Юшаъ 11:1-23
11 Вақте Ёбин, подшоҳи Ҳосӯр, инро шунид, ба подшоҳи Шимрӯн, подшоҳи Акшоф+ ва ба Юбоби подшоҳи Модӯн,+
2 ба подшоҳоне, ки дар тарафи шимол, дар кӯҳистон, дар даштҳои ҷануби Кинерӯт, дар Шефило, ва дар ғарб, дар нишебиҳои Дӯр,+ зиндагӣ мекарданд,
3 ба канъониёни+ шарқу ғарб, ба амӯриён,+ ҳиттиён, фариззиён, ябусиён, ки дар кӯҳистон зиндагӣ мекарданд, ва ба ҳиввиён,+ ки дар доманаи кӯҳи Ҳермӯн,+ дар замини Мисфо, зиндагӣ мекарданд, паём фиристод.
4 Аз ин рӯ онҳо бо тамоми лашкарҳояшон, ки мисли реги лаби баҳр беҳисоб буданд, ва бо аспу аробаҳои сершуморашон берун омаданд.
5 Ҳамаи ин подшоҳон маслиҳат карда, вохӯрданд ва дар назди обҳои Мерӯм урду заданд, то бо Исроил биҷанганд.
6 Яҳува ба Юшаъ гуфт: «Аз онҳо натарс,+ зеро пагоҳ ҳамин вақт ман ҳамаашонро ба дасти Исроил месупорам ва онҳо кушта мешаванд. Ту бояд рагу пайи аспҳояшонро бибурӣ+ ва аробаҳояшонро дар оташ бисӯзонӣ».
7 Юшаъ ҳамроҳи ҳама ҷанговарон назди обҳои Мерӯм ба онҳо ногаҳон ҳуҷум кард.
8 Яҳува онҳоро ба дасти Исроил супурд+ ва исроилиён аз пайи онҳо то Сидӯни Бузург+ ва Мисрефӯт-Маим+ ва водии Мисфо, ба тарафи шарқ давиданд ва онҳоро зарба заданд, ба тавре ки як нафар ҳам зинда намонд.+
9 Сипас Юшаъ бо онҳо, ҳамон тавре ки Яҳува ба ӯ гуфта буд, амал намуд. Ӯ рагу пайи аспҳояшонро бурида, аробаҳояшонро дар оташ сӯзонд.+
10 Ғайр аз ин, Юшаъ баргашта, Ҳосӯрро забт намуд ва подшоҳи онро аз дами шамшер гузаронд,+ зеро Ҳосӯр пеш дар байни ҳамаи ин мамлакатҳо асосӣ буд.
11 Онҳо дар ин шаҳр ҳамаро аз дами шамшер гузаронданд ва ба нестӣ супурданд.+ Дар он ҷо ягон ҷонзод зинда намонд.+ Баъд ӯ Ҳосӯрро оташ зад.
12 Юшаъ ҳама шаҳрҳои ин подшоҳонро забт кард ва тамоми ин подшоҳонро аз дами шамшер гузаронд.+ Ӯ онҳоро ба нестӣ супурд,+ ҳамон тавре ки хизматгори Яҳува, Мӯсо, фармуда буд.
13 Лекин Исроил ғайр аз Ҳосӯр, ки Юшаъ онро сӯзонда буд, дигар шаҳрҳоеро, ки дар теппаҳо ҷойгир буданд, насӯзонд.
14 Тамоми ғанимати ин шаҳрҳо ва чорвояшонро исроилиён барои худ гирифтанд.+ Ҳамаи одамонро бошад, аз як сар аз дами шамшер гузаронданд+ ва ягон нафарро зинда намонданд.+
15 Чунон ки Яҳува ба хизматгори худ Мӯсо фармуда буд, ончунон Мӯсо ба Юшаъ амр фармуд+ ва Юшаъ ҳамон тавр кард. Ӯ ҳама амрҳоеро, ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд, якояк иҷро кард.+
16 Юшаъ тамоми ин замин: кӯҳистон, тамоми Негеб,+ тамоми замини Ҷӯшан, Шефило,+ Аробо,+ кӯҳистони Исроил ва доманаи* онро забт кард.
17 Ӯ аз кӯҳи Ҳолоқ, ки сӯйи Сеир доман паҳн мекунад, то Баал-Ҷод,+ ки дар водии Лубнон, дар доманаи кӯҳи Ҳермӯн,+ ҷойгир аст, тамоми он заминро, аз худ кард ва тамоми подшоҳони онҳоро асир карда, ба қатл расонд ва ҳамин тавр бар онҳо дастболо шуд.
18 Юшаъ муддати дароз бо ҳамаи ин подшоҳон ҷангид.
19 Аз миёни ҳамаи шаҳрҳо фақат ҳиввиён, ки дар Ҷибъӯн сокин буданд,+ бо Исроил сулҳ бастанд. Бо ҳамаи дигар шаҳрҳо исроилиён ҷангиданд ва онҳоро забт карданд.+
20 Яҳува гузошт, ки дили онҳо сахт шавад+ ва бар зидди Исроил биҷанганд, то ба онҳо раҳм карда нашавад ва онҳо ба нестӣ супурда шаванд.+ Онҳоро, ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд,+ бояд несту нобуд мекарданд.
21 Дар он вақт Юшаъ аноқиёнро,+ ки дар кӯҳистон, дар Ҳебрӯн, Дабир, Аноб ва дар тамоми кӯҳистони Яҳудо ва Исроил зиндагӣ мекарданд, несту нобуд кард. Юшаъ онҳоро бо шаҳрҳояшон ба нестӣ супурд.+
22 Дар замини исроилиён ягон аноқӣ намонд. Онҳо танҳо дар Ғазза,+ Ҷат+ ва Ашдӯд+ боқӣ монданд.+
23 Юшаъ, ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо ваъда дода буд,+ тамоми он заминро соҳиб шуд ва онро байни қабилаҳои Исроил тақсим намуда, мерос дод.+ Пас аз ин замин аз ҷанг ором гирифт.+
Поварақҳо
^ Ё «Шефилои».