Ғалотиён 1:1-24
1 Ман — Павлус, на аз ҷониби одамон ва на ба воситаи ягон кас, балки ба воситаи Исои Масеҳ*+ ва Падарамон Худо,+ ки ӯро аз мурдагон зинда кард, расул таъйин шудаам.
2 Ман бо ҳамаи бародароне, ки ҳамроҳам мебошанд, ба ҷамоатҳои Ғалотия чунин менависам:
3 Лутфу осоиштагии Падарамон Худо ва Ҳазратамон Исои Масеҳ бо шумо бод!
4 Масеҳ ба хости Падарамон Худо+ ҷонашро барои гуноҳҳоямон дод,+ то моро аз ин ҷаҳони*+ бад халосӣ бахшад.
5 Худоро то абад ҷалол бод! Омин.
6 Ман ҳайронам, ки шумо ин қадар зуд аз Оне, ки шуморо бо лутфу марҳамати Масеҳ даъват кардааст, рӯй гардонда*, ба хушхабари дигаре рӯй оварда истодаед.+
7 Дар асл, хушхабари дигаре вуҷуд надорад, балки баъзе касоне ҳастанд, ки дар байни шумо душвориҳо ба миён меоранд+ ва мехоҳанд хушхабарро дар бораи Масеҳ ғалат маънидод кунанд.
8 Лекин, агар ягонтои мо ё фариштае аз осмон ба шумо чизеро гӯяд, ки аз хушхабари гуфтаи мо фарқ мекунад, бигзор гирифтори лаънат гардад.
9 Он чизеро, ки мо пештар гуфтем, боз як бор ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба шумо чизеро эълон кунад, ки аз хушхабари қабулкардаатон фарқ мекунад, бигзор гирифтори лаънат гардад.
10 Ман ба кӣ писанд омадан мехоҳам: ба одамон ё ба Худо? Агар ман то ба ҳол ба одамон писанд омадан мехостам, ғуломи Масеҳ намебудам.
11 Эй бародарон, мехоҳам бидонед, ки хушхабаре, ки ман ба шумо гуфта будам, аз ҷониби одамон нест,+
12 зеро ман онро аз инсон қабул накардаам ва касе онро ба ман таълим надодааст, балки Исои Масеҳ онро ба ман ошкор кардааст.
13 Шумо, албатта, шунидаед, ки ман пеш, вақте дар дини яҳудӣ будам,+ чӣ гуна рафтор мекардам: ман ҷамоати Худоро бераҳмона озор дода, онро хароб мекардам.+
14 Ман аз миёни бисёр яҳудиёни ҳамсолам дар дини яҳудӣ пешқадамтар будам ва урфу одатҳои бобоёнамро бо ғайрати бештар риоя мекардам.+
15 Лекин, Худое, ки маро ҳаст кардаасту аз рӯйи лутфу марҳаматаш+ даъват намудааст, лозим донист,
16 ки ба воситаи ман Писарашро ошкор созад, то ки хушхабарро дар бораи ӯ ба халқҳои дигар бирасонам.+ Он вақт ман аз ягон кас маслиҳат напурсидам
17 ва ба Ерусалим, назди онҳое, ки пеш аз ман расул шуда буданд, нарафтам, балки ба Арабистон равона шудам ва баъд боз ба Димишқ+ баргаштам.
18 Сипас, баъди се сол, ман ба Ерусалим+ назди Кифо*+ рафтам ва бо ӯ 15 рӯз истодам,
19 вале ягон расули дигареро, ғайр аз Яъқуби+ бародари Ҳазратамон, надидам.
20 Худо шоҳид аст, ки он чӣ ба шумо менависам, рост аст.
21 Баъди ин ман ба вилоятҳои Сурия ва Қилиқия рафтам.+
22 Вале он вақт ҷамоатҳои Масеҳ, ки дар Яҳудияанд, маро намешинохтанд.
23 Онҳо фақат ҳаминро шунида буданд: «Шахсе, ки як вақтҳо моро озор медоду+ ҷамоатҳоро хароб мекард,+ ҳоло хушхабарро эълон мекунад».
24 Ҳамин тавр, онҳо дар бораи ман шунида Худоро ҷалол додан гирифтанд.