Юшаъ 10:1-43

  • Исроил Ҷибъӯнро муҳофизат мекунад (1–7)

  • Яҳува барои Исроил меҷангад (8–15)

    • Бар сари душманон жола меборад (11)

    • Офтоб дар ҷояш меистад (12–14)

  • Панҷ подшоҳ зарба зада, кушта мешавад (16–28)

  • Шаҳрҳои ҷануб забт мешаванд (29–43)

10  Подшоҳи Ерусалим, Адӯнӣ-Содақ, хабардор шуд, ки Юшаъ Ойро забт намудааст ва онро ба нестӣ супурдааст ва бо Ойю подшоҳи он+ мисли Ериҳӯ ва подшоҳи он амал кардааст.+ Ӯ ҳамчунин огоҳ шуд, ки мардуми Ҷибъӯн бо Исроил сулҳ бастаанд+ ва дар миёни онҳо мондаанд.  Вақте ӯ ин хабарҳоро шунид, ба тарсу ҳарос омад,+ зеро Ҷибъӯн шаҳри бузург ва мисли яке аз шаҳрҳои подшоҳнишин буд. Он аз Ой ҳам бузургтар буд+ ва ҳама мардумаш ҷанговар буданд.  Адӯнӣ-Содақ — подшоҳи Ерусалим, ба Ҳӯҳом — подшоҳи Ҳебрӯн,+ Фиръом — подшоҳи Ярмут, Ёфиа — подшоҳи Локиш, ва Дабир — подшоҳи Эҷлӯн,+ паём фиристода, гуфт:  «Ба ёрии ман биёед, то ба Ҷибъӯн якҷоя ҳамла кунем, зеро он бо Юшаъ ва исроилиён сулҳ бастааст».+  Панҷ подшоҳи амӯрӣ+ — подшоҳи Ерусалим, подшоҳи Ҳебрӯн, подшоҳи Ярмут, подшоҳи Локиш ва подшоҳи Эҷлӯн — худашон ва лашкарҳояшон, ҷамъ омада, сӯйи Ҷибъӯн равона шуданд. Онҳо рӯ ба рӯйи Ҷибъӯн урду заданд, то бо он биҷанганд.  Мардуми Ҷибъӯн ба Юшаъ, ба хаймагоҳи Ҷилҷол,+ паём фиристода, гуфтанд: «Ғуломони худро напарто.+ Зуд биё! Моро наҷот деҳ ва ба мо ёрӣ расон! Ҳама подшоҳони амӯрӣ, ки дар кӯҳистонанд, бар зидди мо ҷамъ омадаанд».  Ин паёмро гирифта Юшаъ бо ҳама мардони ҷангӣ ва ҷанговарони далер ба он ҷо рафт.+  Яҳува ба Юшаъ гуфт: «Аз онҳо натарс,+ зеро ман онҳоро ба дасти ту супурдаам.+ Ҳеҷ яке аз онҳо бар зидди ту истодагӣ карда наметавонад».+  Юшаъ тамоми шаб аз Ҷилҷол роҳ паймуда, ногаҳон ба онҳо ҳамла кард. 10  Яҳува онҳоро дар пеши Исроил ба ошӯб андохт+ ва исроилиён дар Ҷибъӯн бисёре аз онҳоро куштанд. Исроилиён бо кӯтали Байт-Ҳорӯн боло баромада, онҳоро то ба Азеқо ва Маққедо зарба мезаданд. 11  Ҳангоме ки онҳо аз исроилиён мегурехтанд ва дар кӯтали Байт-Ҳорӯн буданд, Яҳува то ба худи Азеқо аз осмон бар сари онҳо жолаҳои калон-калон меборонид ва онҳо мемурданд. Дар натиҷа, онҳое, ки аз жоласангҳо мурданд, назар ба онҳое, ки аз дами шамшери исроилиён мурданд, бештар буданд. 12  Маҳз дар он рӯз, яъне рӯзе, ки Яҳува амӯриёнро дар пеши назари исроилиён торумор сохт, Юшаъ ба номи Яҳува сухан ронда, дар пеши исроилиён чунин гуфт: «Эй офтоб, бар Ҷибъӯн+ биист+Ва, эй моҳ, бар водии Аёлӯн!» 13  Офтоб дар ҷояш истод ва моҳ наҷунбид, то даме ки мардуми Исроил аз душманони худ қасос гирифт. Ин воқеа дар китоби Ёшор навишта шудааст.+ Офтоб дар миёнаи осмон истод ва қариб рӯзи дароз ба нишастан шитоб накард. 14  На пеш аз он ва на баъд аз он чунин рӯзе набуд, ки Яҳува ба ин тариқ ба сухани одам гӯш дода бошад,+ зеро он рӯз Яҳува барои Исроил меҷангид.+ 15  Баъд аз ин Юшаъ ҳамроҳи тамоми Исроил ба хаймагоҳи Ҷилҷол баргашт.+ 16  Вале он панҷ подшоҳ гурехта, дар Маққедо, дар ғор, пинҳон шуда буданд.+ 17  Ба Юшаъ хабар доданд: «Он панҷ подшоҳро ёфтанд: онҳо дар Маққедо, дар ғор, пинҳон шудаанд».+ 18  Юшаъ гуфт: «Ба даҳани ғор сангҳои калон ғелонда, дар он ҷо посбонҳоро таъйин кунед. 19  Дигарон бошанд, наистанд. Роҳро давом дода, душманонро дунболагирӣ кунед ва онҳоро аз қафояшон зарба занед.+ Нагузоред, ки онҳо ба шаҳрҳои худ дароянд, зеро Худоятон Яҳува онҳоро ба дасти шумо супурдааст». 20  Юшаъ ва исроилиён ба онҳо зарбаи хеле сахте расонида, қариб ҳамаашонро несту нобуд карданд ва танҳо якчанд нафар халос хӯрда, ба шаҳрҳои ҳисордор даромаданд. 21  Пас аз ин тамоми мардум сиҳату саломат назди Юшаъ, ба урдугоҳи Маққедо, баргашт. Ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки ба исроилиён сухани баде гӯяд. 22  Юшаъ гуфт: «Даҳани ғорро кушоед ва он панҷ подшоҳро назди ман бароред». 23  Онҳо он панҷ подшоҳро — подшоҳи Ерусалим, подшоҳи Ҳебрӯн, подшоҳи Ярмут, подшоҳи Локиш ва подшоҳи Эҷлӯнро,+ аз ғор назди ӯ бароварданд. 24  Вақте онҳо ин подшоҳонро назди Юшаъ оварданд, ӯ ҳамаи мардони Исроилро назди худ хонда, ба сардорони ҷанговарон, ки бо ӯ рафта буданд, чунин гуфт: «Пеш биёед. Поятонро ба пушти гардани ин подшоҳон монед». Онҳо пеш омада, пойҳояшонро ба пушти гардани онҳо монданд.+ 25  Сипас Юшаъ ба онҳо гуфт: «Натарсед ва ҳаросон нашавед.+ Далеру устувор бошед, зеро Яҳува бо ҳамаи душманонатон, ки бар зидди онҳо меҷангед, ҳамин тавр мекунад».+ 26  Сипас Юшаъ онҳоро зарба зада кушт ва бар панҷ дор* овехт ва онҳо то бегоҳӣ дар дорҳо овезон монданд. 27  Вақти нишастани офтоб Юшаъ фармуд, ки онҳоро аз дор гирифта,+ ба ғоре, ки дар он пинҳон шуда буданд, партоянд ва ба даҳани он сангҳои калон оварда, монанд, ки то ба имрӯз дар он ҷо мебошанд. 28  Юшаъ Маққедоро дар он рӯз забт кард+ ва аҳолии онро аз дами шамшер гузаронд. Ӯ подшоҳи он ва ҳама мардуми онро ба нестӣ супурд ва ҳеҷ касро зинда намонд.+ Ӯ бо подшоҳи Маққедо+ ҳамон тавре амал кард, ки бо подшоҳи Ериҳӯ карда буд. 29  Сипас Юшаъ ҳамроҳи ҳамаи исроилиён аз Маққедо ба Либно рафт ва бар зидди Либно ҷангид.+ 30  Яҳува онро низ ҳамроҳи подшоҳаш+ ба дасти Исроил супурд ва онҳо шаҳрро бо тамоми мардумаш аз дами шамшер гузаронданд ва касеро зинда намонданд. Онҳо бо подшоҳи Либно ҳамон тавре амал карданд, ки бо подшоҳи Ериҳӯ карда буданд.+ 31  Баъд аз ин Юшаъ ҳамроҳи ҳамаи исроилиён аз Либно ба Локиш+ рафт ва дар он ҷо урду зада, бар зидди он ҷангид. 32  Яҳува Локишро ба дасти Исроил супурд ва исроилиён дар рӯзи дуюм онро забт карданд. Онҳо шаҳрро бо тамоми мардумаш аз дами шамшер гузаронданд,+ ҳамон тавре ки бо Либно карда буданд. 33  Он гоҳ Ҳӯром, подшоҳи Ҷозар,+ ба кумаки Локиш шитофт, вале Юшаъ ӯро бо мардумаш зарба зада, ҳеҷ касеро аз онҳо зинда намонд. 34  Сипас Юшаъ ҳамроҳи тамоми Исроил аз Локиш ба Эҷлӯн+ рафт ва дар он ҷо урду зада, бар зидди он ҷангид. 35  Дар он рӯз онҳо шаҳрро забт карданд ва аҳолии онро аз дами шамшер гузаронданд. Онҳо мардумашро он рӯз ба нестӣ супурданд, ҳамон тавре ки бо Локиш карда буданд.+ 36  Баъд Юшаъ ҳамроҳи тамоми Исроил аз Эҷлӯн ба Ҳебрӯн+ рафт ва бар зидди он ҷангид. 37  Онҳо шаҳрро забт карданд ва онро бо подшоҳаш, шаҳрҳои гирду атрофаш ва тамоми мардумаш аз дами шамшер гузаронданд ва касеро дар он зинда намонданд. Ӯ шаҳр ва мардуми онро ба нестӣ супурд, ҳамон тавре ки бо Эҷлӯн карда буд. 38  Баъд Юшаъ ҳамроҳи тамоми Исроил сӯйи Дабир+ рӯ овард ва бар зидди он ҷангид. 39  Онҳо Дабирро бо подшоҳаш ва ҳама шаҳрҳояш забт карда, мардумашро аз дами шамшер гузаронданд ва ба нестӣ супурданд.+ Онҳо касеро дар он зинда намонданд.+ Ӯ бо Дабир ва подшоҳи он ҳамон тавре кард, ки бо Ҳебрӯн ва Либною подшоҳаш карда буд. 40  Юшаъ тамоми замини кӯҳистон, Негеб, Шефило,+ нишебиҳо ва тамоми подшоҳони он ҷойҳоро мағлуб кард. Ӯ касеро дар он ҷо зинда намонд ва тамоми ҷонзодро ба нестӣ супурд,+ ҳамон тавре ки Яҳува, Худои Исроил, фармуда буд.+ 41  Юшаъ онҳоро аз Қодеш-Барнеа+ то Ғазза,+ тамоми замини Ҷӯшан+ ва заминҳои дигарро то Ҷибъӯн+ шикаст дод. 42  Юшаъ тамоми ин подшоҳон ва заминашонро яку якбора забт кард, зеро худи Яҳува, Худои Исроил, барои Исроил меҷангид.+ 43  Баъд Юшаъ ҳамроҳи тамоми исроилиён ба хаймагоҳе, ки дар Ҷилҷол буд,+ баргашт.

Поварақҳо

Ё «сутун». Ниг. ба луғат, ба калимаи «дор».