Эстер 9:1-32
9 Дар рӯзи 13-уми моҳи 12-ум, яъне моҳи озор*,+ вақте фармон ва қонуни подшоҳ бояд иҷро мешуд,+ дар рӯзе ки душманони яҳудиён умедвор буданд бар онҳо дастболо шаванд, баръакси ин рӯй дод ва яҳудиён душманони худро мағлуб карданд.+
2 Яҳудиён дар ҳамаи вилоятҳои қаламрави подшоҳ Ахашверуш+ дар шаҳрҳои худ ҷамъ шуданд, то бо касоне, ки онҳоро нест кардан мехостанд, биҷанганд. Ҳеҷ кас ба онҳо муқобилат карда наметавонист, чунки тарси яҳудиён ҳама халқҳоро фаро гирифта буд.+
3 Ҳамаи мирони вилоятҳо, шаҳрбонон*,+ ҳокимон ва амалдорони подшоҳ яҳудиёнро дастгирӣ мекарданд, чунки аз Мордахай метарсиданд.
4 Мордахай дар хонаи подшоҳ бузург гардида буд+ ва шуҳрати ӯ дар тамоми вилоятҳо паҳн мегашт, зеро қудрати ӯ рӯз то рӯз меафзуд.
5 Яҳудиён ҳамаи душманони худро аз дами шамшер гузаронданд ва онҳоро несту нобуд карданд. Онҳо бо душманони худ чӣ коре, ки хостанд, карданд.+
6 Дар қалъаи Шушан+ яҳудиён 500 нафарро куштанд.
7 Онҳо ҳамчунин Паршандото, Далфӯн, Аспото,
8 Пӯрото, Адалиё, Аридото,
9 Пармашто, Арисой, Аридой ва Вайзото —
10 даҳ писари Ҳомони писари Ҳамдоторо, ки душмани яҳудиён буд,+ куштанд. Аммо баъди куштани онҳо яҳудиён ба ҳеҷ чизашон даст нарасонданд.+
11 Дар он рӯз ба подшоҳ хабар доданд, ки дар қалъаи Шушан чанд нафар кушта шуд.
12 Он гоҳ подшоҳ ба малика Эстер гуфт: «Инак, яҳудиён дар қалъаи Шушан 500 кас ва ҳамчунин 10 писари Ҳомонро куштанд. Дар вилоятҳои дигари подшоҳ чӣ кор кардаанд?+ Бигӯ, боз чӣ илтимосе дорӣ? Он ба ҷо оварда мешавад. Боз чӣ дархосте дорӣ? Он иҷро мешавад».
13 Эстер ҷавоб дод: «Агар ин ба подшоҳ писанд ояд,+ бигзор яҳудиёне, ки дар қалъаи Шушан ҳастанд, пагоҳ низ аз рӯйи қонуни имрӯза+ амал намоянд ва бигзор 10 писари Ҳомон ба дор* овехта шаванд».+
14 Подшоҳ фармон дод, ки ҳамин тавр шавад. Дар қалъаи Шушан қонун бароварда шуд ва 10 писари Ҳомонро бар дор овехтанд.
15 Яҳудиёни Шушан бори дигар рӯзи 14-уми моҳи озор+ ҷамъ шуданду 300 нафарро дар Шушан куштанд, аммо ба чизу чораи ҳеҷ кас даст нарасонданд.
16 Яҳудиёни боқимонда низ, ки дар вилоятҳои дигари подшоҳ мезистанд, барои ҳимояи ҷони худ+ ҷамъ омаданд ва 75 000 душманашонро куштанд.+ Лекин онҳо ба чизу чораи касе даст нарасонданд.
17 Ҳамаи ин дар рӯзи 13-уми моҳи озор рӯй дод ва яҳудиён дар рӯзи 14-ум дам гирифтанд ва онро рӯзи базму шодӣ қарор доданд.
18 Яҳудиёни Шушан бошанд, рӯзи 13-ум+ ва 14-ум+ ҷамъ шуда, рӯзи 15-ум дам гирифтанд ва онро рӯзи базму шодӣ қарор доданд.
19 Яҳудиёне, ки дар шаҳрҳои вилоятҳои дурдаст зиндагӣ мекарданд, рӯзи 14-уми моҳи озорро барои худ рӯзи базму шодӣ ва ид қарор доданд+ ва дар он рӯз барои якдигар хӯрок мефиристоданд.+
20 Мордахай+ ин воқеаҳоро навишт ва ба яҳудиёне, ки дар тамоми қаламрави подшоҳ Ахашверуш зиндагӣ мекарданд, мактубҳои расмӣ фиристод. Ӯ ба ҳама вилоятҳо, ба вилоятҳои дуру наздик, мактуб фиристод ва
21 ба онҳо фармуд, ки рӯзи 14-ум ва 15-уми моҳи озорро ҳар сол ҷашн гиранд,
22 зеро дар он рӯз яҳудиён аз душманони худ ором гирифтанд ва дар он моҳ ғаму ғуссаашон ба шодӣ ва мотамашон+ ба тӯй табдил ёфт. Онҳо бояд дар он рӯз базму шодӣ мекарданд, ба якдигар хӯрок ва ба камбағалон туҳфаҳо мефиристоданд.
23 Яҳудиён розӣ шуданд, ки минбаъд низ ин рӯзро ҷашн гиранд ва он чиро, ки Мордахай ба онҳо навишта буд, ба ҷо оваранд,
24 зеро Ҳомон,+ писари Ҳамдотои аҷаҷӣ,+ душмани ҳамаи яҳудиён, нақша дошт яҳудиёнро нест кунад+ ва ӯ «пур»,+ яъне қуръа, партофт, то ки яҳудиёнро ба воҳима орад ва онҳоро нобуд созад.
25 Аммо, вақте Эстер назди подшоҳ даромад, шоҳ чунин фармон навишт:+ «Бигзор нақшаи бадкоронае, ки ӯ бар зидди яҳудиён дошт,+ бар сари худаш ояд». Сипас Ҳомонро ҳамроҳи писаронаш ба дор овехтанд.+
26 Аз ин рӯ ин рӯзҳоро «Пурим»* номиданд, ки аз калимаи «пур»+ гирифта шудааст. Аз сабаби ҳар он чӣ дар мактуби Мордахай навишта шуда буд ва ҳар чӣ онҳо дида ва аз сар гузаронда буданд,
27 яҳудиён худ, насли худ ва ҳамаи касонеро, ки ба онҳо ҳамроҳ мешуданд,+ уҳдадор карданд, ки ин ду рӯзро ба таври ҳатмӣ ҷашн гиранд ва ҳар он чиро, ки дар бораи ин ду рӯз навишта шудааст, дар вақти муқарраршуда ҳар сол ба ҷо оранд.
28 Ин ду рӯзро бояд дар ҳар насл, ҳар оила, ҳар вилоят ва ҳар шаҳр ба хотир меоварданд ва ҷашн мегирифтанд. Ин ду рӯзи Пуримро бояд дар байни яҳудиён пайваста ҷашн мегирифтанд ва ёди ин рӯзҳо бояд аз хотираи наслҳои оянда намерафт.
29 Баъд Эстери малика, духтари Абиҳоил, ва Мордахайи яҳудӣ аз ҳокимияти худ истифода бурда, дар бобати Пурим мактуби дуюм навиштанд.
30 Мордахай ба ҳамаи яҳудиёне,+ ки дар 127 вилояти қаламрави шоҳ Ахашверуш+ буданд, бо суханони сулҳ ва ростӣ мактубҳои расмӣ фиристод
31 ва таъкид намуд, ки рӯзҳои Пуримро дар вақташ ҷашн гиранд, чи тавре ки Мордахайи яҳудӣ ва Эстери малика ба онҳо фармуда буданд+ ва ҳар он чиро, ки онҳо бар уҳдаи худ ва насли худ гузоштаанд,+ аз он ҷумла рӯза+ ва дуоро,+ ба ҷо оранд.
32 Бо фармони Эстер ин суханон дар бораи Пурим+ тасдиқ гардид ва фармони ӯ дар китоб навишта шуд.
Поварақҳо
^ Ниг. ба Замимаи Б15.
^ Ҳокими вилоятро дар империяи Бобилу Форс «шаҳрбон» мегуфтанд. Шаҳрбон аз тарафи подшоҳ таъйин мешуд ва дар вилоят соҳиби мақоми олӣ буд.
^ Маънои калимаи «пур» «қуръа» мебошад. «Пурим», ки шакли ҷамъи «пур» аст, номи иди яҳудиён гардид ва он дар моҳи 12-уми тақвими динӣ ҷашн гирифта мешуд. Ниг. ба Замимаи Б15.