Юшаъ 22:1-34

  • Қабилаҳои шарқӣ ба замини худ бармегарданд (1–8)

  • Дар Урдун қурбонгоҳ сохта мешавад (9–12)

  • Сабаби сохта шудани қурбонгоҳ фаҳмонда мешавад (13–29)

  • Якдигарнофаҳмӣ бартараф мегардад (30–34)

22  Юшаъ реубениён, ҷодиён ва нисфи қабилаи Менашшеро даъват карда,  гуфт: «Шумо ҳар он чиро, ки Мӯсо, хизматгори Яҳува, фармуда буд,+ иҷро намудед ва ба овози ман гӯш дода ҳама фармудаҳоямро ба ҷо овардед.+  Шумо бародарони худро муддати дароз, то ин рӯз, тарк накардед+ ва амри Худоятон Яҳуваро иҷро кардед.+  Ҳоло Худоятон Яҳува ба ваъдааш вафо карда ба бародаронатон оромӣ бахшидааст.+ Барои ҳамин шумо метавонед ба хаймаҳои худ, ба замине, ки Мӯсо, хизматгори Яҳува, ба шумо дар он тарафи Урдун* мерос дода буд, баргардед.+  Фақат бохабар бошед ва эҳтиёт шавед, ки амр ва Шариати Мӯсо, хизматгори Яҳуваро, ки ба шумо дода буд, ба ҷо оред:+ Худоятон Яҳуваро дӯст доред,+ бо роҳҳои ӯ равона шавед,+ амрҳои ӯро риоя кунед,+ ба ӯ бичаспед+ ва бо тамоми дилу ҷон+ ба ӯ хизмат кунед».+  Сипас Юшаъ онҳоро дуои нек карда, ҷавоб дод ва онҳо ба хаймаҳои худ рафтанд.  Ба нисфи қабилаи Менашше Мӯсо дар Бошон+ мерос дода буд, ба нисфи дигараш бошад, Юшаъ дар тарафи ғарбии Урдун,+ дар миёни бародаронашон замин дод. Ҳангоме ки Юшаъ онҳоро ба хаймаҳояшон ҷавоб медод, онҳоро дуои нек карда,  чунин гуфт: «Ба хаймаҳои худ бо боигарии бисёр, бо чорвои сершумор, бо тиллову нуқра, мису оҳан ва либосҳои хеле зиёд баргардед.+ Ғанимати душманонатонро дар миёни бародаронатон тақсим кунед».+  Баъд аз ин реубениён, ҷодиён ва нисфи қабилаи Менашше аз дигар исроилиён ҷудо шуданд ва аз Шилӯ, ки дар замини Канъон буд, равона шуданд, то ба замини Ҷилъод+ баргарданд, замине, ки Яҳува ба воситаи Мӯсо ба онҳо дода буд.+ 10  Вақте онҳо ба наздикии Урдун, ки дар замини Канъон аст, расиданд, реубениён, ҷодиён ва нисфи қабилаи Менашше дар он ҷо қурбонгоҳи бузургу боҳашамате бино карданд. 11  Баъдтар, вақте ки дигар исроилиён дар ин бора шуниданд,+ гуфтанд: «Бубинед! Реубениён, ҷодиён ва нисфи қабилаи Менашше дар сарҳади замини Канъон, аз тарафи мо дар назди Урдун қурбонгоҳ сохтаанд». 12  Вақте исроилиён инро шуниданд, тамоми ҷамоати Исроил дар Шилӯ+ ҷамъ омаданд, то бо онҳо ҷанг кунанд. 13  Сипас исроилиён ба назди реубениён, ҷодиён ва нисфи қабилаи Менашше ба замини Ҷилъод Финҳоси+ писари Элъозори коҳинро 14  ҳамроҳи даҳ сардор фиристоданд. Онҳо аз ҳамаи қабилаҳои Исроил сари ҳар хонадон як сардор фиристоданд, ки ҳар яки онҳо дар миёни ҳазорони Исроил сардори хонадон буд.+ 15  Онҳо ба назди реубениён, ҷодиён ва нисфи қабилаи Менашше ба замини Ҷилъод омада, гуфтанд: 16  «Тамоми ҷамоати Яҳува чунин мегӯяд: “Чаро шумо дар ҳаққи Худои Исроил хиёнат кардед?+ Шумо ин қурбонгоҳро сохта аз Яҳува рӯй гардондед ва бар зидди Яҳува баромадед.+ 17  Оё хатое, ки дар Фаӯр карда шуда буд, бароямон бас нест? Ҳарчанд он вақт бар сари ҷамоати Яҳува вабо омада буд, мо то имрӯз аз он хато пок нашудаем.+ 18  Шумо имрӯз аз Яҳува рӯ гардондед! Имрӯз агар шумо бар зидди Яҳува бароед, пагоҳ ӯ аз тамоми ҷамоати Исроил дарғазаб мешавад.+ 19  Агар замини меросиятон дар назари шумо нопок тобад, пас, биравед ва дар замини Яҳува,+ ҷое ки хаймаи муқаддаси Яҳува дар он аст,+ дар миёни мо зиндагӣ кунед, лекин ғайр аз қурбонгоҳи Худоямон Яҳува қурбонгоҳи дигаре сохта бар зидди Яҳува набароед ва моро шарики исёни худ нагардонед.+ 20  Магар, вақте Охони+ писари Зораҳ дар ҳаққи он чизе, ки бояд ба нестӣ супурда мешуд, гуноҳ кард, Худо аз тамоми ҷамоати Исроил дарғазаб нашуд?+ Аз рӯйи хатои ӯ дигарон низ мурданд”».+ 21  Реубениён, ҷодиён ва нисфи қабилаи Менашше дар ҷавоб ба сардорони ҳазорони Исроил гуфтанд:+ 22  «Худои худоён Яҳува, Худои худоён Яҳува+ медонад ва Исроил низ хоҳад донист. Агар мо бар зидди Яҳува баромада, ба ӯ хиёнат карда бошем, бигзор ӯ имрӯз моро наҷот надиҳад. 23  Агар мо ин қурбонгоҳро барои он сохта бошем, ки аз Яҳува рӯй гардонем ва дар он қурбониҳои сӯхтанӣ, ҳадияҳои ғалла ва қурбониҳои осоиштагӣ пешкаш кунем, Яҳува моро ҷазо медиҳад.+ 24  Мо ин қурбонгоҳро бо дигар сабаб сохтем. Мо хавотир будем, ки дар оянда писарони шумо ба писарони мо чунин мегӯянд: “Шумо чӣ ҳақ доред, ки Яҳува, Худои Исроилро, парастиш кунед?* 25  Яҳува Урдунро байни мову шумо, писарони Реубен ва Ҷод, сарҳад гузоштааст. Шумо дар Яҳува ҳиссае надоред”. Ҳамин тавр писарони шумо писарони моро аз парастиши Яҳува боз хоҳанд дошт. 26  Барои ҳамин мо гуфтем: “Биёед қурбонгоҳ созем, лекин на барои қурбониҳои сӯхтанӣ ё дигар хел қурбониҳо, 27  балки, барои он ки дар миёни мову шумо+ ва наслҳоямон баъд аз мо шоҳид бошад, то мо ба пеши Яҳува қурбониҳои сӯхтанӣ, қурбониҳои осоиштагӣ ва қурбониҳои дигарро орем+ ва писарони шумо дар оянда нагӯянд: “Шумо дар Яҳува ҳиссае надоред”. 28  Мо гуфтем, ки, агар онҳо ба мо ва наслҳоямон дар оянда ин хел гӯянд, мо ба онҳо чунин ҷавоб медиҳем: “Ба ин қурбонгоҳ, ки ба қурбонгоҳи Яҳува монанд аст, нигоҳ кунед. Бобоёни мо онро на барои қурбониҳои сӯхтанӣ ва дигар қурбониҳо сохтаанд, балки, барои он ки дар байни мову шумо шоҳид бошад”. 29  Ҳатто дар гӯшаи хаёли мо набуд, ки имрӯз бар зидди Яҳува бароем ва аз Яҳува рӯй гардонем.+ Мо намехостем ғайр аз қурбонгоҳи Худоямон Яҳува, ки дар хаймаи муқаддаси ӯст, қурбонгоҳи дигаре созем ва дар он қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ғалла биёрем!»+ 30  Вақте Финҳоси коҳин, сардорони ҷамоат ва сардорони ҳазорони Исроил суханони писарони Реубен, Ҷод ва Менашшеро шуниданд, ором шуданд.+ 31  Финҳоси писари Элъозори коҳин ба писарони Реубен, Ҷод ва Менашше гуфт: «Имрӯз мо фаҳмидем, ки Яҳува дар миёни мост, зеро шумо бар зидди Яҳува хиёнат накардед. Шумо исроилиёнро аз дасти Яҳува халос намудед». 32  Финҳоси писари Элъозори коҳин ва сардорон аз пеши реубениён ва ҷодиён аз замини Ҷилъод ба Канъон баргашта, воқеаро ба дигар исроилиён нақл карданд. 33  Исроилиён ин хабарро шунида ором шуданду Худоро ситоиш намуданд ва дигар дар бораи бо реубениён ва ҷодиён ҷанг карда, заминашонро хароб намудан даҳон накушоданд. 34  Реубениёну ҷодиён ба ин қурбонгоҳ ном гузоштанд*, зеро гуфтанд: «Он дар миёни мо шоҳид аст, ки Яҳува Худост».

Поварақҳо

Яъне тарафи шарқии он.
Дар матни асл «Шуморо бо Яҳува, Худои Исроил, чӣ кор аст?».
Аз матн бармеояд, ки қурбонгоҳро, аз афташ, «Шоҳид» ном гузоштаанд.