфт: «Худи ӯро бар он овезед».
10 Пас, онҳо Ҳомонро бар доре, ки ӯ барои Мордахай тайёр карда буд, овехтанд ва ғазаби подшоҳ паст шуд.