Ғалотиён 5:1-26

  • Озодии масеҳиён (1–15)

  • Мувофиқи рӯҳ рафтор кунед (16–26)

5  Масеҳ моро барои чунин озодӣ озод кард, аз ин рӯ устувор бошед+ ва нагузоред, ки боз ба гардани шумо юғи* ғуломӣ гузоранд.+  Ман, Павлус, ба шумо мегӯям, ки, агар хатна шавед, аз Масеҳ ба шумо ҳеҷ фоидае нест.+  Ба ҳар касе, ки хатна мекунад, ман бори дигар шаҳодат медиҳам, ки вай вазифадор аст тамоми Шариатро ба ҷо орад.+  Шумо, ки мекӯшед ба воситаи шариат росткор дониста шавед,+ аз Масеҳ ҷудо гаштаед, шумо аз лутфу марҳамати ӯ дур шудаед.  Мо бошем, ба воситаи рӯҳ ва дар асоси имон бесаброна интизорем, ки дар назари Худо росткор гардем.  Агар бо Исои Масеҳ якдил бошем, на хатна арзиш дораду на бехатнагӣ,+ балки имон, ки ба воситаи муҳаббат амал мекунад.  Шумо нағз медавидед,+ кӣ шуморо аз итоат ба ростӣ боздошт?  Чунин андешаронӣ аз ҷониби Даъватгари шумо нест.  Андак хамиртуруш тамоми хамирро туруш мекунад.+ 10  Ман дилпурам, ки шумо, ки бо Ҳазратамон якдилед,+ бо ман ҳамфикр мешавед. Вале касе, ки дар байни шумо душвориҳоро ба миён меорад,+ ҳар кӣ ҳам бошад, мувофиқи рафтораш сазо мегирад. 11  Эй бародарон, агар ман то ҳол хатнаро эълон мекарда бошам, пас, барои чӣ гирифтори озорам? Дар он сурат сутуни азоб* дигар барои ҳеҷ кас монеа намешуд.+ 12  Онҳое, ки аз пайи гумроҳ сохтани шумоянд, худро ахта кунанд* ҳам, мешавад. 13  Эй бародарон, шумо ба озодӣ даъват шудаед, фақат ки ин озодиро барои қонеъ кардани хоҳишҳои ҷисм истифода набаред,+ балки ба якдигар бо муҳаббат хизмат кунед.+ 14  Тамоми Шариат дар амри зерин ҷамъбаст шудааст: «Ёри худро мисли худ дӯст дор».+ 15  Вале, агар якдигарро газида мехӯрда бошед,+ эҳтиёт шавед, ки аз дасти якдигар нобуд нашавед.+ 16  Ман ба шумо мегӯям: аз рӯйи рӯҳ рафтор кунед,+ он гоҳ ягон хоҳиши ҷисмро иҷро намекунед.+ 17  Ҷисм аз сабаби хоҳишҳояш муқобили рӯҳ аст, рӯҳ бошад, муқобили ҷисм. Онҳо ба якдигар муқобиланд, бинобар ин шумо он чиро, ки мехоҳед, карда наметавонед.+ 18  Лекин, агар роҳнамоятон рӯҳ бошад, шумо тобеи шариат нестед. 19  Корҳои ҷисм маълуманд, ки инҳоянд: зино*,+ нопокӣ, беҳаёгӣ*,+ 20  бутпарастӣ, сеҳру ҷоду*,+ душманӣ, ҷанҷол, рашк, қаҳру ғазаб, баҳсу кашокаш, ҷудоиҳо, пайравӣ ба таълимоти инсонӣ, 21  ҳасад, бадмастӣ,+ айшу нӯш ва монанди инҳо.+ Шуморо пешакӣ аз ин чизҳо огоҳ мекунам, чи тавре ки аллакай огоҳ карда будам — кунандагони чунин корҳо Подшоҳии Худоро мерос намегиранд.+ 22  Самари рӯҳ бошад, ин аст: муҳаббат, хурсандӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, некуӣ,+ имон, 23  нармдилӣ* ва худдорӣ.+ Бар зидди ин гуна хислатҳо қонуне нест. 24  Беш аз ин, онҳое, ки аз они Исои Масеҳанд, ҷисми худро бо майлу ҳавасҳояш ба сутун мехкӯб кардаанд.+ 25  Агар рӯҳ роҳнамои мо бошад, пас, биёед аз рӯйи ҳидояти он рафтор кунем.+ 26  Биёед худпараст нашавем,+ якдигарро ба рақобат тела надиҳем+ ва ба ҳамдигар ҳасад набарем.

Поварақҳо

Юғ — олати чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тараф бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.
Сутуни азоб — ниг. ба луғат.
Яъне узвҳои ҷинсияшонро бурида партоянд. Дар ин ҳол онҳо барои иҷро кардани Шариат, ки тарафдораш буданд, ношоям мешуданд.
Ё «бадахлоқии ҷинсӣ». Ниг. ба луғат, ба калимаи «зино».
Беҳаёгӣ — ниг. ба луғат.
Сеҳру ҷоду — ниг. ба луғат.
Ё «мулоимӣ».