Юшаъ 18:1-28
18 Сипас тамоми мардуми Исроил дар Шилӯ+ гирд омаданд ва он ҷо хаймаи ҷомеъро гузоштанд,+ зеро заминро аллакай забт карда буданд.+
2 Лекин дар миёни ҳафт қабилаи Исроил ҳанӯз замин тақсим нашуда буд.
3 Барои ҳамин Юшаъ ба исроилиён гуфт: «Чаро шумо заминеро, ки Худоятон Яҳува ба бобоёнатон додааст, ҳоло ҳам соҳиб нашудаед?+ То ба кай ин корро ба қафо мепартоед?
4 Аз ҳар қабила се нафарро ҷудо кунед ва ман онҳоро мефиристам, то рафта, саросари заминро гарданд ва нақшаи онро мувофиқи ҳиссаи ҳар қабила бикашанд ва сипас назди ман баргарданд.
5 Онҳо бояд заминро дар миёни худ ба ҳафт ҳисса тақсим кунанд.+ Яҳудо дар замини худ, дар ҷануб, мемонад,+ хонадони Юсуф бошад, дар замини худ, дар шимол.+
6 Заминро ба ҳафт ҳисса тақсим карда, нақшаи онро кашед ва назди ман оред. Ман барои шумо назди Худоятон Яҳува қуръа мепартоям.+
7 Вале ба левизодагон дар миёни шумо ҳиссае дода намешавад,+ зеро ҳиссаи онҳо хизмати коҳинист, ки Яҳува муқаррар кардааст.+ Ҷоду Реубен ва нисфи қабилаи Менашше+ мероси худро, ки ба онҳо хизматгори Яҳува, Мӯсо, дар тарафи шарқии дарёи Урдун дода буд, гирифтаанд».
8 Он мардон ба рафтан тайёр шуданд ва Юшаъ ба мардоне, ки бояд барои кашидани нақшаи замин мерафтанд, фармуд: «Биравед, заминро давр занед ва нақшаи онро кашида, назди ман баргардед ва ман дар ин ҷо, дар Шилӯ, барои шумо назди Яҳува қуръа мепартоям».+
9 Он мардон рафта, заминро давр заданд ва онро ба ҳафт ҳисса тақсим намуда, дар бораи шаҳрҳояшон дар китоб батафсил навиштанд. Пас аз ин назди Юшаъ ба хаймагоҳи Шилӯ омаданд.
10 Юшаъ дар Шилӯ барои онҳо назди Яҳува қуръа партофт.+ Дар он ҷо Юшаъ заминро дар миёни исроилиён мувофиқи ҳиссаҳояшон тақсим кард.+
11 Аввал қуръа ба қабилаи Бинёмин мувофиқи хонаводаҳояш афтод ва замини онҳо дар байни замини Яҳудо+ ва Юсуф+ буд.
12 Сарҳади шимолии онҳо аз Урдун сар шуда, аз тарафи шимолӣ сӯйи нишебии Ериҳӯ+ ва ба тарафи ғарб, ба кӯҳистон, боло мебаромад ва то биёбони Байт-Овин+ тӯл мекашид.
13 Аз он ҷо сарҳад сӯйи Луз рафта, аз нишебии ҷанубии Луз, яъне Байт-Ил,+ гузашта, сӯйи Аторӯт-Аддор,+ сӯйи кӯҳе, ки аз ҷануби Байт-Ҳорӯни Поён+ воқеъ аст, мефаромад.
14 Сипас сарҳад аз кӯҳе, ки дар рӯ ба рӯйи Байт-Ҳорӯн аст, ба тарафи ҷануб равона мешуд ва ба Қирят-Баал, яъне Қирят-Яърим,+ шаҳри Яҳудо, тӯл мекашид ва дар он ҷо ба охир мерасид. Ин буд тарафи ғарбии ҳиссаи замини онҳо.
15 Сарҳади ҷанубӣ аз канори Қирят-Яърим сар мешуд ва ба тарафи ғарб тӯл мекашид. Он то чашмаҳои Нефтӯҳа мерасид.+
16 Сипас сарҳад ба доманаи кӯҳе, ки дар рӯ ба рӯйи водии Писари Ҳиннӯм+ ва дар канораи шимолии водии Рафоим+ ҷойгир буд, мефаромад ва аз он ҷо то водии Ҳиннӯм, то нишебии ҷанубии ябусиён,+ тӯл мекашид ва ба Эйн-Рӯҷил+ мефаромад.
17 Он сӯйи шимол рафта, то Эйн-Шемеш тӯл мекашид ва баъд ба Ҷалилӯт, ки дар рӯ ба рӯйи кӯтали Адумим+ аст, мерафт ва ба санги+ Бӯҳани+ писари Реубен мефаромад.
18 Сипас он сӯйи нишебии шимолӣ, ки дар рӯ ба рӯйи Аробо аст, то Аробо тӯл мекашид.
19 Сарҳад то нишебии шимолии Байт-Ҳоҷло+ рафта, дар халиҷи шимолии баҳри Намак*,+ дар резишгоҳи Урдун, дар ҷануби дарё, ба охир мерасид. Ин сарҳади ҷанубӣ буд.
20 Дарёи Урдун сарҳади шарқии он буд. Ин буд мероси фарзандони Бинёмин мувофиқи хонаводаҳояш ва сарҳади гирдогирди он.
21 Ин шаҳрҳо аз они қабилаи Бинёмин мувофиқи хонаводаҳояш буданд: Ериҳӯ, Байт-Ҳоҷло, Эмеқ-Қасис,
22 Байт-Аробо,+ Самораим, Байт-Ил,+
23 Аввим, Форо, Офро,
24 Кефар-Аммӯно, Офнӣ ва Ҷабъа+ — 12 шаҳр бо маҳалҳои тобеаш.
25 Ҷибъӯн,+ Ромо, Баирӯт,
26 Мисфо, Кефиро, Мӯссо,
27 Роқам, Ирпаил, Таръало,
28 Селаъ,+ Олаф, Ябус, яъне Ерусалим,+ Ҷибъо+ ва Қирят — 14 шаҳр бо маҳалҳои тобеаш.
Ин буд мероси фарзандони Бинёмин бо хонаводаҳояш.
Поварақҳо
^ Яъне баҳри Мурда.