Юшаъ 17:1-18
17 Сипас қуръа+ ба қабилаи Менашше+ афтод, зеро ӯ писари калонии Юсуф буд.+ Азбаски Мокир+ — писари калонии Менашше, падари Ҷилъод, марди ҷангӣ буд, ба ӯ Ҷилъод ва Бошонро доданд.+
2 Ба писарони дигари Менашше низ аз рӯйи хонаводаҳояшон, аз рӯйи қуръа замин дода шуд: барои писарони Абиозер,+ писарони Ҳелеқ, писарони Асриил, писарони Шакем, писарони Ҳефар ва писарони Шамидоъ. Инҳо буданд писарони Менашше, писари Юсуф, мардони ин қабила, аз рӯйи хонаводаҳояшон.+
3 Аммо Салофҳод,+ писари Ҳефар, писари Ҷилъод, писари Мокир, писари Менашше, писар надошт. Ӯ танҳо духтар дошт ва номҳои духтаронаш чунин буданд: Маҳло, Нӯо, Ҳоҷло, Милко ва Тирсо.
4 Ҳамин духтарон назди Элъозори коҳин,+ Юшаи писари Нун ва сардорони халқ омада, гуфтанд: «Яҳува ба Мӯсо фармуда буд, то ба мо дар миёни бародаронамон мерос бидиҳад».+ Аз ин рӯ ба онҳо бо фармони Яҳува дар миёни бародарони падарашон мерос доданд.+
5 Ғайр аз замини Ҷилъод ва Бошон, ки дар он тарафи Урдун* буданд, ба қабилаи Менашше даҳ қитъаи дигар расид,+
6 зеро духтарони Менашше дар қатори писаронаш мерос гирифтанд ва замини Ҷилъод мулки бақияи фарзандони Менашше гардид.
7 Сарҳади замини Менашше аз Ошер то Михматот,+ ки дар рӯ ба рӯйи Шакем+ аст, тӯл мекашад. Сипас он ба тарафи ҷануб, сӯйи замини сокинони Эйн-Тапуҳа, равона мешуд.
8 Замини Тапуҳа+ аз они Менашше шуд, аммо худи Тапуҳа, ки дар сарҳади Менашше буд, аз они Эфроим гардид.
9 Ин сарҳад сӯйи водии Қоно, ба ҷануби водӣ мефаромад, ки дар он ҷо шаҳрҳои Эфроим дар миёни замини Менашше ҷойгир буданд.+ Сарҳади Менашше аз шимоли водӣ мегузашт ва дар баҳр ба охир мерасид.+
10 Тарафи ҷанубӣ аз они Эфроим ва тарафи шимолӣ аз они Менашше буд. Сарҳади Менашше баҳр буд+ ва дар шимол замини Менашше бо Ошер ва дар шарқ бо Иссокор ҳамсарҳад мешуд.
11 Дар замини Иссокор ва Ошер ба Менашше шаҳрҳои зерин бо сокинон ва шаҳракҳои тобеашон* дода шуд: Байт-Шеон, Иблеом,+ Дӯр,+ Эйн-Дӯр,+ Таънок+ ва Маҷиддӯ. Ба онҳо се ноҳияи кӯҳӣ дода шуд.
12 Аммо фарзандони Менашше натавонистанд ин шаҳрҳоро соҳиб шаванд, зеро канъониён истодагарӣ намуда, дар он замин монданд.+
13 Вақте исроилиён пурқувват шуданд, бар гардани канъониён меҳнати маҷбуриро бор карданд,+ вале пурра онҳоро наронданд.+
14 Фарзандони Юсуф ба Юшаъ гуфтанд: «Чаро ба мо танҳо аз рӯйи як қуръа замин додӣ ва чаро ба мо танҳо як қитъаи замин расид?+ Охир, Яҳува то ба имрӯз моро баракат дода, халқи сершуморе гардондааст».+
15 Юшаъ ба онҳо гуфт: «Агар шумо ин қадар халқи сершумор бошед, ба ҷангал рафта, дар замини фариззиён+ ва рафоиён+ барои худ ҷой тоза кунед, зеро кӯҳистони Эфроим+ барои шумо аз ҳад танг аст».
16 Сипас фарзандони Юсуф гуфтанд: «Замини кӯҳистон барои мо кам аст ва ҳама канъониёне, ки дар водӣ зиндагӣ мекунанд, аробаҳои ҷангии теғдор* доранд,+ ҳам онҳое, ки дар Байт-Шеону+ шаҳракҳои тобеи* онанд, ва ҳам онҳое, ки дар водии Изреъил+ зиндагӣ мекунанд».
17 Юшаъ ба хонадони Юсуф, яъне Эфроим ва Менашше, чунин гуфт: «Шумо халқи сершумор ва пурзӯред. Шумо соҳиби фақат як ҳиссаи замин намешавед,+
18 балки кӯҳистон низ аз они шумо мешавад.+ Агарчи он ҷо ҷангалзор аст, онро тоза хоҳед кард ва он канори заминатон мешавад. Шумо канъониёнро низ бадар меронед, ҳарчанд онҳо қавиянд ва соҳиби аробаҳои ҷангии теғдоранд*».+
Поварақҳо
^ Яъне тарафи шарқии он.
^ Ё «атрофашон».
^ Дар матни асл «аробаҳои оҳанин».
^ Ё «атрофи».
^ Дар матни асл «аробаҳои оҳанинанд».