Юшаъ 16:1-10
16 Замине, ки аз рӯйи қуръа+ ба насли Юсуф афтод,+ ин буд: аз Урдун, назди Ериҳӯ, то шарқи обҳои Ериҳӯ, то биёбоне, ки аз Ериҳӯ ба кӯҳистони Байт-Ил тӯл мекашид.+
2 Замин аз Байт-Ил, ки назди Луз аст, то сарҳади аркиён, то Аторӯт, рафта мерасид.
3 Сипас он ба тарафи ғарб, сӯйи сарҳади яфлетиён фаромада, то сарҳади Байт-Ҳорӯни Поён+ ва Ҷозар+ рафта мерасид ва дар баҳр тамом мешуд.
4 Насли Юсуф,+ яъне Менашше ва Эфроим, замини худро соҳиб шуданд.+
5 Сарҳади замини Эфроим аз рӯйи хонаводаҳояш ин буд: сарҳади эфроимиён аз тарафи шарқ Аторӯт-Аддор+ буда, то Байт-Ҳорӯни Боло+ тӯл мекашид.
6 Сипас сарҳад ба канори баҳр рафта мерасид. Аз Михматот,+ ки дар шимол буд, сар карда, сарҳад ба тарафи шарқ, ба сӯйи Таанат-Шилӯ мегашт ва ба шарқ, сӯйи Ёнӯҳо мерафт.
7 Аз Ёнӯҳо ба Аторӯт ва Нааро мефаромад ва ба Ериҳӯ+ рафта мерасид ва то ба Урдун тӯл мекашид.
8 Сарҳад аз Тапуҳа+ ба ғарб, сӯйи водии Қоно, мерафт ва дар баҳр ба охир мерасид.+ Ин аст замини қабилаи Эфроим аз рӯйи хонаводаҳояш.
9 Эфроимиён ҳамчунин андаруни замини Менашше шаҳрҳои алоҳида доштанд+ ва ҳамаи шаҳрҳо бо маҳалҳои тобеашон буд.
10 Аммо онҳо канъониёнеро, ки дар Ҷозар зиндагӣ мекарданд, пеш накарданд.+ Аз ин рӯ канъониён то ба имрӯз дар миёни Эфроим зиндагӣ мекунанд+ ва ба гарданашон меҳнати маҷбурӣ бор шудааст.+