Юшаъ 5:1-15
5 Вақте ҳама подшоҳони амӯрӣ,+ ки дар канори ғарбии Урдун буданд, ва ҳама подшоҳони канъонӣ,+ ки дар соҳили баҳр буданд, шуниданд, ки Яҳува обҳои Урдунро дар пеши исроилиён хушк кард, то онҳо аз он гузаранд, дилҳояшон суст шуд+ ва вуҷудашонро тарси исроилиён фаро гирифт.+
2 Он вақт Яҳува ба Юшаъ гуфт: «Кордҳои чақмоқӣ бисоз ва мардони Исроилро бори дуюм хатна кун».+
3 Юшаъ кордҳои чақмоқӣ сохт ва мардони Исроилро дар Ҷибъӯт-Аролӯт* хатна кард.+
4 Ҳама мардоне, ки аз Миср берун омаданд, ҳама мардони ҷангӣ*, баъди аз Миср баромадан дар роҳи биёбон мурданд.+ Аз ин рӯ Юшаъ мардони исроилиро хатна кард,
5 зеро тамоми мардуме, ки аз Миср баромада буданд, хатнашуда буданд, вале мардуме, ки баъди аз Миср баромадан дар роҳи биёбон таваллуд шуданд, хатна нашуда буданд.
6 Исроилиён 40 сол дар биёбон роҳ рафтанд,+ то даме ки тамоми халқ, яъне мардони ҷангие, ки аз Миср баромада буданду ба гапи Яҳува гӯш надоданд, мурданд.+ Яҳува қасам хӯрда, ба онҳо гуфта буд, ки онҳо рӯйи заминеро, ки Яҳува ба бобоёнамон ваъда дода буд,+ намебинанд,+ яъне заминеро, ки дар он ширу асал ҷорист.+
7 Ӯ ба ҷойи онҳо писаронашонро ба ин замин овард.+ Юшаъ онҳоро хатна кард, зеро онҳо дар роҳи биёбон хатна нашуда буданд.
8 Вақте онҳо хатна кардани ҳама мардумро тамом карданд, халқ то сиҳат шудани мардон дар ҷойи худ, дар хаймагоҳ, монд.
9 Сипас Яҳува ба Юшаъ гуфт: «Имрӯз ман нанги Мисрро аз шумо дур кардам». Аз ин рӯ он ҷо то ба имрӯз Ҷилҷол* ном гирифтааст.+
10 Хаймагоҳи исроилиён дар Ҷилҷол монд ва онҳо дар рӯзи 14-уми моҳ,+ бегоҳӣ, дар даштҳои Ериҳӯ Иди Раҳоиро ҷашн гирифтанд.
11 Исроилиён як рӯз пас аз Иди Раҳоӣ аз ҳосили замин хӯрданро сар карданд. Онҳо он рӯз нони бехамиртуруш+ ва хӯшабирён хӯрданд.
12 Аз он рӯзе ки исроилиён аз ҳосили замин хӯрданро сар карданд, манн дигар пайдо нашуд.+ Дар он сол исроилиён дигар манн неву ҳосили замини Канъонро мехӯрданд.+
13 Вақте Юшаъ дар наздикии Ериҳӯ буд, чашмонашро боло бардошта, мардеро дид,+ ки дар рӯ ба рӯйи ӯ меистод ва шамшери бараҳна дар даст дошт.+ Юшаъ наздаш рафта, аз вай пурсид: «Ту аз мо ҳастӣ ё аз душманони мо?»
14 Вай дар ҷавоб гуфт: «На ину на он, балки ман пешвои лашкари Яҳува ҳастам».+ Инро шунида Юшаъ рӯ ба замин афтоду ба ӯ таъзим намуд ва гуфт: «Хоҷаам ба бандааш чӣ гуфтан мехоҳад?»
15 Пешвои лашкари Яҳува ба Юшаъ ҷавоб дод: «Пойпӯшатро аз пойҳоят бикаш, зеро ҷое, ки ту бар он истодаӣ, макони пок аст». Юшаъ дарҳол ҳамин тавр кард.+
Поварақҳо
^ Маънояш «теппаи ғилофакҳо».
^ Ё «мардони синну соли ҳарбӣ».
^ Маънояш «дур кардан; ғелондан».