Юнус 2:1-10

  • Юнус аз шиками моҳӣ дуо мегӯяд (1–9)

  • Моҳӣ Юнусро ба хушкӣ қай мекунад (10)

2  Баъд Юнус аз шиками моҳӣ ба Худои худ Яҳува дуо гуфт:+   «Аз ғаму андуҳи худ ба Яҳува дуо гуфтам ва ӯ ба ман ҷавоб дод.+ Аз даруни* гӯр* кумак пурсидам.+ Ту, эй Худо, зории маро шунидӣ.   Вақте маро ба қаъри об, ба миёни баҳр, партофтӣ,Обҳо маро иҳота карданд+Ва мавҷҳои пуршиддати ту маро гӯр карданд.+   Ман гуфтам: “Аз пеши ту ронда шудаам! Дигар кай ибодатгоҳи муқаддаси туро мебинам?”   Обҳо маро фаро гирифтанд ва қариб буд, ки бимирам*;+Обҳои бисёр маро пӯшонданд. Обсабзҳо ба сарам печиданд.   То бехи кӯҳҳо ғӯтидам. Замин дарвозаҳояшро аз пасам баст ва маро то абад асири худ кард. Аммо ту, эй Худои ман, Яҳува, ҷони маро аз чоҳ раҳондӣ.+   Вақте ҳаётам аз даст мерафт, Яҳуваро ба ёд овардам.+ Он гоҳ дуои ман ба даргоҳи ту, ба ибодатгоҳи муқаддаси ту, расид.+   Касоне, ки бутҳои бекораро мепарастанд, аз Сарчашмаи меҳру вафо* рӯ мегардонанд.   Аммо ман туро шукргузорӣ карда, бароят қурбонӣ меорам. Ҳар он чӣ назр* кардаам, иҷро мекунам.+ Наҷот аз Яҳува аст».+ 10  Пас аз ин Яҳува ба моҳӣ фармон дод ва он Юнусро ба хушкӣ қай кард.

Поварақҳо

Дар матни асл «Аз шиками».
Ибр. «шеол». Ниг. ба луғат, ба калимаи «гӯр».
Дар матни асл «Обҳо маро то ба ҷонам фаро гирифтанд».
Ё, эҳтимол, «аз садоқатмандии худ».
Назр — ниг. ба луғат.