Юшаъ 8:1-35

  • Юшаъ дар пушти Ой камин мегирад (1–13)

  • Ой забт карда мешавад (14–29)

  • Шариат дар кӯҳи Эбол хонда мешавад (30–35)

8  Сипас Яҳува ба Юшаъ гуфт: «Натарс ва ҳаросон нашав.+ Тамоми ҷанговаронро ҳамроҳат бигир ва рафта, Ойро забт кунед. Инак, ман подшоҳи Ой, халқи ӯ ва шаҳру заминашро ба дасти ту медиҳам.+  Бо Ой ва подшоҳаш низ тавре амал кун, ки бо Ериҳӯ ва подшоҳи он карда будӣ,+ фақат ғанимат ва чорвояшро барои худ гирифта метавонӣ. Ту бояд дар пушти шаҳр камин бигирӣ».  Он гоҳ Юшаъ ва тамоми ҷанговарон бархостанд, то ба Ой бираванд. Юшаъ 30 000 ҷанговари пурзӯрро интихоб кард ва онҳоро шабона фиристод.  Ӯ ба онҳо фармуд: «Шумо аз пушти шаҳр камин бигиред. Аз шаҳр бисёр дур наравед ва ҳамаатон тайёр бошед.  Ман ва тамоми мардуме, ки бо мананд, ба шаҳр наздик мешавем ва, ҳамин ки онҳо чун пештара ба мо ҳамла кунанд,+ аз пешашон мегурезем.  Вақте онҳо аз пайи мо даванд, мо гурехтан мегирем, то онҳоро аз шаҳр дур барорем.+ Инро дида онҳо мегӯянд: “Онҳо мисли пештара аз мо гурехта истодаанд”.  Он гоҳ шумо аз камингоҳ бароед ва шаҳрро забт кунед. Худоятон Яҳува онро ба дасти шумо медиҳад.  Ҳамин ки шаҳрро забт кардед, онро оташ занед.+ Шумо бояд аз рӯйи гуфтаи Яҳува амал кунед. Ин аст он чизе, ки ман ба шумо фармудам».  Баъд Юшаъ ҷанговаронро фиристод ва онҳо сӯйи камингоҳ рафтанд; онҳо байни Байт-Ил ва Ой, аз тарафи ғарби Ой ҷойгир шуданд, Юшаъ бошад, шабро дар миёни мардум гузаронд. 10  Юшаъ саҳари барвақт бархеста, лашкарро ҷамъ кард ва ӯву пирони Исроил онҳоро сӯйи Ой роҳнамоӣ карданд. 11  Тамоми ҷанговарон,+ ки бо ӯ буданд, раҳсипор гардида, ба шаҳр наздик шуданд ва дар рӯ ба рӯйи он истоданд. Онҳо аз тарафи шимоли Ой урду заданд, дар миёни онҳо ва Ой водие буд. 12  Ҳамзамон ӯ 5000 нафарро гирифт ва онҳоро дар миёни Байт-Ил+ ва Ой, аз тарафи ғарбии шаҳр дар камин гузошт.+ 13  Қисми асосии лашкар аз тарафи шимоли шаҳр урду заданд,+ қисми ақибгарди лашкар бошад, аз тарафи ғарбии шаҳр.+ Он шаб Юшаъ ба миёни водӣ рафт. 14  Вақте подшоҳи Ой инро дид, ӯ ва мардони шаҳр саҳари барвақт хестанд ва шитобон ба пешвози исроилиён баромаданд, то бо онҳо, дар ҷое ки дар рӯ ба рӯйи дашт воқеъ аст, биҷанганд. Вале ӯ намедонист, ки дар пушти шаҳр бар зидди ӯ камин гузоштаанд. 15  Вақте мардони Ой ҳамла карданд, Юшаъ ва тамоми Исроил бо роҳе, ки сӯйи биёбон мебурд, гурехтанд.+ 16  Он гоҳ тамоми мардуме, ки дар шаҳр буд, ҷамъ омаданд, то онҳоро сур кунанд ва онҳо аз пайи Юшаъ рафта, аз шаҳр дур шуданд. 17  Дар Ой ва Байт-Ил марде намонд, ки аз пайи исроилиён нарафта бошад. Онҳо шаҳрро бесоҳиб монда, аз ақиби исроилиён сур карданд. 18  Яҳува ба Юшаъ гуфт: «Мизроқеро*, ки дар даст дорӣ, сӯйи Ой дароз кун,+ зеро ман онро ба дасти ту медиҳам».+ Юшаъ мизроқеро, ки дар дасташ буд, сӯйи шаҳр дароз кард. 19  Ҳамин ки ӯ дасташро дароз кард, онҳое, ки дар пушти шаҳр камин гирифта буданд, дарҳол аз ҷой бархостанд ва давида ба шаҳр даромада, онро забт карданд ва дарҳол шаҳрро оташ заданд.+ 20  Мардуми Ой ба қафо нигариста диданд, ки дуди шаҳр ба осмон расида истодааст ва онҳо мадоре надоштанд, ки ба ин ё он сӯ гурезанд. Исроилиёне, ки ба тарафи биёбон мегурехтанд, баргашта, ба онҳое, ки аз ақибашон сур мекарданд, ҳамла оварданд. 21  Вақте Юшаъ ва тамоми Исроил диданд, ки онҳое, ки камин гирифта буданд, шаҳрро забт карданд ва дуди шаҳр боло баромада истодааст, баргашта, ба мардуми Ой ҳамла карданд. 22  Каминварон низ аз шаҳр баромада, ба мардуми Ой ҳуҷум карданд ва онҳо миёни исроилиён дармонданд: ҳам аз ин тарафашон исроилиён буданд, ҳам аз он тарафашон. Исроилиён онҳоро зарба мезаданд, то даме ки аз онҳо як нафар ҳам зинда намонд ва ҷон ба саломат набурд.+ 23  Лекин подшоҳи Ойро+ зинда дастгир карданд ва пеши Юшаъ оварданд. 24  Исроилиён ҳама мардуми Ойро дар саҳро, дар биёбоне, ки он ҷо исроилиёнро дунболагирӣ мекарданд, куштанд. Онҳо ҳамаро аз як сар аз дами шамшер гузаронданд. Баъд тамоми Исроил ба Ой баргашт ва мардуми боқимондаро аз дами шамшер гузаронд. 25  Дар он рӯз 12 000 марду зан, яъне тамоми мардуми Ой, кушта шуд. 26  Юшаъ, то даме ки тамоми сокинони Ойро ба нестӣ насупурд,+ дасти худро, ки дар он мизроқ буд, ақиб накашид.+ 27  Аммо, мувофиқи он чӣ Яҳува ба Юшаъ гуфта буд, онҳо чорво ва ғанимати ин шаҳрро барои худ гирифтанд.+ 28  Сипас Юшаъ Ойро оташ зад ва онро ба харобазори абадӣ табдил дод,+ ки то ба имрӯз боқӣ мондааст. 29  Юшаъ подшоҳи Ойро ба дор* овехт ва вай то бегоҳ дар он монд. Пеш аз нишастани офтоб Юшаъ фармуд, ки ҷасади ӯро фароранд.+ Онҳо ҷасадро назди даромадгоҳи дарвозаи шаҳр партофтанд ва бар он сангтӯдаи калоне барпо карданд, ки то имрӯз боқист. 30  Ҳамон вақт Юшаъ дар кӯҳи Эбол+ барои Худои Исроил, Яҳува, қурбонгоҳе сохт. 31  Онро ҳамон тавре сохтанд, ки Мӯсо, хизматгори Яҳува, ба исроилиён фармуда буд ва дар китоби Тавроти* Мӯсо+ навишта шуда буд: «Қурбонгоҳе аз сангҳои натарошида, бе истифода аз асбоби оҳанин, бисоз».+ Онҳо бар он барои Яҳува қурбониҳои сӯхтанӣ ва осоиштагӣ пешкаш карданд.+ 32  Сипас ӯ дар он ҷо бар сангҳо нусхаи Шариатро навишт,+ ки онро Мӯсо дар пеши исроилиён навишта буд.+ 33  Тамоми Исроил, пирон, сардорон ва доварон аз ду тарафи сандуқи аҳд дар назди коҳинони левизода меистоданд, ки сандуқи аҳди Яҳуваро мебардоштанд. Дар миёни мардум ҳам ғарибон буданд ва ҳам исроилиён.+ Чуноне ки хизматгори Яҳува, Мӯсо, фармуда буд,+ як қисми мардум дар назди кӯҳи Ҷаризим, қисми дигар бошад, назди кӯҳи Эбол меистоданд,+ то барои халқи Исроил баракат хоҳанд. 34  Баъд Юшаъ ҳама суханони Шариат, яъне баракат+ ва лаънатро,+ чуноне ки ҳамааш дар китоби Таврот навишта шудааст, қироат кард.+ 35  Аз ҳар он чӣ Мӯсо фармуда буд, сухане набуд, ки Юшаъ дар пеши тамоми ҷамоати Исроил,+ аз он ҷумла занон, кӯдакон ва ғарибоне,+ ки дар миёни онҳо буданд,+ нахонда бошад.

Поварақҳо

Мизроқ — найзаи хурд.
Ё «сутун». Ниг. ба луғат, ба калимаи «дор».
Ё «китоби Шариати».