Ҳизқиёл 3:1-27
3 Сипас ӯ ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, он чиро, ки пешат гузошта шудааст, бихӯр. Ин дастхатро бихӯр ва рафта, бо хонадони Исроил сухан бигӯ».+
2 Ман даҳонамро кушодам ва ӯ он дастхатро ба ман хӯронд.
3 Ӯ боз ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, дастхатеро, ки ба ту медиҳам, бихӯр ва шикаматро аз он пур кун». Ман онро хӯрдан гирифтам ва он дар даҳонам асал барин ширин шуд.+
4 Ӯ ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, назди хонадони Исроил бирав ва суханони маро ба онҳо бирасон.
5 Ту сӯйи халқе фиристода намешавӣ, ки гуфторашон нофаҳмову забонашон бегона бошад, балки сӯйи хонадони Исроил фиристода мешавӣ.
6 Агар туро сӯйи халқҳои зиёде мефиристодам, ки гуфторашон нофаҳмо ва забонашон бегонаву ноошност, онҳо ба гапат гӯш медоданд.+
7 Аммо халқи Исроил ба сухани ту гӯш намеандозад, чунки онҳо ба сухани ман гӯш андохтан намехоҳанд.+ Тамоми хонадони Исроил мардуми хираву якрав аст.+
8 Аз ин рӯ ман туро низ мисли онҳо якрав* ва пешониятро мисли пешонии онҳо сахт кардаам.+
9 Ман пешонии туро мисли алмос кардаам ва аз санги чақмоқ сахттар гардондаам.+ Аз онҳо натарс ва ҳаросон нашав,+ зеро онҳо хонадони саркашанд».
10 Сипас ӯ ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, ба ҳама суханоне, ки ба ту мегӯям, гӯш деҳ ва онҳоро дар дилат ҷо деҳ.
11 Назди асирони халқат+ рафта, бо онҳо сухан бигӯ. Хоҳ ба гапат гӯш диҳанд, хоҳ не, ба онҳо бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд”».+
12 Сипас рӯҳе маро боло бардошт+ ва аз қафои худ овози баланди гулдурросиро шунидам, ки чунин гуфт: «Бигзор ситоиши ҷалоли Яҳува аз маконаш бархезад».
13 Ба гӯшам садои ба ҳам бархӯрдани болҳои ҷонзодҳо,+ садои чархҳое, ки назди онҳо буд,+ ва садои гулдурроси азим мерасид.
14 Рӯҳ маро бардошта бурд ва ман бо ғамгиниву ғазаб мерафтам ва дасти пурқуввати Яҳува бар ман қарор гирифт.
15 Ҳамин тавр ман ба Тал-Абиб, сӯйи халқи асир, ки назди дарёи Кабар мезист,+ рафтам ва дар он ҷо мондам. Ман гарангу ҳайратзада+ ҳафт рӯз дар миёни онҳо будам.
16 Дар охири ҳафт рӯз аз ҷониби Яҳува ба ман чунин паём омад:
17 «Эй фарзанди одам, ман туро бар хонадони Исроил дидбон таъйин кардаам.+ Вақте аз даҳони ман паёме шунавӣ, онро ба мардум бирасон.+
18 Агар ман ба бадкоре бигӯям: “Ту ҳатман мемурӣ!”, аммо ту ӯро огоҳ накунӣ ва чизе ба вай нагӯӣ, то аз роҳи бадаш гардаду зинда монад,+ ӯ аз сабаби бадкориву хатокории худ мемирад,+ вале хуни ӯро ман аз ту талаб мекунам.+
19 Аммо, агар ту бадкорро огоҳ куниву ӯ аз бадкориву роҳи бади худ нагардад, ӯ аз сабаби гуноҳаш мемирад, вале ту ҷонатро халос мекунӣ.+
20 Вақте росткоре аз роҳи рост гашта, ба бадкорӣ даст занад, ман пеши роҳи ӯ санги пешпо мегузорам ва ӯ мемирад.+ Агар ту ӯро огоҳ накарда бошӣ, ӯ барои гуноҳи худ мемирад ва корҳои некаш ба ёд оварда намешаванд, вале хуни ӯро ман аз ту талаб мекунам.+
21 Аммо, агар ту росткорро огоҳ кунӣ, ки аз гуноҳ дур шавад ва ӯ ҳамин тавр кунад, ӯ ҳатман зинда мемонад, чунки огоҳ карда шуд+ ва ту ҳам ҷони худро халос мекунӣ».
22 Дасти Яҳува дар он ҷо бар ман ниҳода шуд ва ӯ ба ман гуфт: «Бархеста, сӯйи водӣ бирав ва ман бо ту дар он ҷо гап мезанам».
23 Ман бархеста, сӯйи водӣ рафтам ва дар он ҷо ҷалоли Яҳуваро дидам,+ ки мисли ҷалоле буд, ки назди дарёи Кабар дида будам.+ Вақте онро дидам, рӯ ба замин афтодам.
24 Сипас рӯҳ дар ман дохил шуда, маро ба по хезонид+ ва Худо ба ман гуфт:
«Бирав ва худатро дар хонаат маҳкам кун.
25 Эй фарзанди одам, онҳо туро бо танобҳо бандубаст мекунанд, то дар байнашон нагардӣ.
26 Ман забонатро ба комат мечаспонам, то гунг шавӣ ва онҳоро насиҳат карда натавонӣ, зеро онҳо хонадони саркашанд.
27 Вале, вақте бо ту гап занам, даҳонатро мекушоям ва ту ба онҳо бигӯ:+ “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд”. Ҳар кӣ ба гапат гӯш додан хоҳад, бигзор гӯш диҳад+ ва ҳар кӣ гӯш додан нахоҳад, гӯш надиҳад, зеро онҳо хонадони саркашанд.+
Поварақҳо
^ Дар матни асл «рӯйи туро мисли рӯйи онҳо сахт».