Ҳизқиёл 46:1-24

  • Ҳадияву қурбониҳои гуногун (1–15)

  • Мерос мондани мулки сарвар (16–18)

  • Ҷойҳои пухтани ҳадияҳо (19–24)

46  Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Дарвозаи саҳни дарунӣ, ки рӯ ба шарқ аст,+ бояд шаш рӯзи кор+ баста+ ва дар рӯзи шанбею навмоҳ кушода бошад.  Сарвар аз берун бо даҳлези дарвоза даромада,+ назди паҳлударии дарвоза меистад. Коҳинон қурбонии сӯхтанӣ ва қурбониҳои осоиштагии ӯро пешкаш мекунанд ва ӯ дар остонаи дарвоза таъзим мекунаду меравад. Дарвоза набояд то бегоҳ пӯшида шавад.  Мардуми сарзамин низ дар рӯзҳои шанбе ва навмоҳ дар даҳани ин дарвоза ба Яҳува таъзим мекунад.+  Қурбонии сӯхтание, ки сарвар дар рӯзи шанбе ба Яҳува пешкаш мекунад, бояд шаш барраи нари солим ва як қӯчқори солим бошад.+  Ҳадияи ғаллае, ки ӯ бо қӯчқор меорад, бояд як эфа* бошад, бо барраҳои нар бошад, ҳар қадаре тавонад, ғалла* бидиҳад ва бо ҳар эфа як ҳин* равған орад.+  Дар рӯзи навмоҳ ҳадия бояд як буққаи ҷавони* солиме аз пода, шаш барраи нар ва як қӯчқор бошад — ин чорпоён бояд солим бошанд.+  Барои ҳадияи ғалла ӯ бояд бо буққаи ҷавон як эфа, бо қӯчқор як эфа ва бо барраҳои нар, ҳар қадаре тавонад, ғалла диҳад. Бо ҳар эфа ӯ бояд як ҳин равған биёрад.  Сарвар бояд аз даҳлези дарвоза дарояд ва бо ҳамон роҳ барояд.+  Вақте мардуми сарзамин дар идҳо ба ҳузури Яҳува ояд,+ онҳое, ки аз дарвозаи шимолӣ+ барои парастиш медароянд, аз дарвозаи ҷанубӣ+ бароянд ва онҳое, ки аз дарвозаи ҷанубӣ медароянд, аз дарвозаи шимолӣ бароянд. Касе набояд аз ҳамон дарвозае, ки даромадааст, барояд, балки аз дарвозаи муқобил берун равад. 10  Сарвар, ки дар миёни онҳост, бояд баробари онҳо дарояд ва баробари онҳо барояд. 11  Дар вақти идҳо ва ҷашнвораҳо барои ҳадияи ғалла бо буққаи ҷавон як эфа, бо қӯчқор як эфа ва бо барраҳои нар, ҳар қадаре тавонад, ғалла диҳад ва бо ҳар эфа як ҳин равған биёрад.+ 12  Агар сарвар барои ҳадияи ихтиёрӣ ба Яҳува қурбонии сӯхтанӣ+ ё қурбониҳои осоиштагӣ орад, дарвозаеро, ки рӯ ба шарқ аст, бояд барояш кушоянд ва ӯ қурбонии сӯхтаниву қурбониҳои осоиштагии худро чун дар рӯзи шанбе пешкаш кунад.+ Баъд аз рафтани ӯ дарвозаро бояд пӯшанд.+ 13  Ҳар рӯз барои қурбонии сӯхтанӣ ба Яҳува барраи нари яксолаи солим биёр.+ Ин корро ҳар саҳар бикун. 14  Бо он ҳар саҳар барои ҳадияи ғалла шашяк эфа биёр. Ҳамроҳаш барои ҳадияи доимии ғалла ба Яҳува сеяк ҳин равған ор, то онро бар орди маҳин бипошанд. Ин амри доимист. 15  Онҳо бояд ҳар саҳар барои қурбонии сӯхтании доимӣ як барраи нар, ҳадияи ғалла ва равған оранд”. 16  Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Агар сарвар ба ҳар як писараш ҳадияе диҳад, ин мероси писаронаш ҳисоб ёфта, аз они онҳо мешавад. Он мулки меросии онҳост. 17  Агар ӯ аз меросаш ба яке аз хизматгоронаш ҳадияе диҳад, он то соли озодӣ+ аз они вай хоҳад буд ва баъд боз аз они сарвар мешавад. Танҳо мероси писаронаш доимо аз они онҳо хоҳад буд. 18  Сарвар набояд мулки меросии мардумро кашида гирад. Ӯ танҳо аз мулки худ ба писаронаш мерос дода метавонад, то касе аз халқи ман аз мулкаш ронда нашавад”». 19  Пас аз ин ӯ маро аз даромадгоҳи+ паҳлуи дарвоза даровард. Он дарвоза сӯйи ҳуҷраҳои* муқаддаси коҳинон мебурд, ки рӯ ба шимол буданд.+ Он гоҳ ман дар пушти ҳуҷраҳо, дар тарафи ғарбӣ, ҷоеро дидам. 20  Ӯ ба ман гуфт: «Ин ҷоест, ки коҳинон қурбонии айбу қурбонии гуноҳро меҷӯшонанд ва ҳадияи ғалларо мепазанд,+ то чизеро ба саҳни берунӣ набароранд ва покӣ ба мардум нагузарад*».+ 21  Ӯ маро ба саҳни берунӣ бароварда, пайи ҳам ба чор гӯшааш бурд. Ман дидам, ки дар ҳар як гӯшаи саҳни берунӣ саҳне буд. 22  Дар чор гӯшаи саҳни берунӣ чор саҳни хурде буд, ки дарозияшон 40 газ* ва барашон 30 газ буд. Ҳар чори ин саҳнҳо* як андоза доштанд. 23  Гирдогирди ин чор саҳн деворча дошт ва дар поёни ин деворчаҳо ҷойҳо барои ҷӯшондани қурбониҳо буд. 24  Ӯ ба ман гуфт: «Дар ин хонаҳо хизматгузорони ибодатгоҳ қурбониҳои мардумро мепазанд».+

Поварақҳо

Ё «орд».
Ё «ҷувонаи; навбаси; тӯрпии».
Ё «ошхонаҳои».
Дар матни асл «мардумро муқаддас насозанд».
Ин ҷо гази дароз дар назар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Ё «Ҳар чори онҳо бо иншооти гӯшаашон».