Қӯлассиён 3:1-25

  • Одами нав ва одами куҳна (1–17)

    • Майлҳои заминиятонро бикушед (5)

    • Муҳаббат пайванди комили ягонагист (14)

  • Насиҳатҳо (18–25)

3  Пас, агар шумо бо Масеҳ аз мурдагон зинда шуда бошед,+ доимо аз пайи чизҳое бошед, ки дар осмонанд, ки он ҷо Масеҳ аз дасти рости Худо нишастааст.+  Ҳамеша дар фикри чизҳои осмонӣ+ бошед, на заминӣ,+  зеро шумо мурдаед ва ҳаёти шумо бо хости Худо дар дасти Масеҳ пинҳон аст.  Вақте Масеҳ, ки зиндагии мост,+ ошкор шавад, шумо низ ҳамроҳи ӯ бо ҷалол ошкор мешавед.+  Аз ин рӯ майлҳои* заминиятонро бикушед,+ яъне зино*, нопокӣ, шаҳватпарастӣ,+ ҳавасҳои зарарнок ва чашмгушнагиро, ки бутпарастист,  зеро ҳар кӣ чунин бикунад, гирифтори ғазаби Худо мешавад.  Шумо низ пештар ҳамин тавр рафтор мекардед,+  вале ҳоло ғазаб, қаҳр, бадӣ+ ва дашномро+ аз худ дур кунед. Бигзор ҳеҷ як сухани бешармонае+ аз даҳонатон набарояд.  Ба якдигар дурӯғ нагӯед.+ Одами куҳнаро бо корҳояш аз тан кашида партоед+ 10  ва одами наверо мисли либос дар бар кунед,+ ки ба воситаи дониши дақиқ нав шуда, ба Офаринандаи худ монанд мешавад.+ 11  Дар ин одами нав фарқе миёни юнониву яҳудӣ, хатнашудаву бехатна, бегона, скиф* ва ғулому озод нест, балки Масеҳ ҳама чиз ва дар ҳама аст.+ 12  Пас, ҳамчун интихобшудагони Худо,+ ки поку азизанд, ҳамдардию дилсӯзӣ,+ меҳрубонӣ, хоксорӣ,+ нармдилӣ+ ва пурсабриро+ мисли либос бипӯшед. 13  Ҳатто агар касе барои аз дигаре шикоят кардан сабаб дошта бошад,+ бо якдигар пурсабр бошед ва якдигарро аз таҳти дил бахшед.+ Чи тавре ки Яҳува шуморо аз таҳти дил бахшид, шумо низ ҳамин тавр кунед.+ 14  Лекин, илова бар ҳамаи ин, муҳаббатро бар тан кунед,+ чунки он пайванди комили ягонагист.+ 15  Ҳамчунин бигзор осоиштагии Масеҳ дар дилҳои шумо ҳукмфармо бошад,+ зеро шумо чун аъзои як бадан ба ин осоиштагӣ даъват шудаед. Сипосгузор бошед. 16  Бигзор каломи Масеҳ ба фаровонӣ дар шумо сокин бошад ва шуморо аз хирад пур созад. Минбаъд низ якдигарро бо таронаҳои Забур, сурудҳо дар васфи Худо ва сурудҳои рӯҳонии шукргузорӣ таълим диҳеду рӯҳбаланд кунед*+ ва дар дилҳоятон ба Яҳува бисароед.+ 17  Ҳар он чӣ мегӯеду мекунед, ба номи Ҳазратамон Исо бикунед ва ба воситаи ӯ Падарамон Худоро шукр гӯед.+ 18  Эй занон, ба шавҳарони худ фармонбардор бошед,+ чуноне ки ба пайравони Ҳазрат зебанда аст. 19  Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред+ ва ба онҳо дағалӣ накунед*.+ 20  Эй фарзандон, ба падару модари худ дар ҳар маврид итоат кунед,+ зеро ин ба Ҳазратамон маъқул аст. 21  Эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоред*,+ то онҳо дилшикаста нашаванд. 22  Эй ғуломон, дар ҳар маврид ба хӯҷаинҳои заминии худ итоат кунед+ ва на танҳо дар пеши назари дигарон, чун касоне, ки мехоҳанд дили одамонро ёбанд, балки аз самими дил ва бо тарси Яҳува. 23  Ҳар коре мекунед, аз ҷону дил кунед, мисли он ки барои Яҳува бошад,+ на барои одамон, 24  зеро медонед, ки аз Яҳува меросро мукофот мегиред.+ Ба Хӯҷаинамон Масеҳ чун ғулом хизмат кунед. 25  Бешубҳа, касе, ки бадӣ мекунад, барои бадияш ҷазо мегирад,+ зеро Худо ба ҳама бо як чашм менигарад.+

Поварақҳо

Ё «аъзои бадани».
Ё «бадахлоқии ҷинсӣ». Ниг. ба луғат, ба калимаи «зино».
Дар он замонҳо скифҳоро мардуми дур аз маданият мешумориданд.
Ё «насиҳат диҳед».
Ё «ғазабатонро бар сарашон нарезед».
Ё «асабонӣ накунед».