Юшаъ 12:1-24

  • Подшоҳони замини тарафи шарқии Урдун шикаст мехӯранд (1–6)

  • Подшоҳони замини тарафи ғарбии Урдун шикаст мехӯранд (7–24)

12  Инҳоянд подшоҳоне, ки исроилиён онҳоро мағлуб намуда, заминашонро соҳиб шуданд. Замини онҳо дар тарафи шарқии дарёи Урдун буда, аз водии Арнӯн+ то ба кӯҳи Ҳермӯн,+ тӯл мекашид ва тамоми Аробои тарафи шарқиро дар бар мегирифт.+  Яке аз ин подшоҳон Сиҳӯни+ амӯрӣ буд, ки дар Ҳешбӯн зиндагӣ мекард. Ӯ бар шаҳри Арӯэр+ ҳукмронӣ мекард, ки он дар канори водии Арнӯн+ ҷойгир буд. Тамоми минтақаи миёни водии Арнӯн то водии Яббӯқ, ки сарҳади аммӯниён аст, аз они ӯ буд. Ӯ бар нисфи Ҷилъод ҳукмронӣ мекард.  Ӯ ҳамчунин бар тарафи шарқии Аробо то баҳри Кинерӯт*+ ва то баҳри Аробо, баҳри Намак, ҳукмронӣ мекард. Дар шарқ қаламрави ӯ ба самти Байт-Яшимут, то нишебиҳои Фисҷа,+ ки дар ҷанубанд, тӯл мекашид.  Подшоҳи дигаре, ки исроилиён заминашро забт карданд, Ӯҷ,+ подшоҳи Бошон, буд, ки аз бақияи рафоиён+ буда, дар Ашторӯт ва Эдрей зиндагӣ мекард.  Ба қаламрави ӯ кӯҳи Ҳермӯн, Салко, тамоми Бошон+ то сарҳади ҷашуриёну маъхогиён+ ва нисфи Ҷилъод то сарҳади Сиҳӯни подшоҳи Ҳешбӯн+ дохил мешуд.  Мӯсо, хизматгори Яҳува, ва исроилиён онҳоро мағлуб намуданд.+ Баъд аз ин Мӯсо, хизматгори Яҳува, замини онҳоро ба реубениён, ҷодиён ва нисфи қабилаи Менашше мерос дод.+  Инҳоянд подшоҳоне, ки Юшаъ ва исроилиён онҳоро дар тарафи ғарбии Урдун, аз Баал-Ҷод,+ ки дар водии Лубнон+ аст, то кӯҳи Ҳолоқ,+ ки сӯйи Сеир+ доман паҳн мекунад, мағлуб карданд. Баъд аз мағлуб кардани онҳо Юшаъ заминашонро ба қабилаҳои Исроил аз рӯйи ҳиссаҳояшон мерос дод.+  Ин замин кӯҳистон, Шефило, Аробо, нишебиҳо, биёбон ва Негебро дар бар мегирифт+ ва замини ҳиттиён, амӯриён,+ канъониён, фариззиён, ҳиввиён ва ябусиён+ буд. Инҳоянд подшоҳони он замин:   Подшоҳи Ериҳӯ,+ подшоҳи Ой+ (Ой дар назди Байт-Ил буд), 10  подшоҳи Ерусалим, подшоҳи Ҳебрӯн,+ 11  подшоҳи Ярмут, подшоҳи Локиш, 12  подшоҳи Эҷлӯн, подшоҳи Ҷозар,+ 13  подшоҳи Дабир,+ подшоҳи Ҷадир, 14  подшоҳи Ҳормо, подшоҳи Арод, 15  подшоҳи Либно,+ подшоҳи Адуллом, 16  подшоҳи Маққедо,+ подшоҳи Байт-Ил,+ 17  подшоҳи Тапуҳа, подшоҳи Ҳефар, 18  подшоҳи Афиқ, подшоҳи Лашшорӯн, 19  подшоҳи Модӯн, подшоҳи Ҳосӯр,+ 20  подшоҳи Шимрӯн-Марӯн, подшоҳи Акшоф, 21  подшоҳи Таънок, подшоҳи Маҷиддӯ, 22  подшоҳи Қедеш, подшоҳи Ёқенъом,+ ки дар Кармил аст, 23  подшоҳи Дӯр, ки дар нишебиҳои Дӯр+ аст, подшоҳи Ҷӯим, ки дар Ҷилҷол аст, 24  подшоҳи Тирсо. Ҳамагӣ 31 подшоҳ.

Поварақҳо

Яъне кӯли Ҷинесор ё баҳри Ҷалил.