Юшаъ 20:1-9

  • Шаҳрҳои гурезгоҳ (1–9)

20  Сипас Яҳува ба Юшаъ гуфт:  «Ба писарони Исроил бигӯ: “Барои худ шаҳрҳои гурезгоҳро,+ ки ба воситаи Мӯсо ба шумо гуфта будам, интихоб кунед,  то ҳар кӣ нохост ва надониста одам куштааст, ба он ҷо гурезад ва дар ин шаҳрҳо аз дасти хунхоҳ+ паноҳ ёбад.  Ӯ бояд ба яке аз ин шаҳрҳо гурезад+ ва дар пеши дарвозаи шаҳр истода,+ воқеаро ба пирони шаҳр нақл кунад. Баъд пирон бояд ӯро ба шаҳр қабул кунанд ва ба ӯ ҷойи зист диҳанд.  Агар хунхоҳ аз паси вай ояд, онҳо набояд одамкушро ба дасти ӯ супоранд, зеро вай ёрашро нохост куштааст ва аз ӯ нафрат надоштааст.+  Ӯ бояд то назди ҷамоат дар мурофиа ҳозир шуданаш+ ва то марги саркоҳине,+ ки дар он рӯзҳо хизмат мекунад, дар он шаҳр бимонад. Баъд аз ин одамкуш метавонад ба шаҳр ва хонаи худ, ки аз он ҷо гурехта буд, баргардад”».+  Онҳо дар Ҷалил, дар кӯҳистони Нафтолӣ, Қедешро,+ дар кӯҳистони Эфроим Шакемро+ ва дар кӯҳистони Яҳудо Қирят-Арбаъ,+ яъне Ҳебрӯнро, ҷудо карданд.  Онҳо дар минтақаи Урдун, дар шарқи Ериҳӯ, аз замини қабилаи Реубен Босарро,+ ки дар биёбони паҳнкӯҳ ҷойгир аст, аз замини қабилаи Ҷод Ромӯтро,+ ки дар Ҷилъод аст, ва аз замини қабилаи Менашше+ Ҷӯлонро,+ ки дар Бошон аст, интихоб карданд.  Ин шаҳрҳо барои тамоми исроилиён ва ғарибоне, ки дар миёни онҳо зиндагӣ мекарданд, ҷудо карда шуданд, то касе, ки нохост одам куштааст, ба он ҷо гурехта тавонад+ ва, пеш аз он ки ҷамоат ӯро мурофиа кунад, аз дасти хунхоҳ кушта нашавад.+

Поварақҳо