Юшаъ 19:1-51
19 Сипас бори дуюм қуръа+ партофта шуд ва қуръа ба қабилаи Шимъӯн+ аз рӯйи хонаводаҳояш афтод. Замини меросии онҳо андаруни замини меросии Яҳудо буд.+
2 Мероси онҳо ин буд: Баир-Шобаъ+ бо Сабо, Мӯлодо,+
3 Ҳасар-Шуол,+ Боло, Осам,+
4 Элтӯлад,+ Батул, Ҳормо,
5 Сиқлоҷ,+ Байт-Маркобӯт, Ҳасар-Сусо,
6 Байт-Лабоӯт+ ва Шоруҳан — 13 шаҳр бо маҳалҳои тобеъ;
7 Ойин, Риммӯн, Этер ва Ошон+ — чор шаҳр бо маҳалҳои тобеъ;
8 ва тамоми маҳалҳое, ки дар гирду атрофи ин шаҳрҳо буданд, то Баалат-Беэр, ки Ромои ҷанубист. Ин буд мероси қабилаи Шимъӯн аз рӯйи хонаводаҳояшон.
9 Мероси фарзандони Шимъӯн аз ҳиссаи Яҳудо гирифта шуд, зеро ҳиссаи қабилаи Яҳудо барои худаш аз ҳад калон буд. Аз ин рӯ ба фарзандони Шимъӯн андаруни замини меросии Яҳудо замин дода шуд.+
10 Бори сеюм қуръа+ ба фарзандони Забулун+ аз рӯйи хонаводаҳояш афтод. Сарҳади замини онҳо то ба Сорид тӯл мекашид.
11 Сарҳади онҳо ба тарафи ғарб, ба Маръало, мебаромад ва то Дабошет расида, ба водие, ки дар рӯ ба рӯйи Ёқенъом аст, мерафт.
12 Он аз Сорид ба тарафи шарқ, сӯйи офтоббаро, ба сарҳади Кислӯт-Тобӯр рафта, ба Добрат+ мерасид ва сипас ба Ёфиа мебаромад.
13 Аз он ҷо сарҳад ба тарафи шарқ, сӯйи офтоббаро, ба Ҷат-Ҳефер,+ Итто-Қосин ва Риммӯн рафта, то Нео тӯл мекашид.
14 Сарҳад аз шимол то Ҳаннотӯн давр мезад ва дар водии Ифтаҳ-Ил ба охир мерасид.
15 Ҳамчунин ба замини онҳо шаҳрҳои зерин дохил мешуд: Қаттот, Наҳалол, Шимрӯн,+ Идъало ва Байт-Лаҳм+ — ҳамагӣ 12 шаҳр бо маҳалҳои тобеъ.
16 Ин буд мероси фарзандони Забулун аз рӯйи хонаводаҳояш.+ Инҳо шаҳрҳову маҳалҳои онҳо буданд.
17 Бори чорум қуръа+ ба фарзандони Иссокор+ аз рӯйи хонаводаҳояш афтод.
18 Сарҳади онҳо то ҳамин шаҳрҳо мерасид: Изреъил,+ Касуллӯт, Шунем,+
19 Ҳафораим, Шиӯн, Аноҳарот,
20 Раббит, Қишюн, Обас,
21 Ромат, Эйн-Ҷанним,+ Эйн-Ҳаддо ва Байт-Фасис.
22 Сарҳади онҳо то Тобӯр,+ Шаҳасим ва Байт-Шемеш мерасид ва он дар Урдун тамом мешуд. Ин 16 шаҳр бо маҳалҳои тобеъ аз они қабилаи Иссокор буд.
23 Ин буд мероси қабилаи Иссокор аз рӯйи хонаводаҳояш.+ Инҳо шаҳрҳову маҳалҳояшон буданд.
24 Бори панҷум қуръа+ ба қабилаи Ошер+ аз рӯйи хонаводаҳояш афтод.
25 Сарҳади онҳо то ин шаҳрҳо мерасид: Ҳелқат,+ Ҳалӣ, Ботан, Акшоф,
26 Аламалик, Амъод ва Мишъол. Сарҳад дар ғарб ба Кармил+ ва Шиҳӯр-Либнот мерасид.
27 Баъд он ба қафо, сӯйи шарқ, гашта, ба Байт-Доҷӯн равона мешуд ва ба Забулун, шимоли водии Ифтаҳ-Ил, Байт-Эмеқ ва Наиил мерасид. Он аз тарафи чапи Ковул гузашта,
28 сӯйи Эбрӯн, Раҳӯб, Ҳаммӯн ва Қоно равона мешуд ва то Сидӯни+ Бузург тӯл мекашид.
29 Сарҳад ба Ромо баргашта, то ба шаҳри ҳисордори Сӯр+ тӯл мекашид. Сипас он тоб хӯрда, сӯйи Ҳусо равона мешуд ва дар минтақаи назди баҳр ба охир мерасид, ки дар он ҷо Акзиб,
30 Уммо, Афиқ+ ва Раҳӯб+ ҷойгир буд. Ин 22 шаҳр бо маҳалҳои тобеъ аз они қабилаи Ошер буд.
31 Ин буд мероси қабилаи Ошер аз рӯйи хонаводаҳояш.+ Инҳо шаҳрҳову маҳалҳояшон буданд.
32 Бори шашум қуръа+ ба фарзандони Нафтолӣ аз рӯйи хонаводаҳояш афтод.
33 Сарҳади онҳо аз Ҳелаф, аз дарахти калони Саананним,+ сар мешуд ва ба Адомӣ-Ноқаб ва Ябнаил рафта, то Лаққум тӯл мекашиду дар Урдун ба охир мерасид.
34 Он сӯйи ғарб баргашта, ба Азнӯт-Тобӯр равона мешуд ва то Ҳуққӯқ тӯл кашида, бо замини Забулун аз тарафи ҷануб, бо замини Ошер аз тарафи ғарб, бо замини Яҳудо* аз тарафи шарқ, дар Урдун, ҳамсарҳад мешуд.
35 Шаҳрҳои ҳисордорашон инҳо буданд: Сиддим, Сер, Ҳаммат,+ Раққат, Кинерӯт,
36 Адомо, Ромо, Ҳосӯр,+
37 Қедеш,+ Эдрей, Эйн-Ҳосӯр,
38 Иръӯн, Миҷдал-Ил, Ҳорим, Байт-Анот ва Байт-Шемеш+ — ҳамагӣ 19 шаҳр бо маҳалҳои тобеъ.
39 Ин буд мероси қабилаи Нафтолӣ аз рӯйи хонаводаҳояш.+ Инҳо шаҳрҳову маҳалҳояшон буданд.
40 Бори ҳафтум қуръа+ ба қабилаи Дон+ аз рӯйи хонаводаҳояш афтод.
41 Шаҳрҳои зерин дар сарҳади онҳо буданд: Соръо,+ Эштоул, Ир-Шемеш,
42 Шаалаббин,+ Аёлӯн,+ Итло,
43 Элӯн, Тимно,+ Эқрӯн,+
44 Элтақе, Ҷибтӯн,+ Баалот,
45 Яҳуд, Банӣ-Барақ, Ҷат-Риммӯн,+
46 Ме-Ярқӯн ва Раққӯн. Сарҳад ҳамчунин аз рӯ ба рӯйи Ёфо+ мегузашт.
47 Аммо заминашон барои писарони Дон танг буд.+ Барои ҳамин онҳо рафта, бар зидди Лошам ҷангиданд+ ва онро забт намуда, аҳолияшро аз дами шамшер гузаронданд. Сипас Лошамро соҳиб шуда, дар он сокин гардиданд. Онҳо номи Лошамро дигар карда, бар он номи бобояшон Донро гузоштанд.+
48 Ин буд мероси қабилаи Дон аз рӯйи хонаводаҳояш. Инҳо шаҳрҳову маҳалҳояшон буданд.
49 Онҳо тақсими заминро аз рӯйи сарҳадҳо тамом карданд, то онро ба мерос диҳанд. Сипас исроилиён ба Юшаи писари Нун дар миёни худ мерос доданд.
50 Онҳо бо амри Яҳува ба вай шаҳреро, ки ӯ хост, яъне Тимнат-Сораҳро,+ доданд, ки он дар кӯҳистони Эфроим ҷойгир буд. Юшаъ шаҳрро бино карда, дар он сокин шуд.
51 Инҳо буданд заминҳои меросие, ки Элъозори коҳин, Юшаи писари Нун ва сарварони хонаводаҳои қабилаҳои Исроил аз рӯйи қуръа ба ҳузури Яҳува дар Шилӯ,+ назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ,+ тақсим карданд.+ Бо ҳамин онҳо тақсими заминро тамом карданд.
Поварақҳо
^ Ин ҷо «замини Яҳудо» гуфта, аз афташ, замини қабилаи Яҳудо неву замини марди яҳудие дар назар дошта шудааст.