Ҳабаққуқ 1:1-17
1 Ин аст паёме, ки пайғамбар Ҳабаққуқ* дар рӯъё дид:
2 То кай, эй Яҳува, ман фарёд зада мадад мепурсаму ту намешунавӣ?+
То кай аз зӯроварӣ халосӣ металабаму ту коре намекунӣ*?+
3 Чаро мегузорӣ, ки бадкориро бубинам?
Чаро зулму ситамро тоқат мекунӣ?
Чаро тороҷу зӯроварӣ пеши чашми ман астВа дар ҳама ҷо ҷангу ҷанҷол аст?
4 Шариат қуввату эътиборашро гум кардаастВа адлу инсоф ба ҷо оварда намешавад.
Бадкор росткорро ба танг меорадВа адлро таги по мекунанд.+
5 «Ба халқҳо нигаред ва диққат диҳед,Бубинед ва ҳайрон шавед,Зеро дар рӯзҳои шумо чизе рӯй медиҳад,Ки, агар онро ба шумо мегуфтанд, боваратон намеомад.+
6 Инак, ман калдониён,Халқи сангдилу бадхашмеро, бармехезонам,+Ки паҳнои заминро гузашта,Хонаҳои дигаронро соҳиб мешаванд.+
7 Онҳо воҳиманоку тарсоварандВа танҳо қонуну ҳокимияти* худро писанд мекунанд.+
8 Аспҳои онҳо аз паланг тезтарВа худашон аз гургҳои шаб бадхашмтаранд.+
Аспҳои ҷангии онҳо пеш медаванд,Аспҳои онҳо аз дуриҳо меоянд.
Онҳо мисли уқобе, ки сӯйи туъмааш мешитобад, парида меоянд.+
9 Ҳамаи онҳо барои зӯроварӣ меоянд.+
Онҳо якҷоя мисли боди шарқиянд+Ва асиронро мисли рег ҷамъ меоранд.
10 Онҳо подшоҳонро масхара мекунандВа сарваронро хандахариш менамоянд.+
Онҳо қалъаҳоро дида писханд мезананд+Ва хоктӯда барпо карда, онро забт мекунанд,
11 Сипас мисли шамол аз он замин мегузаранд.
Аммо онҳо гунаҳгор мешаванд,+Чунки қуввати худро аз худои худ медонанд*».+
12 Магар ту, эй Яҳува, аз азал нестӣ?+
Эй Худои ман, эй Худои Покам, ту миранда нестӣ*.+
Эй Яҳува, ту онҳоро таъйин кардӣ, ки ҳукматро ба ҷо оранд,Эй Кӯҳпораи+ ман, онҳоро барои ҷазо додан интихоб кардаӣ.+
13 Чашмони ту чунон поканд, ки ба бадӣ наменигарӣВа бадкориро тобу тоқат надорӣ.+
Пас, чаро хиёнаткорро тоқат мекунӣ+Ва, вақте бадкор одами аз худаш росткортарро фурӯ мебарад, хомӯш мемонӣ?+
14 Барои чӣ одамизодро мисли моҳиёни баҳр мекунӣ,Мисли хазандагоне, ки сарвар надоранд?
15 Ӯ* ҳамаи онҳоро бо шасти моҳигирӣ мекашад,Онҳоро бо тӯр меқапад,Дар тӯри моҳигирияш ҷамъ меорадВа аз ин хурсандии бисёр мекунад.+
16 Барои ҳамин вай ба тӯри худ қурбониҳо меорад,Ба тӯри моҳигирияш дуд мебарорад,Чунки аз онҳо ҳиссаи ӯ серравған ва хӯрокаш серғизост.
17 Наход ӯ доимо тӯри худро паҳн кунад*?
Наход бераҳмона халқҳоро куштан гирад?+
Поварақҳо
^ Эҳтимол, маънояш «оғӯши гарм».
^ Ё «наҷот намедиҳӣ».
^ Ё «шукӯҳи».
^ Ё, эҳтимол, «Чунки қуввати онҳо худои онҳост».
^ Ё, эҳтимол, «мо намемирем».
^ Яъне душмани калдонӣ.
^ Ё, эҳтимол, «шамшер кашад».