Ҳизқиёл 17:1-24
17 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт:
2 «Эй фарзанди одам, дар бораи хонадони Исроил чистон ва масале бигӯ.+
3 Бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Уқоби калоне,+ ки қанотҳои бақувват, болҳои дароз ва парҳои ранга дошт, ба Лубнон+ омада, нӯги дарахти сидраро канд.+
4 Ӯ навдаи аз ҳама баланди онро канда, ба замини Канъон* овард ва дар шаҳри савдогарон гузошт.+
5 Сипас аз тухмии он кишвар* гирифта, дар замини ҳосилхез кошт.+ Ӯ онро чун дарахти бед назди обҳои бисёр шинонд.
6 Он сабзида, токи васеи пастқомате шуд,+ ки баргҳояш сӯйи худаш буданд ва решаҳояш дар зераш паҳн мешуданд. Он дарахти токе гашта, навда бароварду шоха паҳн кард.+
7 Сипас уқоби калони дигаре омад,+ ки қанотҳои бақуввату болҳои дароз дошт.+ Он вақт ин дарахти ток бо майли тамом решаҳояшро сӯйи вай, берун аз ҷӯякҳое, ки дар он шинонда шуда буд, паҳн кард ва шоху баргҳояшро сӯйи вай гардонд, то уқоб онро сероб кунад,+
8 ҳол он ки аллакай дар замини хуб, назди ҷӯйҳои сероб шинонда шуда буд, то шоха барорад, самар орад ва токи боҳашамате шавад”.+
9 Чунин бигӯ: “Парвардигор Яҳува мегӯяд: “Магар он нашъунамо мекунад? Не. Решаҳои онро мекананд,+ меваҳояшро мепӯсонанд ва навдаҳояшро пажмурда месозанд.+ Он чунон хушк мешавад, ки барои решакан карданаш на дасти пурзӯр лозим мешаваду на одами бисёр.
10 Оё он дар ҷойи дигаре, ки шинонда шуд, нашъунамо мекунад? Магар, вақте боди шарқӣ бивазад, хуп-хушк намешавад? Он дар ҷӯяке, ки нумӯ мекард, хушк мегардад”».
11 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт:
12 «Ба ин хонадони саркаш чунин бигӯ: “Оё фаҳмидед, ки ин чӣ маъно дорад?” Бигӯ: “Шоҳи Бобил ба Ерусалим омада, подшоҳу мирони онро бо худ ба Бобил бурд.+
13 Ӯ ҳамчунин якеро аз насли подшоҳ гирифта,+ бо ӯ аҳд баст ва ӯро қасам дод.+ Сипас ӯ калоншавандагони он заминро бо худ бурд,+
14 то мамлакат сарпаст шуда, қомат рост накунад ва танҳо бо риояи аҳди ӯ устувор бимонад.+
15 Аммо он шоҳ ниҳоят бар зидди ӯ исён бардошта,+ ба Миср хабаррасононро фиристод, то аспу+ лашкари+ бисёре биёранд. Оё ӯ комёб мешавад? Наход касе, ки ин корҳоро мекунад, бе ҷазо монад? Наход ӯ аҳдро шиканаду ҷон ба саломат барад?+
16 Ба ҳаёти худ қасам ки,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,— ӯ дар Бобил мемирад, дар макони зисти подшоҳе*, ки ӯро* подшоҳ таъйин карда буд, вале ӯ қасамашро шикаста, аҳдашро поймол кард.+
17 Дар ҷанг, вақте барои муҳосира хокрезҳову* ҳисорҳо бардоранд, то бисёриҳоро нобуд созанд, аз лашкари бузургу ҷанговарони сершумори фиръавн фоидае нахоҳад буд.+
18 Ӯ қасамашро шикаста, аҳдашро поймол кард. Даст дода бошад ҳам, ҳамаи ин корҳоро кард, аз ин рӯ ҷон ба саломат намебарад.
19 Бинобар ин Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ба ҳаёти худ қасам ки, азбаски ӯ қасами маро шикаст+ ва аҳдамро поймол кард, ман оқибати талхи рафторашро ба сараш меорам.
20 Ман бар ӯ тӯр меандозам ва ӯ ба тӯрам меафтад.+ Ман ӯро ба Бобил меорам ва барои ба ман бевафоӣ карданаш ӯро дар мурофиа айбдор месозам.+
21 Ҳамаи гурезагони лашкараш аз дами шамшер мемиранд, боқимондагон бошанд, ба ҳар тараф пароканда мешаванд.+ Он вақт мефаҳмед, ки инро ман, Яҳува, гуфтам”.+
22 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман аз нӯги сидраи баланд навдае+ гирифта, онро мешинонам. Ман аз нӯги шохаҳои он навдаи тару тозаеро+ канда, худам онро дар кӯҳи баланди сарбафалаке мешинонам.+
23 Ман онро бар кӯҳи баланди Исроил мешинонам. Шохаҳои он паҳн мешавад ва он самар оварда, сидраи пуршукӯҳ мегардад. Ҳар навъ паранда дар зери он сокин мешавад ва дар сояи баргҳояш паноҳ меёбад.
24 Он вақт ҳамаи дарахтони саҳро мефаҳманд, ки ман, Яҳува, дарахти баландро сарпаст ва дарахти пастро сарбаланд гардондаам.+ Ман дарахти сарсабзро хушк кардааму дарахти хушкро сабзу хуррам.+ Ман, Яҳува, инро гуфтам ва ба амал овардам”».
Поварақҳо
^ Ё «замини савдогарон».
^ Аз афташ, замини Яҳудо.
^ Яъне Набукаднесар.
^ Яъне Сидқиёҳуро.