Ҳаҷҷай 1:1-15
1 Дар соли дуюми подшоҳ Дориюш*, дар рӯзи якуми моҳи шашум, Яҳува ба воситаи пайғамбар Ҳаҷҷай*+ ба Зарубобили+ писари Шаалтиил, ҳокими Яҳудо, ва Юшаи саркоҳин, писари Юсодоқ, паём фиристода гуфт:
2 «Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Ин халқ мегӯяд: “Ҳоло вақти сохтани хонаи Яҳува наомадааст”».+
3 Яҳува боз ба воситаи пайғамбар Ҳаҷҷай+ паём фиристода гуфт:
4 «Магар вақти он аст, ки шумо дар хонаҳои чӯбкорӣ зиндагӣ кунед, дар ҳоле ки хонаи ман вайрон аст?+
5 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Ба корҳои худ аҳамият диҳед.
6 Бисёр кишт мекунед, вале кам медаравед.+ Мехӯред, вале сер намешавед. Менӯшед, аммо на ба қадри кофӣ. Мепӯшед, лекин гарм намешавед. Мардикорӣ мекунед, аммо муздатонро ба ҳамёни пур аз сӯрох мегузоред”.
7 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Ба корҳои худ аҳамият диҳед*.
8 Ба кӯҳ баромада, чӯб биёред.+ Ва хонаи маро бино кунед,+ то ман хурсанд шавам ва ҷалол ёбам,+— мегӯяд Яҳува.—
9 Чизи бисёрро интизор мешавед, вале кам мегиред, онро хона меоред, вале ман онро пуф карда пароканда месозам.+ Барои чӣ? — мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.— Барои он ки шумо бо кори хонаи худ саргардонед, ҳол он ки хонаи ман вайрона аст.+
10 Барои ҳамин осмон шабнамашро аз шумо дареғ доштааст ва замин ҳосилашро боздоштааст.
11 Ман бар замину кӯҳҳо хушкӣ фиристодам, аз ин рӯ ба ғалла, шароби нав, равған ва он чизе, ки аз замин мерӯяд, қаҳтӣ омад ва шумою чорпоёнатон азоб мекашед ва меҳнати дастатон бебарака аст”».
12 Зарубобили+ писари Шаалтиил,+ Юшаи саркоҳин, писари Юсодоқ,+ ва тамоми халқ ба овози Яҳува Худои худ ва суханони пайғамбар Ҳаҷҷай гӯш доданд, зеро ӯро Худояшон Яҳува фиристода буд. Ҳамин тавр дар дили халқ тарси Яҳува бедор шуд.
13 Сипас Ҳаҷҷай, пайғамбари Яҳува, мувофиқи супорише, ки Яҳува ба ӯ дод, ба халқ чунин гуфт: «Яҳува мегӯяд: “Ман бо шумо ҳастам”».+
14 Яҳува Зарубобили писари Шаалтиил, ҳокими Яҳудо,+ Юшаи+ саркоҳини писари Юсодоқ ва тамоми халқро ташвиқ кард,+ ки омада, кори хонаи Худояшон Яҳува, Худои лашкарҳоро, сар кунанд.+
15 Ин воқеа рӯзи 24-уми моҳи шашум, дар соли дуюми подшоҳ Дориюш,+ рӯй дод.
Поварақҳо
^ Яъне Дориюши I ё Дориюши Бузург.
^ Маънояш «он кӣ дар ид зода шудааст».
^ Ё «дилҳоятонро нигаронед».