Юшаъ 13:1-33
13 Юшаъ пиру солхӯрда шуд+ ва Яҳува ба ӯ гуфт: «Ту пиру солхӯрда шудаӣ, лекин заминҳои зиёде ҳанӯз забт нашудаанд.
2 Инҳоянд заминҳои боқимонда:+ тамоми минтақаи фалиштиён ва ҷашуриён+
3 (аз шохаи Нил*, ки дар шарқи Миср аст, то ба сарҳади Эқрӯн, ба тарафи шимол, ки замини Канъон ба ҳисоб мерафт),+ аз он ҷумла сарзамини панҷ ҳокими фалиштӣ:+ замини ғазаиён, ашдӯдиён,+ ашқалӯниён,+ ҷаттиён+ ва эқрӯниён;+ замини аввимиён,+ ки
4 дар ҷануб аст; тамоми замини канъониён; Маоро, ки аз они сидӯниён+ аст, то Афиқ, то сарҳади амӯриён;
5 замини ҷабалиён+ ва тамоми шарқи Лубнон аз Баал-Ҷод, ки дар доманаи кӯҳи Ҳермӯн аст, то Лебӯ-Ҳамот*;+
6 тамоми кӯҳистон аз Лубнон+ то Мисрефӯт-Маим+ ва тамоми замини сидӯниён.+ Ман ин мардумро аз пеши исроилиён меронам.+ Ту фақат замини меросии исроилиёнро ба онҳо тақсим карда бидеҳ, ҳамон тавре ки ба ту фармуда будам.+
7 Ин заминро байни нуҳ қабила ва ним қабилаи Менашше тақсим карда, мерос бидеҳ».+
8 Қабилаи Реубен ва Ҷод бо нисфи дигари қабилаи Менашше дар тарафи шарқии Урдун заминҳои худро мерос гирифтанд, яъне ҳамон заминеро, ки хизматгори Яҳува, Мӯсо, ба онҳо дода буд:+
9 аз Арӯэр,+ ки дар канори водии Арнӯн+ аст, бо шаҳре, ки дар миёни он водист, ва тамоми паҳнкӯҳи Мидбо то Дибӯн;
10 ҳамаи шаҳрҳои Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён, ки дар Ҳешбӯн ҳукмронӣ мекард, то сарҳади аммӯниён;+
11 инчунин Ҷилъод ва замини ҷашуриёну маъхогиён+ ва тамоми кӯҳи Ҳермӯн ва тамоми Бошон+ то Салко;+
12 тамоми қаламрави Ӯҷи бошонӣ, ки дар Ашторӯт ва Эдрей ҳукмронӣ мекард ва аз бақияи рафоиён буд.+ Мӯсо онҳоро мағлуб намуда, бадар ронда буд.+
13 Вале исроилиён ҷашуриёну маъхогиёнро бадар наронданд+ ва онҳо то имрӯз дар миёни исроилиён зиндагӣ мекунанд.
14 Мӯсо фақат ба қабилаи Левӣ меросе надод.+ Қурбониҳои Яҳува, Худои Исроил, ки бар оташ сӯзонда мешаванд, мероси онҳо мебошад,+ ҳамон тавре ки ӯ ба онҳо ваъда дода буд.+
15 Сипас Мӯсо ба қабилаи реубениён аз рӯйи хонаводаҳояшон мерос дод.
16 Замини онҳо аз Арӯэр, ки дар канори водии Арнӯн аст, сар шуда, шаҳреро, ки дар миёни водист, ва тамоми паҳнкӯҳи Мидборо дар бар мегирифт.
17 Ба ин замин Ҳешбӯн ва шаҳрҳои он,+ ки дар паҳнкӯҳ ҷойгиранд, Дибӯн, Бомӯт-Баал ва Байт-Баал-Маӯн,+
18 Ёҳас,+ Қадимӯт,+ Мифоат,+
19 Қирятоим, Сибмо+ ва Сорат-Шаҳар, ки дар кӯҳи водӣ аст,
20 Байт-Фаӯр, нишебиҳои Фисҷа+ ва Байт-Яшимут+ дохил мешуд.
21 Ба онҳо тамоми шаҳрҳои паҳнкӯҳ ва тамоми қаламрави Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён, ки дар Ҳешбӯн ҳукмронӣ мекард,+ дода шуд. Мӯсо Сиҳӯнро, ҳамчунин сардорони мидёнӣ — Эвӣ, Роқам, Сур, Ҳур ва Рабаъро,+ ки мирони тобеи Сиҳӯн буданду дар он замин зиндагӣ мекарданд, шикаст дод.+
22 Исроилиён дар қатори дигарон Билъоми+ писари Баӯрро, ки фолбин буд,+ аз дами шамшер гузаронданд.
23 Сарҳади реубениён Урдун буд. Ин буд мероси реубениён аз рӯйи хонаводаҳояшон бо шаҳрҳо ва маҳалҳои зисташон.
24 Ҳамчунин Мӯсо ба қабилаи Ҷод аз рӯйи хонаводаҳояшон мерос дод.
25 Ин заминҳо низ аз они онҳо буд: Яъзир+ ва тамоми шаҳрҳои Ҷилъод ва нисфи замини аммӯниён,+ то ба Арӯэр, ки дар рӯ ба рӯйи Рабба+ аст;
26 аз Ҳешбӯн+ то Ромот-Мисфо ва Батӯним ва аз Маҳаноим+ то сарҳади Дабир;
27 дар водӣ бошад, Байт-Ҳорон, Байт-Нимро,+ Суккӯт+ ва Софӯн, бақияи қаламрави Сиҳӯн, подшоҳи Ҳешбӯн.+ Сарҳади онҳо тамоми тарафи шарқии Урдунро дар бар гирифта, то канори ҷанубии баҳри Кинерӯт*+ тӯл мекашид.
28 Ин буд мероси ҷодиён аз рӯйи хонаводаҳояшон бо шаҳрҳо ва маҳалҳои зисташон.
29 Ҳамчунин Мӯсо ба нисфи қабилаи Менашше аз рӯйи хонаводаҳояшон мерос дод.+
30 Замини онҳо аз Маҳаноим+ сар шуда, тамоми Бошон, тамоми қаламрави Ӯҷ, подшоҳи Бошон, ва тамоми деҳоти хайманишини Ёирро+ дар бар мегирифт. Замини онҳо 60 шаҳр дошт.
31 Нисфи Ҷилъод, Ашторӯт ва Эдрей+ — шаҳрҳои қаламрави Ӯҷ, подшоҳи Бошон, аз они писарони Мокир,+ писари Менашше, шуданд, яъне аз они нисфи писарони Мокир аз рӯйи хонаводаҳояшон.
32 Ин буд меросе, ки Мӯсо дар даштҳои Мӯоб, аз он тарафи Урдун, дар шарқи Ериҳӯ ба онҳо дод.+
33 Аммо ба қабилаи Левӣ Мӯсо меросе надод.+ Мероси онҳо Яҳува, Худои Исроил, аст, ҳамон тавре ки ӯ ваъда дода буд.+