Ҳизқиёл 44:1-31
44 Ӯ маро назди дарвозаи берунии муқаддасгоҳ, ки рӯ бар шарқ буд,+ баргардонд, вале он маҳкам буд.+
2 Он гоҳ Яҳува ба ман гуфт: «Ин дарвоза маҳкам мемонад. Он кушода намешавад ва ягон инсон аз он намедарояд. Яҳува, Худои Исроил, аз он даромадааст,+ аз ин рӯ он бояд маҳкам бимонад.
3 Вале сарвар он ҷо мешинад, то ба ҳузури Яҳува нон хӯрад,+ зеро ӯ сарвар аст. Ӯ аз даҳлези дарвоза даробаро хоҳад кард».+
4 Сипас ӯ бо дарвозаи шимолӣ маро ба пеши ибодатгоҳ овард. Ман нигоҳ кардам ва дидам, ки ҷалоли Яҳува ибодатгоҳи Яҳуваро пур кардааст.+ Он гоҳ ман рӯ ба замин афтодам.+
5 Яҳува ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, ба ҳар он чизе, ки дар бораи фармудаву қонунҳои ибодатгоҳи Яҳува ба ту бигӯям, диққат деҳ, нигоҳ кун ва нағзакак гӯш деҳ. Ба даромадгоҳи ибодатгоҳ ва ҳамаи баромадгоҳҳои муқаддасгоҳ бодиққат назар кун.+
6 Ба хонадони саркаши Исроил бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Эй хонадони Исроил, ман аз корҳои нафратоваратон сер шудаам!
7 Вақте бегонагонеро, ки дилу ҷисмашон хатна нашудааст, ба муқаддасгоҳам меоред, онҳо ибодатгоҳи маро нопок месозанд. Шумо хӯроки маро, чарбу ва хунро, ба ман пешкаш мекунед ва ҳамзамон бо корҳои нафратоваратон аҳди маро мешиканед.
8 Шумо чизҳои муқаддаси маро нигоҳубин накардед,+ балки дигаронро таъйин намудед, ки дар муқаддасгоҳам ин корҳоро ба ҷо оранд”.
9 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ягон бегона дар Исроил, ки дилу ҷисмаш хатна нашудааст, набояд ба муқаддасгоҳам дохил шавад.
10 Вақте Исроил аз ман дур шуда, аз пайи бутҳои ҳаромаш* равона шуд, левизодагон низ аз ман дур шуданд,+ аз ин рӯ онҳо бори гуноҳи худро хоҳанд бардошт.
11 Баъд аз ин онҳо хизматгузори муқаддасгоҳи ман мешаванд, то дарвозаҳои ибодатгоҳро нигаҳбонӣ кунанд+ ва дар ибодатгоҳ хизмат намоянд. Онҳо барои халқ қурбонии сӯхтанӣ ва дигар қурбониҳоро сар мебуранд ва дар пеши халқ истода, ба онҳо хизмат мекунанд.
12 Азбаски онҳо ба халқ дар пеши бутҳои ҳаромашон хизмат карданд ва барои хонадони Исроил санги пешпо шуда, онҳоро ба гуноҳ тела доданд,+ ман дасти худро бардошта, қасам хӯрдам, ки онҳо бори гуноҳи худро мебардоранд,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
13 Онҳо ба ҳузури ман коҳин хизмат намекунанд ва ба ягон чизи муқаддасу хеле муқаддасам наздик намешаванд. Онҳо барои корҳои нафратоварашон бори шармандагии худро мебардоранд.
14 Вале ман нигоҳубини ибодатгоҳро бар дӯши онҳо мегузорам, то хизмати онро бикунанд ва ҳар кори лозимаро дар он ба ҷо оранд.+
15 Вақте исроилиён аз ман дур шуданд,+ коҳинони левизода, писарони Содӯқ,+ вазифаҳои худро дар муқаддасгоҳам иҷро мекарданд, барои ҳамин онҳо наздик омада, ба ман хизмат мекунанд ва ба ҳузурам истода, чарбуву+ хун+ пешкаш менамоянд,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
16 Онҳо ба муқаддасгоҳи ман дохил мешаванд, ба мизам наздик шуда, ба ман хизмат мекунанд+ ва вазифаҳои худро пеши ман ба ҷо меоранд.+
17 Ҳар гоҳ ки онҳо ба дарвозаҳои саҳни дарунӣ дароянд, бояд либоси катон дошта бошанд.+ Ҳангоми хизмат кардан дар даруни дарвозаҳои саҳни дарунӣ ё дар дохил набояд либоси пашмӣ пӯшанд.
18 Онҳо бояд саллаи катон ва эзори катон дар бар кунанд.+ Онҳо набояд либосе пӯшанд, ки дар он кас арақ мекунад.
19 Пеш аз он ки ба саҳни берунӣ бароянд, ба саҳне, ки мардум он ҷост, онҳо бояд либосеро, ки ҳангоми хизмат дар тан доштанд, бикашанд+ ва онро дар ҳуҷраҳои* муқаддас бимонанд.+ Онҳо бояд либоси дигарро дар бар кунанд, то покияшон аз либосашон ба дигарон нагузарад.
20 Онҳо набояд сарашонро тарошанд+ ё мӯяшонро дароз кунанд, балки онро қайчӣ зананд.
21 Ҳангоми ба саҳни дарунӣ даромадан коҳинон набояд шароб нӯшанд.+
22 Онҳо набояд бевазан ё зани ҷудошударо ба занӣ гиранд.+ Зани коҳин бояд ё духтари бокирае аз халқи Исроил бошад, ё бевазани коҳини дигаре.+
23 Онҳо бояд фарқи миёни чизи муқаддасу одӣ ва поку нопокро ба халқам таълим диҳанд,+
24 дар мурофиа довар бошанд+ ва мувофиқи ҳукмҳои ман доварӣ кунанд,+ қонунҳову фармудаҳои маро дар бораи тамоми идҳо иҷро кунанд+ ва шанбеҳоямро муқаддас доранд.
25 Онҳо набояд ба ҷасаде наздик шаванд, вагарна нопок мегарданд, вале ба хотири падар, модар, писар, духтар, бародар ё хоҳаре, ки шавҳар накардааст, метавонанд худро нопок созанд.+
26 Пас аз пок шудани коҳин ҳафт рӯз шумурдан лозим аст ва баъд аз ин ӯ метавонад хизматашро давом диҳад.
27 Дар рӯзе ки ӯ ба ҷойи муқаддас, ба саҳни дарунӣ, дарояд, то дар он ҷо хизмат кунад, бояд барои худ қурбонии гуноҳ орад,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
28 Мероси онҳо чунин аст: ман мероси онҳо ҳастам.+ Дар Исроил ба онҳо мулке надиҳед, зеро ман мулки онҳо ҳастам.
29 Онҳо аз ҳадияи ғалла,+ қурбонии гуноҳ ва қурбонии айб мехӯранд.+ Ҳар чизе, ки дар Исроил ба Худо бахшида шудааст, аз они онҳо мешавад.+
30 Навбари беҳтарини ҳосил ва ҳар навъ хайрияҳоятон аз они коҳинон мешавад.+ Навбари ғаллаи нимкӯфтаатонро ба коҳин диҳед.+ Агар чунин кунед, бар хонадонатон баракат меояд.+
31 Коҳинон набояд паранда ё ҳайвони ҳароммурда ё даридаеро бихӯранд.+
Поварақҳо
^ Калимаи иброние, ки ин ҷо «ҳаром» тарҷума шудааст, эҳтимол, бо калимаи «саргин» (ахлот) ҳамреша буда, барои баён кардани нафрат истифода шудааст.
^ Ё «ошхонаҳои».